Ҳар гоҳе ки Мавлон Ҳикматов, як ронандаи такси дар хатсайри Душанбе - Панҷакент барои гирифтани бензин ба нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ наздик мешавад, нархи бензин ӯро дар ҳайрат мегузорад. Ҳикматов мегӯяд, ҳар шом аз телевизион дар бораи пойин рафтани нархи нафт гузориш пахш мешавад, аммо аҷиб ин аст, ки чаро дар Тоҷикистон нархи сӯзишворӣ арзон намешавад?
Ҳайрати Мавлон Ҳикматови 45-сола, аз он аст, ки нархи як бушка нафт тайи ду соли охир аз 110 доллар то ба 27 доллар поин омад, яъне беш аз се маротиба кам шуд. Аммо қимати сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ҳамоно бетағйир мондааст. Ин ронандаи таксӣ солҳо боз ба самти шимоли кившар мусофир мебарад ва пасту баланд шудани нархи сӯзишвориро пайваста пайгирӣ мекунад: “Масалан нархи бензин дар Панҷакент 5 сомониву 20 дирам, мисли пештара. Нархи газ бошад то 3 сомониву 30 дирам гарон шудааст. Боз мегӯянд, газ дефитсит шудааст. Ба назарам боз сӯзишворӣ қиммат мешавад.”
Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, агар нархи сӯзишворӣ ба ҳамин минвол гарон шавад, ӯву ҳамкасбонаш маҷбур мешаванд, ки нархи роҳикоро боло бардоранд. Боло рафтани нархи роҳикиро ҳатман аз киссаи мусофирон ҷуброн мешавад.
Мақомоти Тоҷикистон дар мавриди сабабҳои гарон боқӣ мондани нархи сӯзишворӣ мавқеи якранг надоранд. Агар масъулони Вазорати энергетика ва захираҳои об гаронии нархи сӯзишвориро ба арзон нашудани он дар худи Русия рабт диҳанд, дар Хадамоти зиддинҳисорӣ мегӯянд, бинобар гарон будани нархи интиқоли сӯзишворӣ ба кишвар, нархаш поин намеравад.
Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯяд, беш аз 90 дарсадӣ сӯзишвори нафтӣ ба кишвар аз Русия ворид карда мешавад: “Мо аксарияти бензину сӯзишвории дизелиро аз Русия ворид мекунем. Аммо дар корхонаҳои коркарди нафти ин кишвар ҳам нарх чандон арзон нашудааст. Дар худи Русия ҳам нархи сӯзишворӣ каме арзон шуд, то 10 дарсад ҳамагӣ. Агар мо худамон нафтро оварда дар ҳамин ҷо коркард мекардем, гапи дигар мебуд.”
Вазири энергетика мегӯяд, соҳибкорон ва ширкатҳои Тоҷикистон имкон доранд, аз ҳар кишваре, ки нафт дорад, сӯзишворӣ ворид кунанд. Аммо ба таъкиди вазир, аксарият ба сӯзишвории Русия бартарӣ медиҳанд, зеро тибқи шартнома, ин кишвар ба Тоҷикистон як қисмат сӯзишвориро бидуни боҷи гумуркӣ содир мекунад. Ба гуфтаи Усмонзода, дар соли 2016 Тоҷикистон мувофиқи шартнома ҳақ дорад, то 830 ҳазор тонна сӯзишвориро бидуни боҷи гумуркӣ аз Русия ворид кунад.
Аммо коршиносон сабаби аслии пойин нарафтани нархи сӯзишворӣ дар бозори Тоҷикистонро ба риояи нашудани рақобати солим аз сӯи воридкунандагони аслии маводи сӯхт марбут медонанд.
Камолиддин Асомиддинов, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, бинобар ҳисобҳои ӯ, ҳоло нархи сӯзишворӣ махсусан нархи бензин дар Тоҷикистон набояд аз 4 сомонӣ бештар бошад: “Ҳоло нархи як тонна бензинро корхонаи коркарди нафти Орски Русия 33 ҳазор рубл аст. Агар нархи роҳикро барои як тонна 150 доллар ва 25 дарсад фоидаи ширкатро зам кунем, нархи бензин набояд аз 4 сомонӣ боло бошад.”
Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, бозори сӯзишвории Тоҷикистон таҳти назорати ширкати “Газпромнефт-Тоҷикистон” ва муттаҳидонаш аст ва онҳо кадом нархехро, ки хоҳанд, ҳамонро таъин мекунанд.
Аз сӯи дигар, Сайдалӣ Зарифзода, роҳбари раёсати танзими монополияҳои табиӣ мегӯяд, ҳарчанд ширкати “Газпромнефт” дар бозори маводи сӯхти Тоҷикистон мавқеи ҳукмфарморо низ дошта бошад ҳам, аммо монополисти кул нест: “Агар хароҷоти то ба Тоҷикистон ворид кардани як литр бензинро ҳисоб кунем, нархи озоди хариди он ба 3 сомону 24 дирам баробар мешавад. Ҳар як субъект ҳақ дорад то 25 дарсад нархи изофавиро ҳамчун фоидаи хеш гузорад. Аммо агар мо 25 не, балки фоидаи ширкатҳоро 15 дарсад ҳисоб кунем, нархи як литр бензин 5 сомониву 35 дирамаст. Ҳол он, ки нархи бензин дар мо аз ин ҳам арзонтар 5 сомониву 20−30 дирам аст.”
Зарифзода мегӯяд, Хадамот мизони нархҳои бозигарони аслии бозори маводи сӯхтро ҳамеша таҳти назорат дорад. Ба гуфтаи ӯ, тайи соли гузашта ширкати “Газпромнефт Тоҷикистон” аз болои Хадамоти зиддинҳисорӣ ба ҳукумат шикоят бурда, хадамотро ба ин муттаҳам кард, ки аз боло бурдани нархҳо ҷилавгирӣ мекунад ва намегузорад, ки ширкатҳо фоида бубинанд. Зарифзода гуфт, бо ин вуҷуд Хадамот дар мавқеи худ устувор монд ва нагузошт ширкатҳо нархи бензинеро аз 5 сомониву 60 дирам боло бубаранд.
Бинобар иттилои охирини Хадамоти зиддинҳисорӣ, 3 ширкат − “Газпромнефт-Тоҷикистон” бо ҳиссаи 46,8 дарсад, “Тоҷик петролиум” бо 10 дарсад ва “Умед - 88” бо 7,7 дарсад дар бозори маводи сӯхти Тоҷикистон пешсафанд.