Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, ки рӯзи 11 январ дар нишасти хабарии ин вазорат дар шаҳри Душанбе сӯҳбат мекард, гуфт, вазорати ӯ таҷлили Соли нави милодӣ дар мактабу донишгоҳҳоро манъ накардааст, балки, ба гуфтаи ӯ, танҳо ҷамъоварии маблағ барои зиёфатҳои серхарҷу базмҳо бодабдабаро мамнӯъ кардааст.
Ҷаноби Саид дар шарҳи қарори моҳи декабри вазорати маориф дар бораи тартиби таҷлили Соли нав дар мактабҳои Тоҷикистон гуфт: “Мо фармоне содир накарда, балки аз тариқи мактуб буридани арчаю харидории арчаи маснӯъӣ ва ороиши онро ба хотири пешгирӣ аз харҷи иловагии падару модарҳо манъ кардем. Мо шабнишиниҳои дабдабанокро манъ кардем. Хароҷотҳои беҳударо манъ кардем. Ин ҳама дар доираи қонуни “Танзими маросиму расму оинҳо” аст. Ҷашнгирии Соли нав дар ресторанро манъ кардем. Аммо маҳфилҳои фарҳангӣ,рақсу суруду шеърхониро иҷозат додем.”
Аз сӯи дигар, ба гуфтаи вазири маориф ва илми Тоҷикистон, дар арафаи Соли нави милодӣ дар 77 мактаб-интернати маъюбони кишвар ба 12 ҳазор кӯдак тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим шуда, дар ин кори хайр раиси ҷумҳур ва нахуствазир низ ширкат доштаанд.
Ӯ аз нашрияҳои мустақил, аз ҷумла, нашрияи “Пайк” гила кард, ки бар иловаи пахши маълумоти нодуруст дар бораи тарзи ҷашнгирии Соли нави милодӣ дар мактабҳо ӯро “вазири салафӣ” хондаанд.
Зимнан, дар авохири моҳи гузашта дар нашрияҳо ва торнамоҳои мустақили Тоҷикистон дар бораи дастури вазири маориф ва илми ин кишвар дар мавриди мамнӯъ шудани баргузории ҷашнҳои солинавӣ дар мактабу донишгоҳҳо, буридану ороиши арча, зиёфату тӯҳфадиҳӣ гузоришҳо мунташир шуданд.
Аз ҷумла,тибқи ин дастур дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ аз 25 то 31 декабр ва 1 январи соли 2016 аз ҷумлаи шахсони масъул навбатдорӣ ташкил гардида, оид ба масъалаи амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятии зиддисӯхтор дар муассисаҳо чораҷӯӣ карда, дар мавриди таҷлили ин ҷашн аз ҷониби хонандагон ва омӯзгорон тадбирҳои таъхирнопазир андешида мешаванд.
Нозирони умур бар иннанд, ки дастури вазорати маориф дар бораи манъи истифодаи арчаи солинавӣ ва зиёфатҳои солинавӣ намоишгари раванди то рафт ва аз ҷумла дар сатҳи расмӣ дар Тоҷикистон камрангтар шудани сатҳу миқёси таҷлили Соли нав, яке аз идҳои муҳими замони Шӯравист.
Аммо агар дар гузашта камранг шудани таҷлили ин ид дар Тоҷикистонро бештар ба мизони мазҳабишавии ҷомиа ва дар раддабандии идҳои расмӣ ҷойгоҳи болотар пайдо кардани идҳои миллие, чун Наврӯз, бастагӣ медоданд, ҳоло, тавре ба назар мерасад, дар сатҳи расмӣ низ таваҷҷӯҳ ба таҷлили Соли нав дар Тоҷикистон камтар шудааст. Мақомоти ин кишвар ба ин далел ки Соли нав як ҷашни оилавист, дар ҳалқаи хонаводаҳо ҷашн гирифтани онро тавсия медиҳанд ва маблағгузориро ба маъракаҳои солинавӣ, ки дар солҳои қабл хеле бошукӯҳ таҷлил мешуд, сол то сол коҳиш медиҳанд.
Ҳамин тавр, аз соли 2013 Бобои Барфӣ аз барномаҳои солинавии шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон "ғайб" задаааст.
Ҳамчунин, дар ин кишвар дар канори Иди Соли нав ва мавлуди Исо дар таҷлили ҷашнҳои дигари “бегона” низ маҳдудиятҳо пеш омадааст. Масалан, дар солҳои 2013 ва 2014 афроде, ки бо либоси вампиру персонажҳои дигари ҷашни амрикоии Ҳелловин дар кӯчаҳои Душанбе пайдо шуда буданд, аз ҷониби пулис боздошт гардиданд.