Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таваллуди дигар – Ҳазорҳо Like ва шодбошӣ ба созиши Тоҷикистону Узбекистон. ВИДЕО


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев. Шаҳри Душанбе, 9-уми марти 2018
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев. Шаҳри Душанбе, 9-уми марти 2018

Ҳосили сафари Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, ба Тоҷикистон, аз ҷумла иҷозаи сафари якмоҳаи бидуни виза ба шаҳрвандони ду кишвар бо ҳазорҳо “лайк”-у шодбошӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуд. Ҳазорон нафар дар Тоҷикистону Узбекистон акси якҷои раҳбарони ду кишварро дар ҳолати дастфишорӣ ё оғӯшгирӣ дар саҳифаҳояшон нашр карда, ин лаҳзаро таваллуди дигар номидаанд.

  • Ин нахустин сафари давлатии президенти Узбекистон ба Тоҷикистон дар 27 соли охир аст.

"Кабке аз қафас раҳо шуд"

Умедворам боз нони самарқандиро мечашем, саршири бухороиро нӯши ҷон мекунем ва дар сари хони ёрони ӯзбекистонӣ базм меороем.

"Соле, ки накӯст, аз баҳораш пайдост", "Виза бардошта шуд", "Дӯсту бародар будем, мемонем"... аз ҷумлаи шарҳҳое ҳастанд, ки бо забонҳои тоҷикиву русӣ ва узбакӣ зери хабарҳои марбут ба сафари Мирзиёев дар Фейсбук навишта шудаанд.

Дар пайи як матлаби Радиои Озодӣ низ даҳҳо нафар шарҳ навишта, аз муносибати хуби ду тараф истиқбол намудаанд. Насридин, яке аз корбарони вебсайти Радиои Озодӣ навишт, ки ин сафари таърихиро муҳоҷирон дар Русия низ пайгирӣ карданд. “Дар ҳақиқат, ин воқеаи таърихист. Дар шаҳри Маскав зиндагӣ мекунам ва ин рӯзҳо мебинам, ки тамоми муҳоҷирони узбеку тоҷик худро хушбахт ҳис мекунанд. Зинда бод, дӯстии мардуми тоҷику узбек”, - гуфтааст ӯ.

Назари бархе аз сокинони Душанберо дар ин навори видеост:

Ҳосили сафари Мирзиёев аз нигоҳи сокинони Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:33 0:00

Рустам Умаров, корбари дигар ин лаҳзаҳоро ба озодии кабке аз қафаси танг монанд кардааст. Вай навишт, “воқеан, тоҷикистониёне, ки дар ҳудуди Узбекистон зиндагӣ мекарданд ва узбекистониёне, ки дар ҳудуди Тоҷикистон буданд, ин иқдоми сарварони ду кишварро то умр ҳаст, ёдоварӣ мекунанд. Зеро ин василаи дидорбинии онҳо шуд.”

"Боз нони самарқандиро мечашем"

​Рӯзи 9-уми март дар Фейсбук саҳифаи махсусе бо номи “Дружба народов Таджикистана и Узбекистана” (Дӯстии мардуми Тоҷикистону Узбекистон) низ боз шуд. Масъулони саҳифа пешниҳод карданд, ки 9-уми март, яъне рӯзи сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ҳамчун рӯзи дӯстии мардуми тоҷик ва узбакҳо таҷлил шавад.

Додоҷон Атовуллоев
Додоҷон Атовуллоев

Журналисти маъруф Додоҷон Атовуллоев “ибтидои навбаҳори васлро ба ҳар ду миллат, ба ҳар ду кишвар, ба ҳар ду бародар” табрик гуфтааст. Ӯ дар саҳифаи худ дар Фейсбук навиштааст, “умедворам боз нони самарқандиро мечашем, саршири бухороиро нӯши ҷон мекунем ва дар сари хони ёрони ӯзбекистонӣ базм меороем.”

