Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ҳудуди 900 млн $ қарзи Узбакистонро бахшид


Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, рӯзи 5 апрел санади ҳуқуқиро дар мавриди бекор кардани 865 миллион доллар қарзи Узбакистон имзо кардааст.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, рӯзи 5 апрел санади ҳуқуқӣ дар мавриди бекор кардани 865 миллион доллар қарзи Узбакистон аз ин кишварро имзо кардааст. Мизони аслии ин қарз 500 миллион доллар буда, баҳра ё фоизаш ба 388 миллион доллар баробар шудааст. Узбакистон ин миқдор қарзро дар солҳои 1992-1993 гирифта буд.

Ҳоло Узбакистон бояд 23 миллион доллари боқимондаро ба Русия пардохт кунад. Бино ба иттилои манобеи бахши узбакии Радиои Озодӣ, Узбакистон ба навбати худ аз саҳми худ аз Фонди алмоси собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ даст мекашад.

Ба бовари коршиносон, ҳадафи Русия аз бахшидани маблағи ҳангуфти қарзи Узбакистон талош барои равобити наздик ва моил кардани ин кишвар ба созмонҳои таҳти назараш, назири Иттиҳодияи Иқтисодии АвроОсиё хоҳад буд.

Ба гуфтаи Нуралӣ Давлат, коршиноси тоҷик, дар пайи ғасби нимҷазираи Қрим ва мудохилаи низомӣ дар қисматҳои шарқии Украина, Русия тақрибан ин кишварро аз даст додааст.

Нуралӣ Давлат
Нуралӣ Давлат

Ӯ мегӯяд, "ҳоло равобити Русия бо Ғарбу Амрико тира шуда ва мехоҳад мавқеашро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ тақвият диҳад. Чун Русия Украинаро аз даст дод, мехоҳад кишвари аз лиҳози иқтисодӣ нерӯманд ва ҳамвазни ин кишварро пайдо кунад. Узбакистон метавонад барои Русия ҷойгузини Украина шавад."

Ҳамзамон, Нуралӣ Давлат таъкид кард, ки дар зарфи 25 соли охир Узбакистон ба назардошти манфиатҳояш борҳо кишварҳои абарқудратро иваз кардааст. Масалан, то соли 2005 Амрико ва Ғарб иттифоқчии аслии Узбакистон буданд, аммо дар пайи саркӯби бераҳмонаи тазоҳургарон дар шаҳри Андиҷон дар моҳи майи соли 2005 ва интиқоди шадиди иттифоқчиёни қаблӣ аз ин амали мақомоти Узбакистон ин кишвар худро ба оғӯши Русия андохт. Аммо баъдан Узбакистон аз созмонҳои таҳти нуфузи Русия хориҷ шуда ва бо Амрико равобити ҳасана бақарор кард.

Аз ин лиҳоз, ба эътиқоди Нуралӣ Давлат бо вуҷуди бахшидани қарзи наздики 1 миллиарддолларӣ “Узбакистон зери чатри Русия намедарояд ва дунболи сиёсатҳои ин кишвар намеравад”.

Русия умдатан дар ивази бахшоиши қарзҳои худ аз кишварҳои пасошӯравӣ чизе мегирад. Аз ҷумла, дар ивази бекор кардани қарзи 242 миллиондолларии Тоҷикистон Русия пойгоҳи назорати кайҳонии "Окно" дар Норакро соҳиб гашта буд, ки ҳоло яке аз ниҳодҳои умдаи нерӯҳои ҳавоӣ ва кайҳонии Русия ба шумор меравад.

Ҳамчунин, ба дунболи тамдиди ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон то соли 2042 ин кишвар ваъда дод, ки ба Тоҷикистон ба маблағи 200 миллион доллар кумаки низомӣ ироа карда, дар модернсозии артиши ин кишвар кӯмак мекунад. Ҳамчунин, Русия боҷи гумрукиро барои маводи сӯхти содиротӣ ба Тоҷикистон бекор кард, ки аз ин ҳисоб Тоҷикистон ҳамасола 200 миллион доллар фоида хоҳад дид.

XS
SM
MD
LG