Баъзе аз занони роҳгузар дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе гуфтанд, ки шаҳваронашон танҳо дар вақти ид, аз ҷумла Рӯзи Модар, ибораи "дӯст медорам"-ро ба забон меоранд. Бархеи дигар гуфтанд, ки тақрибан ҳар рӯз ин ибораро мешунаванд ва он ба як бахши зиндагиашон табдил шудааст. Дар миёни онҳо зане аз шавҳари худ шиква кард, ки 11 сол пеш ӯро бо ду кӯдакаш танҳо гузошта, ба Русия рафт ва дигар суроғашонро нагирифт.
Назарҳои мухталиф дар инҷост: Видео аз 7-уми марти 2018
- Шавҳарам ҳар субҳу шом мегӯяд, ки маро дӯст медорад. Хеле хушбахт ҳастам, ки чунин ҳамсар дорам.
- Соли 2006 баромада, ба Маскав рафтам. Дӯстам намедорад. Дӯст медошт, баромада мерафт?
- Ид, ки шуд, табрик мекунад. Мегӯяд, дӯст медорад. Дигар вақт намегӯяд. Намедонам, чаро чунин аст. Агар вақте мегӯяд, дӯстам медорад, хурсанд мешавам. Бори охир ҳамин саҳар маро табрик кард ва ба кор рафт.
- Магар бе дӯстдории шавҳар зиндагӣ буда метавонад? Ҳар вақте аз кор меравӣ, як меҳрубонии мард тамоми хастагиро рафъ мекунад. Ҳамин ки мепурсад, “занак омадӣ?” худаш меҳрубонӣ аст, роҳат кардан аст.
- Тақрибан ҳар рӯз мегӯяд, ки дӯстам медорад.