Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

250 бурсияи Эрон ба донишомӯзони тоҷик


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ихтисоси 250 бурсияи Эрон барои донишомӯзони тоҷик дар ҳолест, ки Душанбеву Теҳрон дар охирин моҳи соли гузашта дар пайи даъвати Муҳиддин Кабирӣ ба як конфронс вориди таниши кӯтоҳ шуданд.

Эрон барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар донишгоҳҳояш 250 бурсия ҷудо кардааст. Масъулияти интихоби донишҷӯён барои таҳсил дар донишгоҳҳои Эрон ба дӯши Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати илм ва маорифи Тоҷикистон вогузошта шудааст.

Бо оғоз шудани равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистону Эрон дар аввалҳои солҳои 90-ум аксари ҷавонони тоҷик танҳо ба хотири таҳсил дар мадрасаву макотиби динӣ озими Эрон мешуданд.

Аммо тобистони соли 2010-ум мақомот пас аз як амри раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон донишҷӯёни тоҷикро, ки дар мактабу мадрасаҳои динӣ дар хориҷ таҳсил доштанд, бозпас оварданд. Маҳз дар доираи ҳамин маърака 168 донишҷӯи тоҷик, ки дар мадрасаҳои мазҳабии Зоҳидон, Сиистон ва Машҳади Эрон таҳсил доштанд, ба ватан оварда шуданд. Тоҷикистон ҳамакнун ҷавононро танҳо бо роҳхати Вазорати илм ва маориф ва ба риштаҳои илмҳои дунявӣ барои таҳсил ба Эрон мефиристад.

Исматулло Шодиев, роҳбари Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф, 8 январ дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, Тоҷикистон аз ҷониби Эрон он ихтисосеро дархост мекунад, ки барои иқтисоди кишвар зарур аст, аммо дар дохил имкони тарбияи ин гуна мутахассисон вуҷуд надорад. Ба таъкиди Шодиев, бо назардошти ҳамин дархости ҷониби Тоҷикистон Эрон барои шаҳрвандони кишвар бурсияҳои таҳсилро ҷудо мекунад.

"Мо бештар ихтисоси марбут ба илмҳои дақиқ ва табиатшиносиро интихоб мекунем. Чунки донишгоҳҳои Эрон дар бахшҳои техникӣ, муҳандисӣ ва тиб хеле пешрафта ҳастанд ва мутахассисони сатҳи байналмилалиро омода мекунанд," − гуфт Шодиев.

Эрон ба 250 донишҷӯйи тоҷик бурсияи давлатӣ медиҳад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:35 0:00

Бурсияҳои ихтисосдодаи Эрон дар доираи 56 ришта ҳастанд, ки аксаран касбу фаъолиятҳои марбут ба илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ тааллуқ мегиранд. Дар миёни бурсияҳои ихтисосёфта аксаран касбҳои муҳандисӣ, мисли муҳандиси кимиё, кишоварзӣ ва ё нафт ба чашм мехӯранд. Аммо дар ин миён пешаҳое мисли моделер ва муҷассамасоз низ ба назар мерасанд, ки бисёриҳоро дар Тоҷикистон дар ҳайрат мегузорад, ки чӣ гуна дар як кившари исломӣ ин гуна мутахассисон омода мешаванд?

Ба қавли Исматулло Шодиев, ҳоло довталабони тоҷик барои ширкат дар озмуни дарёфти бурсияҳо ҳуҷҷат месупоранд ва қарор аст натиҷаҳои озмун то иди Наврӯз муайян шаванд. Ӯ гуфт, “барои иштирок дар озмун, албатта, дониши забон ва адабиёти форсӣ зарур аст. Инчунин, вобаста ба ҳар ихтисос озмунҳои фаннӣ сурат мегиранд ва толибилмоне, ки маводи таълимии макотиби ҳамагониро хуб аз худ кардаанд, имкони ғолиб омадан дар ин озмунро пайдо мекунанд.”

Ин масъули Вазорати илм ва маориф гуфт, соли 2014 ва 2015 низ Эрон барои шаҳрвандони Тоҷикистон 250 бурсияҳои таълимӣ ҷудо карда буд. Аммо ин кишвар бар хилофи ваъдааш ғолибони озмуни соли таҳсили 2014−2015-ро ба таҳсил ҷалб накардааст. Танҳо 41 нафар аз ғолибони ин озмун соли қаблӣ барои таҳсил озими Эрон шудаанд.

Ихтисоси 250 бурсияи таълимӣ аз сӯи Эрон барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳолест, ки муносиботи ду кишвар дар охирин моҳи соли гузашта дар пайи даъвати Муҳиддин Кабирӣ - роҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи назҳати Исломӣ ба як конфронс дар Теҳрон хадшадор шуд. Зоҳиран ин таниши кӯтоҳ дар муносиботи фарҳангиву илмии ду кишвар чандон асар накард. Ҳарчанд то ин таниш ҳам давлати Тоҷикистон дар фиристодани донишҷӯёни хеш ба Ҷумҳури Исломӣ ҳамеша аз эҳтиёт кор гирифта талош мекард, ки толибилмонаш дар Эрон аз илмҳои дунявӣ бештар баҳравар гашта, мавриди мағзшӯии диниву мазҳабӣ қарор нагиранд. Ин аст, ки кишвар аз Эрон бештар бурсияҳои таҳсилро дар арсаҳои тиббиву муҳандисӣ ва риёзиёту кимиё дархост мекунад.

Беҳрӯзи Забеҳулло, хабарнигори тоҷик, ки таҷрибаи кору зиндагӣ дар Эронро дорад, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, тафовутҳои ақидатию идеологӣ байни Тоҷикистону Эрон ҳоло ҳам монеи равобити хуби илмиву фарҳангӣ дар байни ду кишвар ҳастанд: “Ман бо чанде аз хатмкардагони донишгоҳу мактабҳои олии Эрон дидор доштам. Онҳо бо дипломи донишгоҳҳои Эрон дар дарёфти ҷойи кор мушкил мекашанд. Кордиҳандагон дар Тоҷикистон бо иддаои он ки гӯё дар Эрон донишҷӯён тахассуси кофӣ ба даст намеоранд, онҳоро бо мадракҳои таҳсилашон ба кор намегиранд. Ҳарчанд донишгоҳҳои Эрон мутахассисони ҳирфаиеро омода мекунад.”

Бино ба омори охирини Вазорати маориф ва маорифи Тоҷикистон тайи се соли охир тариқи роҳхатҳои ин вазорат барои таҳсил дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон 91 донишҷӯи тоҷик фиристода шудаанд. Аммо масъулони ин вазорат ба суоли Озодӣ, ки тайи солҳои истиқлолият чӣ қадар донишҷӯён дар Эрон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд ва чӣ миқдоре ба кишвар баргаштанд, омори дақиқе пешниҳод накарданд ва гуфтанд ин рақамҳо дар ҳоли таҳия шудан ҳастанд.

XS
SM
MD
LG