Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назорати истифода аз Wi-Fi-ро дар Душанбе сахттар карданд. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати шаҳри Душанбе назорати истифода аз Wi-Fi ё интернети бепул дар баъзе аз боғу тарабхонаҳо ва назди донишгоҳҳои пойтахтро сахттар кардааст. Қарор дар ин бора рӯзи 15-уми ноябр содир шуд.

Бино ба он, минбаъд рақами телефони ҳар истифодабарандаи Wi-Fi-и бепул дар ҷойҳои ҷамъиятии Душанбе сабт шуда, ба кадом сомона даромадани онҳо назорат мегардад. Тартиби наве, ки баъзе аз сокинони пойтахт бо он розӣ нестанд ва нақзи дастрасии озод ба шабакаҳои ҷаҳонӣ медонанд.

Мақомот гуфтанд, ин тасмим "бо ҳадафи ҳифзи амнияти иттилоотӣ ва таъмини бехатарии шаҳрвандон" гирифта шудааст. Ба иддаои онҳо, чунин таҷруба дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ҳам вуҷуд дорад ва "ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мувофиқ аст". Коршиносон мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд ин кӯшиши ба даст овардани маълумот дар бораи истифодабарандаҳои Wi-Fi-и бепул ва ҳамин тавр зери назорат гирифтани иттилоотест, ки сокинон бо якдигар дар миён мегузоранд.

Фирдавсҷон Қаландаров, ёвари мудири корхонаи давлатии "Шаҳри ҳушманд", рӯзи 19-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси тартиби нав барои пайваст шудан ба интернети ройгон аз истифодабаранда рақами телефон пурсида мешавад.

"Вақте шаҳрванд рақамҳои телефонашро ворид кард, ба ӯ рамз меояд. Баъди ворид кардани рамз имконияти ворид шудан ба интернети ройгон дода мешавад. Дар сурати аз ҷониби нафаре ғайримақсаднок истифода шудани WI-Fi маълумот сабт мегардад," – шарҳ дод ӯ.

Баъзе аз сокинон мегӯянд, ин қарор онҳоро шадидан зери заррабин қарор медиҳад ва дар баъзе ҳолат метавонад дардисарсоз ҳам шавад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Дар Тоҷикистон истифода аз Wi-Fi-ҳоро танзим мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:39 0:00

Дар корхонаи давлатии "Шаҳри ҳушманд" гуфтанд, маълумоти истифодабарандагони Wi-Fi аз ҷониби ширкатҳои таъминкунандаи интернет ба ҳукумат дода намешавад. Онҳо айни замон афзуданд, дар сурати ворид шудан ба сомонаҳои мамнуъ ба воситаи Wi-Fi шаҳрвандро ба суолу ҷавоб даъват хоҳанд кард.

"Дидан мумкин аст, ки соҳиби фалон рақами телефон ба сайтҳои мамнуъ даромадааст. Мо ҳамон одамро ёфта мепурсем, ки чаро ба ин сайтҳо даромаданд?” -- гуфтанд дар ин идорад. Вале рӯшан нест, ин пурсиш дар кадом сатҳ, чӣ гуна ва бо ҳузури кӣ сурат хоаҳд гирифт?

Мақомот мегӯянд, тартиби нави истифода аз Wi-Fi-ҳо танҳо ба интернети ройгон дар ҷойҳои ҷамъиятии пойтахт тааллуқ дошта, ба интернет дар хонаи сокинон рабт надорад.

"Вай фай" ё интернети бесиму ройгон чанд сол боз дар баъзе аз боғҳои Душанбе, фурӯшгоҳҳо ва марказҳои дилхушиву назди баъзе аз донишгоҳҳо фаъол аст. Истифодабарандагони чунин интернет дар боғҳои фароғатӣ ва назди донишгоҳҳо асосан донишҷӯён ҳастанд, ки ба гуфтаи худашон ба сабаби гаронии нархи Интернет имкони харидани бастаи онро надоранд.

Бахтиёр Урунов, як донишҷӯи тоҷик гуфт, агар донанд, ки ҳар қадами онҳо ҳангоми истифода аз Wi-Fi назорат мешавад, беҳтараш аз баҳри истифодаи он мегузаранд. "Баъзан суратҳои шахсӣ мефиристанд. Агар онҳоро назорат кунанд, аз сирри ҳар нафар огоҳ мегарданд ва ин хуб нест. Чунин интернет даркор нест", -- афзуд ӯ.

Фазлиддин Саидов, донишҷӯи дигар мегӯяд, назорат сахт ҳам шавад, ночоранд аз Wi-Fi-и ройгон дар боғҳо истифода кунанд: "Дар дигар ҷойҳо интернет қимат аст. Назорат ҳам бурда шавад, маҷбурем ба инҷо омада, аз интернети бепул истифода барем. Мо чизи пинҳонӣ ва нигаронкунанда надорем."

Қарори нави шаҳрдории Душанбе талоши нахустин барои зери назорат гирифтани истифода аз интернети бесим ё Wi-Fi дар Тоҷикистон нест.

Соли гузашта Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дастур дод, ки бе иҷозаи ин ниҳод ҳеч кас ва ё идорае ҳақ надорад ба касе аз тариқи Wi-Fi интернет бидиҳад.

Баъд аз ин дар Душанбе дастгоҳҳои тақсимкунандаи интернете пайдо шуданд, ки ба ширкати “Ошно групп” тааллуқ доранд ва хадамоти онҳо пулакӣ аст. Дар Кумитаи андози Тоҷикистон номи муассиси ҶДММ “Ошно групп” Сиёвуш Зуҳуров, писари Бег Сабур (Зуҳуров), раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон зикр шудааст.

Wi-Fi василаи бесими дастрасӣ ба интернет аст, ки тавассути модем паҳн мешавад ва ин яке аз маъмултарин василаҳои бепули пайвастшавӣ ба интернет дар маконҳои ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Дастрасӣ ба чунин интернет дар фурудгоҳҳову роҳҳои оҳан, марказҳои тиҷоративу дилхушӣ ва ҳам тарабхонаҳои бисёре аз кишварҳо ройгону бемаҳдудият аст.

Зоҳиран дар Тоҷикистон ин навъи интернет дигар бемаҳдудият нест ва барои истифода аз он чаҳорчӯби хосро дуруст кардаанд, ки мақомот сабабашро таъмини бехатарӣ медонанд, сокинон поймол кардани ҳаққи дастрасӣ ба интернети бепулу озод.

XS
SM
MD
LG