Ҳудуди 400-километри лӯлаи гази Туркманистон - Чин аз қаламрави Тоҷикистон мегузарад ва ҳазинаи сохтмон ҳам хеле гарон аст ва Чин омода аст танҳо барои бунёди қисмати Тоҷикистонии ин лӯла, беш аз 3,2 миллиард доллар харҷ кунад.
Қарор аст, озмун ва ё тендери байналмилалӣ барои интихоби пудратчии сохтмони лӯлаи газ дар қаламрави Тоҷикистон охири ҳамин моҳ эълон шавад. Бо назардошти ночиз будани шонси ширкатҳои тоҷикистонӣ барои пирӯзӣ дар тендер, дар танҳоӣ дар баробари ширкатҳои азими худи Чин қарор шуд, ки 14 ширкати сохтмонии Тоҷикистон ва ду ширкати русии ботаҷрибаи Русия бо таъсиси консорсиуми “Стройнефтегаз-Азия” шонсҳои бештар кунанд.
Виталий Воронов, роҳбари ин ширкат дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло чанд ширкати дигар ҳам омодаанд ба ин консорсиум ҳамроҳ шаванд, ки албатта ин имкони пирӯзиро дар озмуни сохтмони лӯлаи гази Чину Туркманистон бештар мекунад.
Тоҷикистону Чин барои сохтмон ва нигаҳдории ин лӯлаи газ дар қаламрави кишвар дар оянда як ширкати муштаракеро бо номи Trans-Tajik Gas Pipeline Company Limited бунёд карданд. Ин ширкат бо сармояи оинномавии 600 миллион ва саҳмияҳои 50-дарсадии Тоҷикистону Чин бино ёфтааст.
Молики саҳмияҳои ҷониби Тоҷикистон ширкати давлатии “Тоҷиктраснгаз“ аз сӯи Чин ширкати бузурги нафту газ − CNPC аст. Тоҷикистон барои пардохти 300 миллион доллар саҳмаш дар ин ширкат боз ҳам аз Чин барои 26 сол қарзи имтиёзнок дарёфт кардааст. Масъулони ин ширкат мегӯянд, ин қарз аз ҳисоби даромадҳои ширкат пас аз ба кор даромадани лӯлаи газ пардохт хоҳад шуд.
Ба иттилои масъулони ширкати муштараки Trans-Tajik Gas Pipeline Company Limited, Тоҷикистон дар сурати ба кор даромадани лӯлаи газ аз он як навъи андоз хоҳад ситонд. Шартномаи Тоҷикистону Чин дар робита ба ин лӯлаи газ бо усули “ship or pay”, яъне "интиқол ва ё пардохт” баста шудааст. Яъне ҷониби Чин муваззаф аст, ки новобаста ба ин ки тариқи ин лӯла газ интиқол медиҳад ва ё на ба Тоҷикистон андоз пардохт кунад. Мӯҳлати шарномаҳои ба имзо расонидаи Тоҷикистон бо Чин дар робита ба интиқоли газ аз тариқи ин лӯла 32 солро дар бар мегиранд.
Тоҷикистон дар тӯли ин муддат аз ин лӯлаи газ беш аз 1 миллиарду 200 миллион доллар дар шакли андоз суд хоҳад бардошт. Ҳамчунин кишвар аз ҳисоби ширкати муштараки Trans-Tajik Gas Pipeline Company Limited дар ин муддат боз 2 миллиард доллари дигар фоида мебинад. Лӯлаи гази Туркманистону Чин, ки чорумин хати газ аз Осиёи Миёна ба Чин хоҳад буд, ки аз қаламрави Ӯзбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон убур карда, 1000 километр тӯл хоҳад дошт. 400 километри ин қубур аз Тоҷикистон аз ҳудудҳои ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзобод, Рашт ва Ҷиргатол хоҳад гузашт.
Бархе аз қитъаҳои ин қубури газ аз манотиқи баланкӯҳ мегузарад. Ин аст, ки аз рӯи лоиҳа барои бунёди ин лӯлаи газ сохтмони 45 нақб бо дарозии 75 километр танҳо дар қаламрави Тоҷикистон дар назар аст. Қарор аст, ин лӯлаи газ то соли 2020, яъне анҷоми панҷсолаи 13−уми Чин сохта ба истифода дода шавад. Дар сурати ба истифода супурдани ин қубур, ҳар сол аз 3 то 5 миллиард кубометр газ ба Чин интиқол дода хоҳад шуд. Тоҷикистон дар сурати анҷоми сохтмони ин лӯлаи газ метавонист як мушкили дигари худ - бегазиро низ ҳал кунад.
Аммо мақомдорони тоҷик мегӯянд, шарномаи ин лӯлаи газ бо Чин тавре ба имзо расид, ки Тоҷикистон ҳақ надорад аз ин лӯла газ бигирад. Масъулон ба суоли ин, ки "чаро чунин шуд?", посух намегӯянд. Танҳо бархе аз қаламрави Ӯзбакистон убур кардани ин лӯла ишора мекунанд.