Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: "3900 масҷид барои ҳама мерасад"


Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, дар кишвар ба қадри кофӣ масҷидҳо амал мекунанд, ки дар он ҳама ибодаткунандагон меғунҷанд. Бино ба Консепсияи нави сиёсати давлатии Тоҷикистон дар умури дин айни замон дар кишвар 3900 масҷид, 1 ҷамоатхонаи пайравони мазҳаби исмоилия ва 68 ибодатгоҳи пайравони динҳои ғайриисломӣ сабтином шудааст.

  • Ин санад чанде қабл бо амри раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тасвиб гардид.
Суруди Аҳмад Зоҳирро гӯш мекардам. Гуфт, кофир ҳастед, ки суруди Аҳмад Зоҳирро гӯш мекунед? Гуфтам, ин андеша аз куҷост ва ё кӣ инро ба Шумо гуфт?
Ҳоким Муҳаббатов

Шикоятҳо аз маҳдудиятҳои мазҳабӣ

Тайи панҷ соли охир ҳукумати Тоҷикистон бо нияти нигоҳ доштани асли дунявияти давлат баъзе аз пӯшишҳои мазҳабии занон ва ришгузории ҷавонону мардони миёнсолро маҳдуд кард. Ин иқдом то ҳадде боиси норозигии қишри муҳофизакори кишвар шуд ва онҳо чунин амалкарди ҳукуматро “исломситезӣ” номиданд. Бартараф кардани ибодатгоҳҳои ғайриқонунӣ ва нуктагири мақомот ба ришу пӯшишҳои мазҳабӣ борҳо мавриди интиқоди созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон низ қарор гирифт.

Ҳусейн Шокиров
Ҳусейн Шокиров

​"Ҳама гуна даъво беасос аст"

Ҳусейн Шокиров, роҳбари раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ рӯзи 14-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳама гуна даъвоҳо дар мавриди гӯиё поймол шудани ҳуқуқи динии шаҳрвандон асос надорад. Ӯ гуфт, “3900 масҷид расман сабтином шуда, фаъолият мекунанд, ки ин миқдор масҷид барои сокинони Тоҷикистон басанда аст. Агар ҳама сокинон ба ибодат ҳам раванд, ҷой мерасад.”

Чаро Консепсия таҳия карданд?

Мақомоти умури дин дар Тоҷикистон мегӯянд, иддаои созмонҳо дар мавриди нақзи ҳуқуқи мазҳабӣ дар Тоҷикистон бепоя аст, чун пайравони ҳамаи мазҳабу фирқаҳо ва динҳои эътирофшуда дар Тоҷикистон озодона аз дини худ пайравӣ мекунанд. Мақомот мегӯянд, роҳ ёфтани фикру ақида ва ғояҳои динии бегона ба ҷомеаи Тоҷикистон, густариши фанатизм ва тундгароии динӣ ташвишовар аст ва зарурати қабули ин Консепсияро ба вуҷуд овардааст. Қарор аст, ин санад дар оянда равобити дину давлатро ҳамвор созад.

Ҳоким Муҳаббатов
Ҳоким Муҳаббатов

То кунун ҳам давлат ба хотири боздории ҷавонон аз фирқаву ҳаракатҳои тундгаро гуруҳи ҳаракатҳои таблиғотиро таъсис додааст. Яке аз он онҳо “Авангард” - гуруҳи иборат аз ҷавонон аст, ки аъзояш озими ҳар минтақаҳои кишвар шуда, ҷавнонро аз хатари тундравиву ифротгароӣ ҳушдор медиҳанд.

"Зоҳирро тоза мекунем, мағҳоро - не"

Аммо Ҳоким Муҳабаттов, таҳлилгари тоҷики муқими Русия, мегӯяд, амалкарди давлат дар ин арса чандон муваффақ нест ва ақидаву андешаҳои тундгароёна махсусан миёни ҷавонони муҳоҷир дар Русия дар ҳоли авҷ гирифтан аст. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз мавридҳои зуҳури фанатизм ваё тундгароии динӣ мисол овард.

“Ман дар Русия аз ҳуқуқи муҳоҷирон то ҳадди тавонам дифоъ мекунам. Рӯзе як ҷавони тақрибан 20-сола ба утоқи кории ман даромад. Суруди Аҳмад Зоҳирро гӯш мекардам. Гуфт, Шумо кофир ҳастед, ки суруди Аҳмад Зоҳирро гӯш мекунед? Гуфтам, ин андешаи шумо аз куҷост ва ё кӣ инро ба шумо гуфт? Гуфт, аз як фиттаи мавъизаи муллои афғон шунидааст, ки касе Аҳмад Зоҳиро гӯш кунад, кофир мешавад”, - нақл кард Муҳаббатов.

"Шароб наоварданд, чаро?"

Ин таҳлилгари тоҷики муқими Русия гуфт, тангназарӣ ва тундравии динӣ расму оин ва ҷашнҳоро низ дигар кардааст. Ӯ аз иштирокаш дар як маросими арӯсӣ дар Маскав ёдовар шуд, ки аксар занони иштирокдораш ниқобпӯш буданд. “Меҳмононро ба тӯй даъват карданд. Одамони касбу кори гуногун, мусулмону ғайримусулмон буданд, аммо шароб наоварданд. Чаро? Ба хотири ақидаҳои динӣ. Ин ҳам дар ягон деҳа не, дар шаҳри Маскав”, - гуфт ӯ.

Аҳмад Зоҳир
Аҳмад Зоҳир

Ҳоким Муҳаббатов мегӯяд, ҳарчанд давлати Тоҷикистон бо фанатизму тундгароии динӣ “тавассути риштарошиву рӯймолкашӣ мубориза мебарад, аммо мағзи одамон ҳамоно мазҳабӣ боқӣ мемонад ва мардум бо ёфтани пайти муносиб боз ба ҳамон шеваи зиндагӣ бармегарданд”. Ин таҳлилгари тоҷик мегӯяд, давлат бояд роҳи таъсиррасонӣ ба мағзи одамон, бахусус ҷавононро пайдо кунад.

"Консепсия такя ба мазҳаби ҳанафӣ мекунад"

Беш аз 97 дарсади аҳолии наздик ба 9 миллионнафараи Тоҷикистон худро пайравони дини Ислом мешуморанд. Аксарият дар Тоҷикистон ба ҷуз аз 3 дарсад, ки пайрави шиаи исмоилия ҳастанд, аз мазҳаби Имоми Аъзам пайравӣ мекунанд. Дар консепсияи нав гуфта мешавад, давлати Тоҷикистон ҳам дар пешбурди сиёсати хеш ба мазҳаби Имоми Аъзам такя мекунад.

XS
SM
MD
LG