Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дуредгар шеъру оҳанг эҷод мекунад... каланд месозад"


"Дуредгар шеъру оҳанг эҷод мекунад... каланд месозад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:07 0:00

Дар Тоҷикистон беш аз сад номгӯи ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ аз пардохти андоз комилан озод шуданд. Мардуми мо маҳсулоти косибони худамонро аз Чин фарқ мекунанд. Чунки моли чинӣ сунъӣ аст ва таровату зебоии моли аслиро надорад. Аммо анвои зиёди маҳсулоти косибӣ ва ҳунарҳои дастӣ, ки аз Узбакистон ба бозорҳои мо ворид мешаванд,  сифати хуб дошта, нисбатан арзон ҳастанд ​​Адрасбофию шероздӯзӣ, рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, сангтарошӣ ва наю рубобсозӣ аз ҷумлаи 104 номгӯи ҳунару касбҳое шуданд, ки аз пардохти молиёт озод шуданд. Ин қарори ҳукумати Тоҷикистон таҳти рақами 60 содир гардидааст. Бар иловаи ин имтиёз косибон, инчунин, аз гирифтани патент ё шаҳодатномаи соҳибкорӣ ҳам халос шуданд. Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст. Ҳукумат бо додани имтиёз ба косибон мехоҳад, аз як тараф касбҳои куҳанро аз нобудӣ наҷот диҳад ва аз сӯи дигар барои як идда косибон имкони фаъолият карданро фароҳам созад. Чун бархе аз касбҳое, ки дар инҷо зикр шудаанд, аз ҷумла “кошинпазӣ”, “хотамкорӣ”, “хурмасозӣ”, “чолбандбофӣ” барои аксар сокинон махсусан ҷавонон ноошно аст. Як пурсиши сарироҳии мо дар шаҳри Душанбе инро собит кард. Назари мардум: Кадоме аз ҳунарҳои мардумиро медонед?   Аҷубаҳои косиби истаравшанӣ Косибон мегӯянд, аз рӯи ин пешаҳо даромади чандоне надоранд, аммо озод шудан аз молиёт онҳоро ба пешаашон бештар дилгарм хоҳад кард. Эргашбой Ғафуров ​​​Эргашбой Ғафуров, сокини ноҳияи Истаравшан, яке аз даҳҳо косибони Тоҷикистон аст. Касби аҷубасозиро аз бобову бобокалонаш ба мерос гирифтааст. Ӯ гуфт, “мо дар давраи Шӯравӣ пинҳонӣ дар хона ин касби бобоиамонро давом медодем. Чун дар он давра ба соҳибкорӣ машғул шудан мумкин набуд. Бо соҳибистиқлол шудани кишварамон кори мо ривоҷ пайдо кард.”  Косибоне ба мисли Эргашбой Ғафуров то кунун бо гирифтани патент фаъолият мекарданд. Андози ҳармоҳаи аксар косибон 180 сомонӣ дар як моҳ муқаррар шуда буд. Эргашбой Ғафуров ҳамроҳ бо фарзандонаш дар ҳавлии худа дар Истаравшан аз сафол “сувенир”, аҷуба ва хиштакҳои сафолин омода мекунад. Ӯ гуфт, “хонаводаи мо кӯлолгар аст. Волидонам аз сафол косаву табақ ва ҳар гуна зарфҳо омода мекарданд. Ҳоло ин гуна маҳсулот чандон харидор надорад. Бинобар ин, аҷуба, бозичаҳои сафолини аҷоибро месозам. Ҳамаи маҳсулоти мо аз гил аст ва мо онро дар хумдоне, ки аз бобоям мерос мондааст, мепазам.” Харидорон - сайёҳони хориҷӣ Харидорони аслии аҷубаҳои Ғафуров бештар сайёҳони хориҷианд. Ӯ мегӯяд, мардуми таҳҷоӣ чандон ба аҷубаҳои сафолини ӯ таваҷҷуҳ надоранд ва барои тифлони худ аксар вақт лӯхтаку бозичаҳои пластмасии сохти Чинро мехаранд. Ҳол онки бозичаву аҷубаҳои сохтаи Ғафуров ҳамагӣ аз гил омода шуда, барои сиҳатии тифлон ба фарқ аз пластмасса зиёне надорад. ​​Сарозер шудани маҳсулоти арзони сохти Чин ба Тоҷикистон бозори бисёре аз маҳсулоти косибонро ҳатто дар бозори дохилӣ танг кард. Тоҷирон айни замон ба бозорҳои Тоҷикистон, шурӯъ аз досу табар, болғаву теша то тоқиву шерозпочаи сохти Чинро ворид мекунанд, ки то кунун ин намуди маҳсулотро танҳо косибони маҳаллӣ истеҳсол мекарданд. Ҳарчанд маҳсулоти сохти Чин сифати баланд надорад, нархи арзон онҳоро дар бозор рақобатпазир мекунад. Косибон мегӯянд, озод шудан аз пардохти андоз як сарбориро аз дӯши онҳо холӣ мекунад ва дар рақобат бо молҳои Чин тавонотар хоҳанд шуд.  "Мардум моли чиниро мешиносад" Нигина Икромова, роҳбари анҷумани косибону ҳунармандон дар Тоҷикистон, рӯзи 21-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, айни замон рақиби асосии косибони Тоҷикистон на маҳсулоти Чин, балки моли истеҳсоли Узбакистон аст. “Ҳоло мардуми мо маҳсулоти косибони худамонро аз Чин фарқ мекунад. Чунки моли чинӣ сунъӣ аст ва таровату зебоии моли аслиро надорад. Аммо анвои зиёди маҳсулоти косибӣ ва ҳунарҳои дастӣ, ки аз Узбакистон ба бозорҳои мо ворид мешаванд,  сифати хуб дошта, нисбатан арзон ҳастанд”, - гуфт ӯ.    ​​​​Икромова афзуд, ҳоло аксар дӯконҳои моли ҳунарҳои мардумӣ маҳсулоти сохти Узбакистонро мефурӯшанд. Ӯ гуфт, аз молиёт

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG