Аз соли 2017 корманди Радиои Озодӣ дар Душанбе аст.
Чанде аз роҳгузарон дар хиёбонҳои Душанбе гуфтанд, ки дар паёми имсолаи раиси ҷумҳур ба порлумон масъалаи боло бурдани нафақаи бознишастагон, ташкили ҷойҳои корӣ, таваҷҷуҳ ба омӯзгорон ва интихоби кадрҳои шоиста таъкид шавад. Президент Раҳмон рӯзи 26-уми декабр ба порлумон ва мардум паём хоҳад дод.
Рӯзи 13-уми декабр, баъд аз поёни анҷумани ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон, аксар аъзои он аз шарҳи он чи дар дохили "Кохи Борбад"-и Душанбе гузашт, худдорӣ карданд. Баъзе фишори баланду бархеи дигар сарпӯш ва иддае камии вақтро баҳона пеш оварданд.
Бархе аз сокинони Тоҷикистон шикоят доранд, ки имкони ба хориҷа фиристодан ва ё аз берун гирифтани номаву бастаи санадҳо ба воситаи почтаи кишвар мушкил шудааст. Онҳо мегӯянд, ё номаашон ба ҷойи таъйиншуда намерасад, ё хеле дер мерасад. Коршиносон ин вазъиятро ба баста шудани почтаҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон ва берақиб мондани “Почтаи тоҷик” дар бозори номакашонӣ рабт медиҳанд. Почтаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла DHL, ду сол пеш аз ҳаққи кор дар Тоҷикистон маҳрум шуданд.
То баргузории интихоботи порлумонии Тоҷикистон чанд моҳи дигар мондааст. Ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон гуфтанд, дар нимаи дувуми декабр барномаи интихоботии худро эълон мекунанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз чанд роҳгузар дар хиёбонҳои Душанбе пурсид, ки кадом ҳизбҳоро медонанд?
Истифодаи густарда аз шабакаҳои иҷтимоӣ чолишҳоеро низ ба ҳамроҳ дорад. Аз ҷумла, ин амр боис ба пайдо шудани гурӯҳ ва шабакаҳои ба истилоҳ харобкор ҳам шудааст, ки барои беобрӯ кардани шахсиятҳо ва ё аз саҳна дур кардани мунтақидони ҳукумат ва мухолифон аз онҳо истифода мекунанд.
Баъзе аз донишгоҳҳои муътабари ҷаҳонӣ ба довталабон аз Тоҷикистон имкон доданд, ки бо шароити таҳсил дар ин муассисаҳо ошно шаванд ва барои дохил шудан талош варзанд. Ин имкон дар доираи намоишгоҳи байналмилалии таҳсил дар Душанбе фароҳам шуд. Намояндагони донишгоҳҳо чӣ гуфтанд ва довталабон чӣ мехоҳанд, дар видео бибинед.
Одат кардаем, ки пизишконро бо хилъати сафед танҳо дар дохили бемористон бибинем. Аммо вақтҳои охир ба назар мерасад, кормандони соҳаи тиб бо либосҳои корӣ ба кӯчаҳо мебароянд ва ба ошхонаҳо мераванд. Донишҷӯёни риштаи тибро бо хилъати сафед дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ низ дидан мумкин аст.
Тарафдоронаш хатми ҷанги дохилӣ, субот, сохтмони чанд нақбу рушди иқтисодро аз комёбиҳои Эмомалӣ Раҳмон дар 27 соли раҳбариаш медонанд. Аммо мунтақидон мегӯянд, бо гузашти 27 сол ҳукумат ҳанӯз натавонистааст, мардумро бо ҷойи кори муносиб таъмин кунад.
Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе аз гарон шудани нархи орд дар бозорҳои пойтахт шикоят карданд. Онҳо гуфтанд, ки дар ду ҳафтаи ахир қимати як халта орди панҷоҳкилоӣ тақрибан 40 сомонӣ афзуда, ба марзи 220 сомонӣ расидааст.
Ёфтҳои бештар