Бино ба хабари навбатдори ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Бадахшон Қурбонмамадшо Мирзошоев, корманди хадамотии оташнишонии шаҳри Хоруғ Афзалшо Шосафоев субҳи рӯзи 19-уми март ҳангоми ба кор рафтан зери тарма монда, ҳалок шудааст.
Ҳама ҷодаҳои мунтаҳӣ ба шаҳри Хоруғ, аз ҷумла роҳ ба сӯи Мурғоб, Ишкошим ва Дарвоз масдуд шудааст. Ҳарчанд рӯзи дуввум аст, ки тарма масири Хоруғ-Душанберо бастаааст, аммо барои тоза намудани он ягон техника сафарбар нашудааст. Идораи роҳсозӣ дар муқобила бо пайомади офати табиӣ оҷизӣ мекашад.
Боришоти пайдарпайи барф бошад, ба сокинони Бадахшон хисорот ворид мекунад. Ба дунболи комилан тахрибшавии 3 манзили истиқоматӣ ва қисман хароб шудани 8 манзили дигар дар Хоруғ, тарма "автозапврака"-и Шарқ, воқеъ дар маҳаллаи Теми Хоруғро пурра хароб сохт. Ҳамчунин, зиёда аз 10 манзил дар ноҳияҳои вилоят зери тарма монда, бошандагонашгон ҷон ба саломат бурдаанд.
Ба иттилои маркази обуҳавосанҷии вилоят чунин боришоти зиёди барфу борони моҳи март дар минтақа аз соли 1969 ба ин сӯ ба мушоҳида нарасидааст. Дар он вақт ба асари боришот ва резиши тарма роҳҳои нақлиётӣ ба муддати қариб як моҳ банд гардиданд.
Дар ҳамин ҳол, қарор аст, имрӯз (19-уми март) дар Хоруғ намоиши наврӯзии аҳли маорифи вилоят баргузор шавад.