Бархе аз таҳлилгарони тоҷик мавҷи даъватҳои намояндагони Русия барои ҷорӣ кардани низоми виза бо Тоҷикистонро "фурсате барои дар тангно қарор додани мақомоти кишвар" медонанд.
Абдухолиқ Ҷӯраев, сӣ сол қабл баъд аз анҷоми 2 соли хидмати ҳарбӣ дар хоки Афғонистон ва 9 моҳи асорат дар дасти ҷангандаҳои афғон дар баробари садҳо афсару сарбоз ба қатора савор шуд. Онҳоро он замон гуфтаанд ба Қазоқистон барои ҷамъоварии ҳосили гандум мебаранд...
Иштирокдорони тоҷики рафъи оқибатҳои фоҷиаи Чернобил мегӯянд, ки гузашти сӣ сол ҳам натавонистааст, доғи ин фалокатро аз рӯҳу ҷисми онҳо ва ҳатто фарзандонашон дур бикунад.
Наздикони Сулаймон Саидов, муҳоҷири захмии тоҷик, мегӯянд, ки барои ҷарроҳии чашми рости ӯ 120 ҳазор рубл зарур будааст.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, рӯзи 5 апрел санади ҳуқуқиро дар мавриди бекор кардани 865 миллион доллар қарзи Узбакистон имзо кардааст.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон омода аст модари Оқил Шарифовро, ки барои ба навор гирифтани лаҳзаи боздошти занони ҳиҷобпӯш дастгир шудааст, қабул карда ва арзаш шунавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавулоддаи Тоҷикистон аз сокинони кишвар хостааст, ки ба далели борандагиҳои шадид дар ҳафтаи ҷорӣ аз сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
Мақомоти вазорати дифоъ мегӯянд, дар размоиши муштараки Тоҷикистону Русия асосан ҷанги рамзӣ бо гурӯҳҳое сурат хоҳад гирифт, ки қасди аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид шуданро доранд.
Саид Ҷамолиддин ва Абдуфаттоҳ, фарзандони Домулло Амриддин гуфтаанд, дар сурати озод шудан аз зиндони Багроми Афғонистон ба Тоҷикистон барнамегардананд.
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфт, ин ниҳод қасд дорад дар ояндаи наздик дар Русия намояндагии доимӣ ифтитоҳ кунад.
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, дар ин кишвар ҷашнгирии Соли нави милодӣ мамнӯъ нашудааст, балки танҳо буридани арча ва "исрофкорӣ" дар ин ҷашнро манъ кардаанд.
Раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон даъват ва пазироии Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ аз ҷониби Эронро навъе "пуштибонӣ аз террористон" унвон кард.
Расонаҳои Туркия аз тасмими Анкара барои ҷорӣ кардани виза бо Тоҷикистон ва 88 кишвари дигари дунё хабар дода ва гуфтаанд, ки ин низом тобистони соли ҷорӣ роҳандозӣ хоҳад шуд.
Раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро "шоҳи одил" хонда ва аз намозгузорон даъват кард, ки ба ӯ нофармонӣ накунанд.
Дар остонаи 20-умин солгарди қатли Муҳиддин Олимпур, хабарнигори бахши форсии Радиои Би-би-сӣ дар қароргоҳи сафири Бритониё дар Душанбе намоиши аксҳои ӯ баргузор шуд.
24 сол қабл раҳбарони Русия, Белорус ва Украина Созишномаи таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)-ро имзо карданд ва давлатеро, ки Иттиҳоди Шӯравӣ ном дошт, ба бойгонии таърих супурданд.
Тоҷикистон гузаргоҳи марзии Ишкошим дар сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистонро муваққатан баста, тадобири амниятиро барои равуо тариқи гузаргоҳҳои дигар сахттар кардааст.
Коршиносони тоҷик мегӯянд, ки Тоҷикистон дар баробари таъсири тағйири иқлим хеле осебпазир буда, тағйири иқлим боиси об шудани пиряхҳо, афзоиши обхезиҳо ва рӯ задани бемориҳои гуногун шудааст.
Як масъули Думаи давлатии Русия гуфтааст, ҷойи коргарони туркро, ки қарор аст, аз Русия ихроҷ бишаванд, муҳоҷирон аз кишварҳои собиқи Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон хоҳанд гирифт.
Дар ҳоле ки созишномаи ниҳоӣ дар мавриди бунёди CASA-1000 имзо шуд, бархе аз коршиносон ба иҷрои он ва замонати давлати Афғонистон барои таъмини амнияти ин тарҳ шубҳа доранд.
Ёфтҳои бештар