Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарез кӯли бехатар аст


Кӯли Сарез дар баландии бештар аз 3000 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст
Кӯли Сарез дар баландии бештар аз 3000 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст

Ширкатҳои сайёҳии Бадахшон тақозо кардаанд, ки кӯли Сарез минтақаи сайёҳӣ эълон шуда, маҳдудияти сафари хориҷиён ба ин мавзеи хушманзар лағв гардад.

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки пас аз ҷорӣ шудани маҳдудияти сафари хориҷиён ба Сарез ба далелҳои амниятӣ дар соли 1999, шумораи ҷаҳонгардоне, ки аз он дидан мекунанд, ба поинтарин ҳад расидааст.

Роҳбари ширкати сайёҳии «Сарез-травел» Нурмуҳаммад Розиқов бо ҳимоят аз ақидаи бекор кардани маҳдудияти сафари хориҷиён ба Сарез гуфт, конфронси дувуми байналмиллалӣ оид ба ҳалли мушкилоти Сарез чанд сол пеш дар Душанбе бар пояи таҳқиқоти ҳафтсолаи мутахассисон эълом дошт, ки кӯл бо хатари рахнашавӣ рӯбарӯ нест. Вале, бо вуҷуди ин, гуфт ҷаноби Розиқов, ҳукумати кишвар ҳанӯз ҳам ба далели хатари эҳтимолии канда шудани сарбанди Сарез маҳдудияти сафари шаҳрвандони хориҷиро ба соҳилҳои ин кӯл бекор накардааст ва ин маҳдудият боиси маҳрум мондани ширкатҳои сайёҳии вилоят аз манбаи даромад гаштааст.

Ҷаноби Розиқов афзуд: «танҳо ба ширкати сайёҳие, ки ман роҳбарӣ мекунам, дар муддати ду моҳи охир аллакай зиёда аз 30 нафар сайёҳи хориҷи кишвар бо дархост муроҷиат карданд , ки мехоҳанд баҳору тобистони имсол ба кӯли Сарез сафар кунанд, аммо ҷавоби рад дода гуфтем, ки онҳо бояд иҷозатномаи махсус дошта бошанд.»


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:24 0:00
Линки мустақим


Намояндагони ширкатҳои дигари сайёҳӣ низ мегӯянд, хоҳишмандони сафар ба кӯли Сарез зиёданд, аммо наметавонанд, ин орзуи худро амалӣ созанд.

Ба гуфти Давлат Абдураҳмонов, сардори шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Бадахшон, кӯли Сарез ба феҳрасти иншооти махсуси ҳифзшаванда шомил аст ва шаҳрвандони хориҷӣ танҳо бо иҷозатномаи махсуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ ба Сарез сафар карда метавонанд.

Аммо, бинобар мушоҳидаи коршиноси риштаи сайёҳӣ Шагарф Муллоабдолов, бо ҷорӣ шудани маҳдудияти сафар шумораи сайёҳони хориҷие, ки барои тамошои Сарез меоянд, сол ба сол ба таври чашмгир коҳиш меёбад. Вай баён дошт: «барои шаҳрвандони хориҷӣ шаффофият низ муҳим аст. Онҳо ҳеҷ фаҳмида наметавонанд, ки чаро барои сафар ба кӯле, ки дар минтақаи Помир ҷойгир аст, онҳо бояд дар ҷойи дигар иҷозатнома гиранд. Бисёр сайёҳон аз тариқи Қирғизистон ва Чину Афғонистон ба вилоят меоянд ва баъд ба Сарез рафтан мехоҳанд, вале чун мефаҳманд, ки аз марказ бояд иҷозат гиранд, аз раъйи сафар ба ин кӯл мегарданд.»


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:25 0:00
Линки мустақим


Роҳбари ширкати сайёҳии «Сарез-травел» Нурмуҳаммад Розиқов мегӯяд, ки бо маблағгузори ҳукумати Ҷопон роҳи самти Сарез бозсозӣ шуда, аз маҳали Барчидев то Сарез роҳи пиёдагарди хуби 1, 8 километра сохта шудааст. Аммо ба сабаби кам будани ҷаҳонгардоне, ки ба кӯл рафтан мехоҳанд, зербинои истироҳатӣ ва хидматрасонӣ дар ин ҷо рушд накардааст. Минтақаи сайёҳӣ эълон шудани Сарез ба афзоиши хоҳишмандони сафар ба ин ҷо ва ҳамчун натиҷа зиёд шудани даромади буҷаи маҳалу коҳиши сатҳи камбизоатӣ мусоидат хоҳад кард.

Вай гуфт: "буҷаи ҷамоати деҳоти Савноб, ки Сарез дар ҳудуди он ҷойгир аст, соли гузашта ба 208 ҳазору 500 сомонӣ баробар буд. Ҳисоб кардем, ки агар баҳору тобистон ҳадди ақал 200 сайёҳро ба ин ҷо барем, ба инфрасохтори маҳал, ки ба хизматрасонӣ машғул ҳастанд, қариб 500 ҳазор сомонӣ ва ё бештар аз ду маротиба маблағ ворид мешавад. Сайёҳоне, ки меоянд, ба манзилҳои сукунатӣ ниёз доранд, хароҷоти нақлиётӣ пардохт мекунанд, маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунармандии сокинонро мехаранд, ба истифодаи ҳайвоноти боркаш ниёз доранд ва ҳамаи ин пул аст."


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:01 0:00
Линки мустақим


Сарез кӯлест, ки дар натиҷаи заминларзаи шадиди моҳи феврали соли 1911 ва баста шудани маҷрои руди Мурғоб ба вуҷуд омадааст. Кӯл, бо захираи беш аз 17 миллиард метри мукааб оби тозаи ошомиданӣ, дар баландии бештар аз 3000 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифта, бархе аз муҳаққиқон онро «нозанини кӯҳистон» ва бархеи дигар «аждаҳои хуфта» унвон кардаанд.
XS
SM
MD
LG