Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз нафақа то суҳбати рӯ ба рӯ. Чанд паёми мардум ба Эмомалӣ Раҳмон. ВИДЕО


Чанде аз роҳгузарон дар хиёбонҳои Душанбе гуфтанд, ки дар паёми имсолаи раиси ҷумҳур ба порлумон масъалаи боло бурдани нафақаи бознишастагон, ташкили ҷойҳои корӣ, таваҷҷуҳ ба омӯзгорон ва интихоби кадрҳои шоиста таъкид шавад.

Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми декабр ба порлумон ва мардум паём дода, нақшаи кори ҳукуматро барои соли оянда муаррифӣ хоҳад кард. Дар остонаи ироаи паём ва баъди он тағйироти кадрӣ сурат мегирад, аммо коршиносон мегӯянд, дар умум дар кору ҳаёти сокинон тағйироти чандоне намешавад.

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз чанд роҳгузар дар Душанбе пурсид, ки дар паёми имсола чиро шунидан мехоҳанд? Матни посухҳоро дар инҷо хонед:

  • "Пешравӣ дар масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шавад."
  • "Нафақаи бознишастагонро бештар кунанд. Шунидани ин хабарро интизорем."
  • "Мехоҳем, ки дар ҷумҳурӣ, бахусус, соҳаи маориф беҳбудӣ шавад. Мехостем, ҳукумат ба назар гирад, ки ҳоли омӯзгорон чӣ гуна аст."
  • "Нархи маҳсулот арзон шавад."
  • "Ҳамаи муҳоҷирон бе мушкил ба Русия равуо кунанд."
  • "Тағйирот шавад. Кадрҳои хубро дар идораҳои давлатӣ таъйин кунанд."
  • "Стипендияи донишҷӯён зиёд шавад."
  • "Ҷойи кор бошад, то бекорон соҳиби кору маош шаванд. Корхонаҳои хурду бузург созанд."
  • "Чаро бо мардум аз наздик суҳбат намекунанд. Дарди мардумро аз даҳони вазирону вакилон не, аз даҳони мардум бишнаванд."

Видеоро дар инҷо бинед:

Аз пули нафақа то суҳбати рӯ ба рӯ. Чанд паёми мардум ба Эмомалӣ Раҳмон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00

Навиштани назару пешниҳодҳои худро дар зер фаромӯш накунед.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

XS
SM
MD
LG