Абдуқодири Абдуқаҳҳор, мудири Китобхонаи бачагонаи ба номи Лоҳутии пойтахт нигоштааст, ки “шаби 9-уми март иштирокчии маҳфили фарҳангии “Шоми дӯстӣ” будам, хеле фазои ҳамдилию ҳамбастагӣ буд. Як ҳарфи сӯфиёна бигӯям иҷозат аст? Эй нури дида, сулҳ беҳ аз ҷангу доварӣ. То бод чунин бодову оқибаташ хайр бошад!”

"Мардум намегузоранд, ки беҳбудии рӯзгорашон қурбони сиёсат гардад"

Султон Сафаров, корбари фаъоли Фейсбук, гуфтааст, соле ки накӯст, аз баҳораш пайдост. “Ин ҳоло оғози роҳ (кор) аст. Мушкилот ҳанӯз хеле зиёданд ва ҳамаи онҳоро наметавон дар як они воҳид ҳал намуд”, - афзудааст ӯ.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор
Абдуқодири Абдуқаҳҳор

Боир Саидов гуфтааст, “мутмаинам, ҳамин равзанаи кӯчаке, ки имрӯз боз шуд, фоли нек аст ва даҳсолаҳо ҷудоӣ ин ду миллатро ташнаи ҳамдигар кард. Дигар чи тоҷик ва чи узбак намегузоранд, ки беҳбудии рӯзгорашон қурбони сиёсат гардад!”

"Дидани Юлдуз, Шераливу Ҷӯрабек... пурэҳсосанд"

Муҳаммадюсуфи Шодӣ, хабарнигори тоҷик навишт, “шахсан новобаста аз хоҳишам вақти инчунин лаҳзаҳо ба риққат меоям ва ҳатман ашк дар чашмонам ҳалқа мезанад. Инчунин лаҳзаҳоро ман на танҳо барои худ муносиб мебинам, балки дар андешаи мардумеам, ки аз ҷабри нокасон азоб мекашиданду инак субҳи шодӣ дамид. Хурсандӣ хуб аст. Дидани сарварони ду кишвар, ки самимона якдигарро ба оғӯш гирифтанд, дидани Шералию Ҷӯрабек, Юлдузу Ситора ҳама пурэҳсосанд.”

Чанд "аммо"

Абдуқодири Рустам
Абдуқодири Рустам

Аммо адиби тоҷик Абдуқодири Рустам хостааст, ки мардум ин қадар ба эҳсосот дода нашаванд. Ӯ дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, "албатта, дӯстӣ хуб аст, албатта, равобити ҳасана бо кишвари ҳамсоя хуб аст, кадом аҳмақ мегӯяд, ки бад аст! Вале ҳанӯз раводид барҷост, агарчӣ сафари якмоҷа бидуни раводид муҷоз шуд, Тоҷикистон танҳо кишвари ҳамсояи Узбекистон аст, ки ҳанӯз бо ин кишвар низоми раводид дорад; ҳанӯз минҳои навори марзиро барначидаанд; ҳанӯз ағлаби тоҷикони Узбекистон ба забони модарии худ наметавонанд таҳсил бикунанд... Вале боз ҳам оғози вазидани боди мусоид аст..."

Мирзиёев дар Тоҷикистон. Имзои 27 санаду созишнома

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, субҳи 9-уми март барои анҷоми сафари давлатӣ вориди Душанбе шуд. Ӯ дар рӯзи аввали сафараш бо президент Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард. Баъдан якҷоя дар намоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳои Узбекистон ва маҳфили "Шоми дӯстӣ" дар Душанбе иштирок карда, аз "Кохи Наврӯз" ҳам дидан намуданд.

Дар ҷараёни сафари Мирзиёев, миёни Душанбеву Тошканд 27 созишнома, санади байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ имзо шуд. Муҳимтарин созиши ҳосилшуда ин сафари якмоҳаи бидуни виза ба қаламравҳои якдигар мебошад.

XS
SM
MD
LG