Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи билети ҳавопаймо миёни Тоҷикистону Русия боз боло рафт


Пас аз як ҳафтаи созиши Тоҷикистону Русия дар масъалаи парвозҳо, нархи билети ҳавопаймо ба ду тараф боло рафт.

Аввал фақат паритет мегуфтанд. Баъд ба ҳама хатсайрҳои нави ширкатҳои Русия иҷозат доданд. Акнун мебинем, ки нархи билет гарон шудааст.

Муқоисаи нархҳо дар ним моҳи охир нишон медиҳад, ки қимати билетҳо вобаста ба самти парвоз аз тақрибан 50 дарсад то як баробар гарон шудааст. Барои мисол, нархи билети ҳавопаймоҳои “Уралские авиалинии” дар масири Маскав – Хуҷанд дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз аз 4 то 4,5 ҳазор рубли русӣ (550-600 сомонӣ) буд. Феълан дар айни ҳамин масир аз 10 ҳазор рубли русӣ (1390 сомонӣ) арзонтар чипта ёфтан ғайриимкон аст.

"Сабаби асосии ҷанҷол боло бурдани нархҳо будааст магар?"

Нархи чиптаҳо ба шаҳрҳои дигар низ ба ҳамин минвол боло рафтаанд. Тавре мушоҳида мешавад, нархи билети ҳавопаймои шикратҳои русӣ бо ширкатҳои Тоҷикистон айни замон дар як сатҳ қарор доранд. Дар ҳоле ки то музокироти аввали моҳи апрел дар Маскав қимати чиптаҳои ҳавопаймоҳои русӣ нисбат ба ширкатҳои Тоҷикистон каме арзон буд.

Моҷарои ҳавоӣ миёни Душанбеву Маскав, ки аз 12-уми март шурӯъ гашта буд, рӯзи 5-уми апрел бо созиши ҷонибҳо хотима ёфт. Тарафи Тоҷикистон ба ҳамаи парвозҳои дархостии ширкатҳои Русия, аз ҷумла “Уралские авиалинии” иҷозат дод.

Одил Бекматов, муҳоҷири тоҷик, доим нархи билетҳоро пайгирӣ мекунад. Ӯ рӯзи 12-уми апрел гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон дар охир ба ҳамаи парвозҳои ширкатҳои Русия иҷзоат дод, ҳарчанд дар оғози моҷаро дар бораи баробарии парвозҳо иддао мекард.

"Аввал фақат паритет мегуфтанд. Лекин баъдан ба ҳама рейсҳои нави ширкатҳои Русия иҷозат доданд. Акнун мебинем, ки нархи билетҳо гарон шудааст. Фарз кардем, гароншавии нарх аз Тоҷикистон ба Русия ба сар шудани мавсим вобаста аст. Аммо аз Русия ба Тоҷикистон низ нархи билетҳо қимат шудааст. Пас сабаби асосии ҷанҷол боло бурдани нархҳо будааст магар?" - суол гузошт Бекматов.

"Дар музокирот масъалаи нарх матраҳ набуд"

Шералӣ Ганҷалзода
Шералӣ Ганҷалзода

Дар як сатҳ қарор гирифтани нархи билети ширкатҳои русиву тоҷикистонӣ ин гумонзаниҳоро тақвият медиҳад, ки сабаби аслии моҷарои ҳавоии Душанбеву Маскав аслан бар сари нархи чипта буд ва бо ҳамсон шудани нархҳо ҷонибҳо вақту реҷаи парвозҳоро ба маҷрои маъмулӣ бозгарониданд.

Гарон будани қимати билети ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистон мавзӯи нав нест ва борҳо дар матбуот матраҳ шудааст. Надир Салимов, як коршиноси соҳаи ҳавопаймоӣ, ки таҷрибаи кор дар ширкати «Ист Эйр»-ро дошт, мегӯяд, дар бозори дохилии Тоҷикистон як қонуни нонавиштае дар мавриди ҳадди нархи чиптаҳо вуҷуд дорад ва агар ширкате аз он арзонтар чипта фурӯшад, аз бозор ронда хоҳад шуд. Ӯ бо ишора ба сарнавишти ширкати «Ист Эйр», ки муҷаввизи фаъолияташ се соли қабл дар Тоҷикистон бекор шуда билохира муфлис гардид, гуфт, «маҳз нархҳои нисбатан арзони чипта» боис ба нобудии ин ширкат шудааст.

Аммо ҷой доштани кадом як навъи муомила дар мавриди мизони нархи чиптаҳоро дар музокироти Маскав мақомоти тоҷик рад мекунанд. Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёт, ки яке аз иштирокдорони музокироти Маскав буд, гуфт, дар рафти ин музокираҳо аслан масъалаи нархи чиптаҳо матраҳ набуд. "Масъалаи нархгузорӣ ин сиёсати дохилии ҳар як ширкати ҳавопаймоӣ аст. Ҳар ширкат мустақилона онро муайян мекунад ва ин масъулияти мо нест", - шарҳ дод ӯ.

"Нархро фароварданд, то ба Душанбе фишор биоваранд"

Мақсади онҳо фишор овардан ба ширкатҳои Тоҷикистон ва аз ин роҳ дарёфти иҷозат барои парвозҳои нав буд. Онҳо ба ин мақсадашон расиданд ва акнун нархро ба сатҳи пешин боло бардоштанд

Дар ҳамин ҳол, масъулони ширкатҳои чиптафурӯшӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ширкатҳои русӣ ба хотири фишор овардан ба Тоҷикистон ва дарёфти иҷозат барои хатсайрҳои нав нархро дар як муддати кӯтоҳ поён бурданд.

Абдуҳалим Сафаров, ҷавоне ки таҷрибаи фурӯши чиптаҳоро дорад, гуфт, дар моҳи март воқеан ширкати «Уралские авиалинии» нархи чиптаҳоро хусусан аз Русия ба Тоҷикистон поён овард ва ин кор ҳадафмандона буд. Ӯ гуфт, «ин ширкат нархҳои демпингӣ таъин кард. Чун медонад ширкатҳои Тоҷикистон бинобар гарон будани сӯзишворӣ имкони то ин ҳад поин овардани нархро надоранд. Мақсади онҳо фишор овардан ба ширкатҳои Тоҷикистон ва аз ин роҳ дарёфти иҷозат барои парвозҳои нав буд. Онҳо ба ин мақсадашон расиданд ва акнун нархро ба сатҳи пешин боло бардоштанд».

Аммо муҳоҷирон, ки аз мусофирони аслии масири Тоҷикистону Русия ҳоло сахт пойбанди чиптаҳои гарон нестанд ва бо ифтитоҳ шудани марзи Узбекистон ва поён ёфтани режими виза тариқи ширкати ҳавопаймоии Узбекистон ба Русия сафар мекунанд. Чун сафар тариқи ширкати кишвари ҳамсоя тақрибан 50 дарсад арзонтар меафтад.

Айни замон чаҳор ширкати русӣ ва ду ширкати тоҷикистонӣ миёни минтақаҳои ду кишвар парвозҳо анҷом медиҳанд.

XS
SM
MD
LG