Аз соли 2017 корманди Радиои Озодӣ дар Душанбе аст.
Дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, мактаби филмсозии "Дарк" фаъол аст ва тақрибан 15 ҷавон ҳунари офаридани киноро меомӯзанд. Тафсилотро дар гузориш видеоӣ бинед.
Бо наздик омадани фасли сармо нигаронии афроди бесарпаноҳ ва онҳое, ки аз ноилоҷӣ дар вагону хонаҳои нимасохт зиндагӣ мекунанд зиёд мешавад. Яке аз оилаҳои бехона аз Душанбе аст, ки баъди ҷой наёфтан дар ҳавлии волидайн онро тарк кардаанд. Дар ҳавлии падари Ҳикматулло 6 хонавода зиндагӣ мекардаанд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз чанд сокини шаҳри Душанбе пурсиданд, ки корашон ба додгоҳ афтидааст ва оё ба адолати додрасҳо бовар доранд, ё не. Ҷавобҳо интиқодӣ ва ҳам тарафдорона буданд.
Масъулони Бонки Ҷаҳонӣ ҳафтаи гузашта дар таҳқиқоте гуфтанд, ки агар суръати коҳиши фақр дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, чун солҳои пеш идома мекард, то охири имсол миллионҳо нафар аз банди камбизоатӣ раҳо мешуданд. Худи сокинон чӣ мегӯянд? Видеоро бинед.
Бархе аз сокинони Душанбе гуфтанд, ки чаро ҳар сол ҳангоми даъвати ҷавонон ба артиш масъалаи "облава" ё маҷбурӣ ҳозир кардани ҷавонон ба комиссариати ҳарбӣ сар мезанад. Далелҳои мардумро дар ин бора ва ҳамчунин роҳҳои аз байн бурдани ин мушкил дар ин видео бубинед.
"Тоҷикистон кай узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мешавад?" Ҳар рӯз чандин нафар ҷавоби ин суолро аз Радиои Озодӣ мепурсанд. Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ саволҳои мушобеҳеро ба миён мегузоранд. Чаро як бахше аз шаҳрвандон моиланд, ки Тоҷикистон ба ин иттиҳод бипайвандад?
Ороишгарон мегӯянд, занони тоҷик ҳоло бештар дар бораи зоҳири худ меандешанд ва дар миёни онҳо пӯшидани либосҳои рангин ва ороиши рӯйу мӯй маъмултар мешавад. Аммо мардон бештар тарафдори ороиши маъмулӣ будаанд ва баъзе мегӯянд, "он ҳам набошад, беҳтар аст".
Даҳҳо навъи мошинҳои қадимии асри гузашта, ки дубора бозсозӣ шудаанд, дар намоишгоҳе дар Душанбе намоиш дода шуданд.
Нодирамо Қадамшоева, модари сиёсатмадору коргардони маъруфи тоҷик Давлат Худоназаров ва овозхони шинохта Далер Назаров дар 97-солагӣ дар Душанбе даргузашт.
Нодирамоҳ Қадамшоева, модари овозхони шинохтаи тоҷик Далер Назаров ва сиёсатмадору коргардони маъруф Давлат Худоназаров, дар 97-солагӣ дар Душанбе даргузашт.
Ёфтҳои бештар