Аз соли 2017 корманди Радиои Озодӣ дар Душанбе аст.
Дар Тоҷикистон ҷоизае бо исми "Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон" таъсис ёфт, ки барои саҳми хос дар рушди демократия тақдим мешавад. Чанд сокини Тоҷикистон ба ин савол посух доданд, ки ҷоизаи президент бояд ба кӣ супурда шавад?
Сокинони шаҳри Душанбе сабаби роҳ наёфтани варзишгарони тоҷикро ба бозиҳои олимпӣ гуфтанд.
Рӯзи 14-уми феврал дар Тоҷикистон аз Рӯзи ошиқон таҷлил карданд.
Назарҳо дар мавриди Рӯзи ошиқон ё рӯзи Валентин дар водии Вахш мухталиф аст. Иддае мегӯянд, ки таҷлили Рӯзи ошиқон гуноҳ аст ва иддае дигар тибқи бовар ва хостаҳои худ аз рӯзи ошиқон ҷашн мегиранд.
Сокинони Арнохун, Сурхкат ва Ғурфкат – се рустои ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ – шикоят доранд, ки тақрибан 90 сол боз ба маҳалли зисти онҳо хатти нирӯи барқ кашида нашудааст ва онҳо тӯли ин муддат бо лампа ва шамъу “фонарик” шабро рӯз кардаанд.
Нодираи Маҳмадисо, раиси ноҳияи Тоҷикобод, дар 31-солагӣ ба ин мақом расид. Ӯро соли гузашта, ки аз тарафи ҳукумат соли ҷавонон эълон шуда буд, ба ин мансаб таъйин кардаанд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар як соли ахир ҳудуди 8 ҳазор ҷавон ба хидмати давлатӣ ҷалб шуданд, ки аз онҳо ҳудуди шаш ҳазорашон мансабҳои раҳбарикунанда доранд. Ин рақам 24 дарсади қадрҳои раҳбарикунанда дар сартосари кишварро ташкил медиҳад.
Сокинони шаҳри Душанбе дар бораи интиқод ба гузашта гуфтанд.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон гуфт, ин навбат машварату тавсияҳои онҳо либоси мардонаро ҳам дар бар хоҳад гирифт.
Эҳтимол дар оянда Тоҷикистон қонун дар бораи фарзандхониро бознигарӣ кунад ва дар навбати аввал дархости онҳоеро иҷро намояд, ки шаҳрванди Тоҷикистон буданд ва мехоҳанд, кӯдакеро аз ватани худ ба фарзандӣ бигиранд.
Ҷорӣ шудани шеваи нави ҷамъоварии пули бар дар шаҳри Хуҷанд боиси бекор мондани беш аз 75 нозири барқ шудааст. Чун насби усули биллинг дар ҳисобкунакҳои барқӣ заруратеро барои будани нозирони барқ боқӣ намегузорад.
Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе дар бораи камбуди мансабдорони тоҷик нақл карданд. Онҳо рӯзи 1 феврал дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои пойтахт гуфтанд, агар вазир ё раиси ниҳоди давлатӣ мебуданд, кадом камбудҳоро такрор намекарданд.
Дар як сӯҳбати сарироҳӣ хабарнигори Радиои Озодӣ аз раҳгузарон пурсид, ки ҳамсояашонро мешиносанд, ё не. Онҳо ҳам дар бораи хубиву бадии ҳамсоя гуфтанд, ҳам дар бораи паёмадҳои нашинохтани ҳамсояҳо.
Сокинони шаҳри Душанбе назари худро дар бораи диндорӣ гуфтанд.
Гулнисои 33-сола, сокини шаҳри Душанбе, ҳар рӯз ҳангоми рафтан ба кор зери заррабини наздикон, ҳамсояҳо ва баъзе аз роҳгузарон қарор мегирад. Гоҳе ӯро барои домани кӯтоҳаш танқид мекунанд ва гоҳе дигар мехоҳанд, ки “мусулмони ҳақиқӣ” шавад.
Бархе аз занони тоҷик дар суҳбати сарироҳӣ бо хабарнигори Радиои Озодӣ аз вуҷуди хушунат ё зӯроварӣ дар хонаҳои худ нақл карданд.
Сокинон дар бораи донистани аҷдоди худ ва муҳим будани он барои сохтани зиндагии фардо.
“Майлаш, ҷонам, мегабайти ман тамом шуд. Ҳоло мегабайт харам, баъд гап мезанем”. Ин ҷумлаест, ки Ҷамшед Орифови 21-сола пайваста аз забони дӯстдухтараш аз Тоҷикистон мешунавад.
Ёфтҳои бештар