Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Пул надорам, ки ба ресторан равам” ВИДЕО


" Пул надорам ресторан равам"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:28 0:00

Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар як суҳбати сарироҳӣ аз сокинони Душанбе пурсиданд, ки дар як моҳ чанд дафъа ба тарабхонаҳо сар мезананд. Бархе гуфтанд, ки вақту пули “ресторан”-равӣ надоранд, баъзеи дигар гуфтанд, дар як моҳ то чаҳор бор барои суҳбат бо дӯстон ба тарабхонаҳо мераванд:

  • “Рости гап, ба тарабхона намеравам. Дар кор ҳастам, вақт надорам.”
  • “Мо ба ресторан ҳам намерасем. Вақт надорем. Аз кор мебароем ба хона меравем.”
  • “Дар як моҳ то чаҳор бор меравем.”
  • “Ягон ҷашни зодрӯз шавад ё ба тӯй давъат кунанд, ба тарабхона меравем.”
  • “Дар як моҳ панҷ-шаш бор меравем.”
  • “Ягон бор. Пул нест, дар тарабхона чӣ кор мекунӣ?”
  • “Пеш мерафтем, дар як моҳ – як бор. Барои дамгирӣ. Вақтҳои охир намеравам. Чунки садои мусиқӣ дар онҷо баланд аст. Мо ба тарабхона барои суҳбат меравем, аммо дар онҷо гапро шунида намешавад. Баъдан нархи ғизо хеле гарон шудааст. Ҳарчанд маҳсулот дар мо арзон аст.”
  • “Умуман ба тарабхона намеравем. Барои онки маблағ намерасад.”
  • “Агар пулро ба ресторан сарф кунем, зиндагӣ аз куҷо мешавад? Баъзан ёру дӯст даъват мекунад, меравем.”
  • “Студент аз куҷо ресторан меравад?”
XS
SM
MD
LG