Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон гузаргоҳи марзии Ишкошимро бастааст


Тоҷикистон гузаргоҳи марзии Ишкошим дар сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистонро муваққатан баста, тадобири амниятиро барои равуо тариқи гузаргоҳҳои дигар сахттар кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки гузаргоҳи марзии Ишкошим дар сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистонро муваққатан бастаанд. Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, 1 декабр ба Озодӣ гуфт, ҳоло дар гузаргоҳ корҳои таъмиру бозсозӣ ҷараён дорад ва пас аз хатми он фаъолияти гузаргоҳ аз сар гирифта хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки баъзе аз сокинони вилояти Бадахшони Афғонистон ба шабакаи телевизиони "Тулӯъ"-и он кишвар аз баста будани гузаргоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистон хабар дода ва гуфтаанд, ба ин тартиб онҳо аз имкони харидории маводи зарурии рӯзгор дар бозорҳои наздимарзӣ маҳрум мондаанд. Ба гуфтаи онҳо, бештари деҳоти Бадахшони Афғонистон дар манотиқи дурдаст воқеъ буда ва барои сафар ба шаҳри Файзобод, маркази вилоят ду ҳафта сипарӣ хоҳад шуд. Аз ин лиҳоз сокинони ин деҳот, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз ҳастанд, ба бозорҳои наздимарзӣ шадидан ниёз доранд.

Муҳаммад Улуғхоҷаев чунин иддаоро рад кард ва гуфт, "расман ягон гузаргоҳ баста нашудааст." Аммо ӯ гуфт, дар пайи ташаннуҷи авзоъ дар вилояти Бадахшони Афғонистон тадобири амниятӣ ба ҳангоми равуои шаҳрвандони ду кишвар сахттар шудааст.

Ҷаноби Улуғбеков гуфт, "шаҳрвандони Афғонистон танҳо дар сурати дарёфти виза ё раводид метавонанд аз гузаргоҳҳои марзӣ убур карда ва вориди хоки Тоҷикистон шаванд. Бозорҳои наздимарзӣ чун ҳарвақта дар рӯзҳои шанбею якшанбе фаъол буда, аммо барои вуруд ба ин бозорҳо ба раводид ниёз аст."

Гуфта мешавад, қаблан сокинони манотиқи марзӣ бидуни раводид дар бозорҳои наздимарзӣ хариду фурӯш мекарданд.

Коршиносон мушкилоти феълиро ба ноамниҳо дар вилояти Бадахшони Афғонистон марбут хонданд, ки дар соли ҷорӣ афзоиш ёфтааст. Гурӯҳи Толибон дар моҳи гузашта вулусволӣ ё ноҳияи Юмгони Бадахшонро тасарруф карданд. Намояндагони вилояти Бадахшон дар парлумони Афғонистон дар пайи суқути Юмгон ба дасти Толибон ибрози нигаронӣ карда буданд, ки акнун ин гурӯҳ метавонад ба осонӣ дигар навоҳӣ, ба шумули шаҳри Файзободро таҳти назорати худ қарор диҳанд.

Ба гуфтаи масъулони маҳаллӣ, Юмгон, Тагоб, Кишм, Вардуҷ, Яфтал, Роғистон, Дароим, Аргу, Тишкон, Ишкошим, Ҷурм, Баҳорак, Зебок ва Яфтали поин ва боло, аз ҷумлаи минтақаҳои вилояти Бадахшон ҳастанд, ки дар ҳоли ҳозир ё таҳти контроли мухолифон ва ё ҳам бо таҳдидҳои ҷиддии амниятӣ рӯбарӯ мебошанд.

XS
SM
MD
LG