Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 11 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадаф аз таъсиси намояндагии доимии Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон дар Русия, “барқарор кардани равобити наздик бо муҳоҷирони кории тоҷик дар ин кишвар ва пешгирӣ аз афтодани онҳо ба доми гурӯҳҳои ифротӣ” хоҳад буд.
Ин хабар дар ҳолест, ки Равил Гайнуддин, муфтии мусалмонҳои Русия шоми 10 феврал зимни дидор бо Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Маскав пешниҳод кардааст, то дар Русия намояндагии домии Шӯрои уламои Тоҷикистон боз шавад.
Ҳамчунин, Равил Гайнуддин аз мақомоти Шӯрои уламои Тоҷикистон даъват кардааст, ба шаҳрҳои Русия, ки шумори зиёди муҳоҷирони кории тоҷик кору зиндагӣ мекунанд, барои тарбияти имонию ахлоқии ин афрод имом-хатибони саршиносу миёни мардум бонуфузро фиристанд.
Саидмукаррам Абдулқодирзода аз ин пешниҳодҳо истиқбол кард ва ин иқдомро барои тарбияти ахлоқии муҳоҷирон, бахусус, ҷавонон муҳим ва созанда хонд. Зеро ба гуфтаи ӯ, бештари ҷавонони муҳоҷири тоҷик дар Русия саводи кофии динӣ надошта ва “дар гирдоби ғафлат афтодаанд”, ки гурӯҳҳои тундрави маҳзабӣ аз ин афрод барои баровардани ғаразҳои нопоки худ истифода мекунанд.
Мақомоти Тоҷикистон бар ин боваранд, ки ҳадди аксари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Сурияву Ироқ дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” меҷанганд, маҳз дар Русия ҷалб мешаванд. Дар Русия ҳудудан 1 миллион аз муҳоҷирони тоҷик кору зиндагӣ мекунанд ва мақомот ва коршиносон ин қишри ба сурати умум беҳуқуқро дар муқобили ташвиқу даъватҳои гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ хеле осебпазир мешуморанд.
Аз ҷумла, Худойбердӣ Холиқназаров, раҳбари Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар соли гузашта гуфта буд, дар 80 дарсади ҳолатҳо ҷавонони тоҷик маҳз дар Русия ба гурӯҳҳои террористӣ ҳамроҳ мешаванд.
Ба гуфтаи оқои Холиқназаров, “аз Тоҷикистон шояд даҳ дарсадро ҳам ташкил надиҳад, мисли он ки аз Русия мераванд. Онҳое, ки аз Афғонистон ворид мешаванд, агар хеле пинҳонӣ ворид гарданд, зуд маълум мешаванд. Зеро ҳар нафаре ки аз ин кишвар ворид мешавад, таҳти назорат аст ва агар ба таблиғот шурӯъ кунад, билофосила дастгир мегардад. Аммо эмиссарҳое, ки дар Русия ҳастанд, бо забони русӣ сӯҳбат мекунанд ва муҳоҷиронеро, ки бештар ақидатӣ ҳастанд, мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳанд.”
Ҷаноби Холиқназар маҳз ноогоҳии динӣ, фақру бекорӣ ва фасод дар ҷомеаро аз омилҳои асосие ном бурда буд, ки боиси ҷалби ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои ифротӣ мешаванд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи ҳукумати кишвар дар рӯзи 21 январи соли ҷорӣ теъдоди сокинони Тоҷикистонро, ки ба сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” шомил шудаю дар даргириҳои Сурия ва Ироқ ширкат доранд, ҳудуди 1000 нафар гуфта буд. Ба ҳисоби мақомоти тоҷик, то имрӯз дар ҷангҳои Сурияву Ироқ 148 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаанд.
Мақомоти тоҷик афзоиши шумораи тоҷикон дар созмонҳои тундрави мазҳабиро мояи таҳдид ба амнияти кишвар медонанд. Моҳи майи соли 2014 ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон банди махсусе ворид карда шуд, ки ҳамчунон барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ аз 12 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.