Агар дар ноҳияи Мурғоб саршумори аспу уштур зиёд шуда бошад, дар дигар ноҳияҳо афзоиши саршумори хар, ки бачаҳо бо шӯхӣ онро «ИХ-14» меноманд, ба мушоҳида мерасад.
Ба гуфтаи муовини сардори идораи омори вилоят Мардон Мамадзиёев, гаронии нархи сӯзишворӣ ниёз ба хидмати ҳайвоноти боркашро зиёдтар карда, сабаби афзоиши саршумор гардидааст.
Гуфта мешавад, ҳанӯз чанд сол қабл хар қариб ба ҷонвари ғалатӣ дар минтақа табдил шуд, аммо ҳоло боз ниёз ба хидмати ин ҷонвар афзудааст. Сокинони маҳалли Ҷавшангози ноҳияи Роштқалъа мегӯянд, ки бо фаро расидани сармо ва хушк шудани чашмаҳо, барои интиқоли оби ошомиданӣ, ки аз онҳо дар масофаи дур воқеъ аст, агар пештар аз воситаҳои нақлиётӣ ба мисли «Нива» истифода мебурданд, айни ҳол харро воситаи камхарҷтарини ҳалли мушкилот дарёфтаанд.
Ба гуфтаи сокини деҳаи Сунҷеви ноҳияи Роштқалъа Саъдоншо Ҷанобалишоев, гарчанд деҳаи онҳо аз роҳи мошингард дар масофаи дур воқеъ мебошад, аммо солҳои қаблӣ ҷавонон кӯшиш мекарданд, ки дар бештари маворид орд ва дигар маводи мавриди ниёзи мардумро пуштора ба деҳа баранд. Вале бо афзоиши муҳоҷират ва эҳсоси камбуди қувваи корӣ, айни ҳол қариб ҳар хонаводаи деҳа соҳиби хар шудааст.
Фаромӯз Маҳрамов, як сокини деҳаи Ёгед мегӯяд, ки зарурати кашонидани алафу ҳезум аз майдонҳои фарохи Пуштиёгед онҳоро маҷбур месозад, чунин як дастёри беминнат, ки ба ҷойи бензин алаф мехӯрад, дошта бошанд.
Аммо сокинони Мурғоб, ки ҳанӯз аз камбуди шадиди барқ ранҷ мебаранд, ба таври оммавӣ ба решакан кардани тезкан-намуди паҳншудатарини рустании бисёрсолаи минтақа даст мезананд. Вале дар кошонидани тезкан аз пуштаҳо ҳар чӣ бештар ба ҷойи дучарха ва чорчарха ба хидмати хару асп рӯ меоранд. Аммо дар кашодани бору васоили қароргоҳҳои чӯпонӣ аз як ҷо ба ҷойи дигар, чорвопарварони Мурғоб бештар аз нерӯи асп истифода мекунанд ва ин яке аз сабабҳои афзоиши саршумори асп дар ноҳия шудааст.
Вале сокини ноҳия Абдуҷаббор Соҳибов мегӯяд, ки тибқи як барномаи вижаи рушди асппарварӣ, ки аз тарафи ташкилоти фаронсавӣ маблағгузорӣ мешавад, ҳамасола дар ноҳия сабқати аспдавонӣ баргузор ва ғолибон бо мукофотҳои қиматбаҳо қадр шуда, хоҳишмандони ширкат дар ин сабқат аспҳои зотиро дар Қирғизистон харид ва ба ноҳия ворид мекунанд.
Дар ҳамин ҳол бархе аз сокинон, ки хари хуб доранд, орзуи ба ивази ин ҷонвар соҳиби автомашина гардиданро дар дил мепарваранд. Зеро тибқи овозаҳо сокинони деҳоти дурдасти ноҳияи Ванҷ, ки ба нерӯи корӣ барои кошондани алафу ҳезум аз адирҳо эҳтиёҷ доранд, тайёранд, автомашинаҳои кӯҳнашудаи «Нива»-ро ба хари хуб иваз кунанд. Аммо сокини ноҳия Назрулло Илёсов мегӯяд, ки бо гов иваз кардани харро бо чашмони худ дидааст, вале ба гумон аст, ки касе бихоҳад бар ивази хари боркашон худро аз автомашина маҳрум созад.
Дар ҳамин ҳол тайи рӯзҳои охир нархи сӯзишворӣ дар минтақа каме поин омада, коҳи сабз баръакс қиммат шуда, як килограми он дар бозор ба 4 сомонӣ мерасад ва қариб ба 60 дар сади нархи сӯзишворӣ баробар мешавад.
Аммо коршиносон мегӯянд, ки агар болоравии нархи коҳи сабз таъсири хушксолӣ буда, боришоти зиёди имсола аз фаровонии алаф навид медиҳад, вале маълум нест, ки нархи сӯзишвории воридотӣ дар оянда чӣ гуна тағъйир хоҳад кард. Аз ин рӯ мардум ба ҷонварони боркаш, ки ба ҷойи бензин алаф талаб мекунанд, ҳар чӣ бештар эътимод мебанданд.