Вазорати нақлиёти Тоҷикистон тасмим гирифт, ҳаракати автобусҳоеро, ки бидуни иҷозатнома аз вилояти Суғд ба Русия мусофир мекашонанд, манъ кунад.
Мақомоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфтанд, ки то ду моҳи дигар рӯйхати овозхонҳоро муаррифӣ хоҳад кард.
Аксар ташкилоту идораҳо дар Тоҷикистон аз барномаҳои компютерии бидуни муҷаввиз истифода мебаранд, ки дар забони оддӣ инро "дуздӣ" ҳам мегӯянд. Коршинсон мегӯянд, истифодаи барномаву нармафзорҳои ғайрирасмӣ кишварро аз ҷиҳати амнияти иттилоотӣ осебпазир мекунад.
Мақомоти назорати беҳдошт дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ошхонаи "Мурғи ором"-ро, ки мурғҳоро зинда дар дег мепухтанд, бастаанд.
Дар остонаи таҷлил аз 73-юмин солгарди хатми Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ва омодагиҳои Русия барои ташкили раҳпаймоии рамзии "Полки абадӣ" дар тамоми шаҳру манотиқи ин кишвар, бархе дар Тоҷикистон ҳам умедворанд, ки битавонанд дар чунин як маъракае дар Душанбе иштирок кунанд.
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хатти интернети ширкати TARENA-ро қатъ кардааст. Ин созмон пажуҳишгоҳҳои Академияи улум ва донишгоҳҳои Тоҷикистонро бо интернет таъмин менамуд.
Роҳбари ширкати ТВЕА-и Чин, ки Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2"-ро сохт, гуфтааст, агар тиллоҳои ду кон хароҷоти ширкаташро барои сохтмони ин марказ напӯшонад, ҳукумати Тоҷикистон розӣ аст ба ин ширкат боз конҳои дигарро бидиҳад.
Оҷонсии нафақа ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, ки қисме аз маблағҳои фонди нафақаро дар "Тоҷиксодиротбонк" амонат гузошта буд, ҳамакнун ин бонкро ба додгоҳ кашонидааст.
Гуруҳи шашнафарие, ки соли гузашта дар ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як соҳибкор ва завҷаашро ба қатл расониданд, гуфтаанд, бо фармоиши Зафар ном сокини Хуҷанд барои дуздӣ ба хонаи онҳо даромада буданд. Айни ҳол Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии парвандаи ин шаш нафарро шурӯъ кардааст.
Бархе аз тоҷирон дар Тоҷикистон гуфтанд, ки як ҳафта боз дар бонкҳои кишвар доллар харида наметавонанд. Посухи баъзе бонкҳо ба харидорони доллар яксон будааст: “доллар нест”.
Бино ба гузоришҳо, Тоҷикистон бастаи дуввуми евробондҳои давлатиро бо маблағи ба 500 миллион доллар ба фурӯш гузоштааст. Як манбаъ дар вазорати молияи Тоҷикистон рӯзи 23-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бахши аъзами ин коғазҳои қимматнокро бунёди сармоягузории Меррил Линч, яке аз бунёдҳои маъруф дар Амрико харидааст.
Назарсанҷиҳои ахир дар Русия нишон медиҳанд, ки дар маҷмӯъ муҳоҷирбадбинӣ, ки то соли 2015 дар ин кишвар бисёр боло буд, то ҳадде кам шудааст.
Мавқеи артиши Тоҷикистон дар як раддабандии байналмилалӣ 16 зина боло рафт.
Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон эълон кард, ки мусиқиву овозхонӣ дар ҷашнҳои хурсандӣ ба мисли арӯсӣ раво аст. Эълоне, ки бешак интиқоди афроди мазҳабии муҳофизакор ва баҳси зиёдеро бармеангезад.
Таҳқиқ муайян кардааст, ки тақрибан 60 дарсади муҳоҷирон то сафар ба Русия ҳеҷ касбу тахассусе надоштааанд ва аз ҳамин сабаб, ба корҳое ҷалб мешаванд, ки заҳмати зиёд металабад.
Исми Шамшод Муҳиддинов имомхатиби масҷиди ҷомеаи деҳаи Дурбати ноҳияи Ҳисор пас аз нашри як видео кутоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ вирди забонҳо шуд.
Бино ба Консепсияи нави сиёсати давлатии Тоҷикистон дар умури дин айни замон дар кишвар 3900 масҷид, 1 ҷамоатхонаи пайравони мазҳаби исмоилия ва 68 ибодатгоҳи пайравони динҳои ғайриисломӣ сабтином шудааст.
Пас аз як ҳафтаи созиши Тоҷикистону Русия дар масъалаи парвозҳо, нархи билети ҳавопаймо ба ду тараф боло рафт.
Барои қабули хидматчиёни давлатӣ дар мақомоти иҷроияи шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо дар Тоҷикистон “лимит” муқаррар карда шуд. Аз ин ба баъд шумораи мансабдорон дар ҳукуматҳои тамоми вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон набояд аз 8 ҳазору 143 нафар бештар бошад.
Шӯрои Федератсия – палатаи болоии порлумони Русия – санадеро қабул кард, ки ба низомиён ва аҳли оилаи фармондеҳии СПАД (Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ) ҳаққи дарёфти иқомат дар Русияро медиҳад.
Ёфтҳои бештар