Бархе аз тоҷирон дар Тоҷикистон гуфтанд, ки як ҳафта боз дар бонкҳои кишвар доллар харида наметавонанд. Посухи баъзе бонкҳо ба харидорони доллар яксон будааст: “доллар нест”.
Дар гузашта ҳар гоҳе қурби доллар ба боло меҷаҳид, ангушти ишораи Бонки Миллӣ ба сӯи нуқтаҳои саррофӣ боло мешуд...
Солеҳҷон Насриддинов, соҳибкори тоҷик, ба тиҷорати масолеҳи сохтмон машғул аст ва ҳар дафъа барои ворид кардани бор аз хориҷа ба доллари амрикоӣ ниёз дорад. Ӯ мегӯяд, бо ин мақсад дари панҷ бонкро кӯфт. “Дар баъзе аз бонкҳо аз 100 то 200 доллар пешниҳод мекунанд. Баъзеашон мегӯянд, ки умуман доллар нест. Намедонем аз куҷо доллар бигирем”, - иброз дошт Насриддинов рӯзи 24-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Доллар камчин шуд?
Бо баста шудани фаъолияти нуқтаҳои саррофӣ хариду фурӯши арзи хориҷӣ дар Тоҷикистон танҳо дар идораи бонкҳои тиҷоратӣ ва ё ташкилоти хурди қарзӣ сурат мегирад. Дар тоблуҳои чанде аз идораи бонкҳо дар шаҳри Душанбе рӯзи 23-юми апрел қурби 100 доллари амрикоӣ 888 сомонӣ барои харид ва 889 сомонӣ барои фурӯш муайян шуда буд.
Камчин шудани доллар дар бозори арзи Тоҷикистон ба уфти ба шиддати қурби рубли русӣ рост омад. Рубли русӣ пас аз таҳримҳои Амрико нисбат ба ширкатҳои азими Русия ва чанде аз олигархҳо якбора қурби худро аз даст дод.
Дар Тоҷикистон низ қурби рубли русӣ поин омад. Ҳазор рубли русӣ аз 155-сомонии қаблӣ то 143 сомонӣ расид.
"Вақте қурби рубл нисбат ба доллар поин шуд..."
Меҳрубон Бурҳонов, коришиноси умури молия ва бонк мегӯяд, маҳз поин рафтани қурби рубли русӣ боис ба каме боло рафтани қурби доллар ва камчинии он гашт. Ӯ гуфт, “муҳоҷирон тавассути низомҳои интиқоли пулӣ рубл ё доллар мефиристанд. Дар ин ҳолат ҳисоббаробаркуниҳо байни бонкҳо ба таври нақдӣ ё ғайринақдӣ сурат мегирад. Масалан, ягон бонки Русия аз бонки Тоҷикистон дар давоми 1 моҳ 100 миллион рубл қарздор мешавад ё баръакс имкон ҳаст, ки бонки Русия пулро ба доллар табдил карда, ба суратҳисоби бонки тоҷикистонӣ гузаронад.”
Бурҳонов мегӯяд, яке аз сарчашмаҳои асосии воридоти доллар ба Тоҷикистон ин рубли русӣ аст. "Чун қурби рубл нисбат ба доллар афтид, дигар ба қадри кофӣ аз Русия доллар харидорӣ карда наметавонанд", - шарҳ дод ӯ.
Соҳибкор: "Дар ин шароит чӣ хел ба корамон идома диҳем?"
Як сабаби дигаре, ки бонкҳо айни замон намехоҳанд ба муштариён доллар фурӯшанд, фарқият дар қурби он ва вазъи номуайянӣ дар бозори арз аст. Яъне, бонкҳо барои фурӯши доллар бо он қимате, ки Бонки миллӣ муқаррар кардааст, омода нестанд.
Ҳоло Бонки миллӣ қурби долларо дар сатҳи 887 нигоҳ доштааст, вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон аз ивази 100 доллар ба 914 - 915 сомонӣ дар бозори, ба истилоҳ, “сиёҳ” хабар медиҳанд.
Дар гузашта ҳар гоҳе қурби доллар ба боло меҷаҳид, ангушти ишораи Бонки миллӣ рӯи нуқтаҳои саррофӣ боло мешуд, ки дар бозор ҳангомаро ба вуҷуд овардаанд. Аммо айни замон нуқтаҳои саррофӣ умуман амал намекунанд ва тамоми бозори арзи хориҷӣ зери назари Бонки миллӣ аст.
Соҳибкор Солеҳҷон Насриддинов мегӯяд, барои берун аз бонкҳои расмӣ харидани доллар мақомот муҷозот мекунанд, аммо бонкҳо низ доллар намефурӯшанд. “Саррофон нестанд, ки дигар аз онҳо доллар харем. Ба бонкҳо меравем, доллар нест. Дар ин шароит чӣ хел корамонро идома диҳем?” – суол гузошт ӯ.
- Барои шарҳу тавзеҳи ин вазъият ва сабабҳои камчинии доллар дар бозори арз Радиои Озодӣ ба Бонки миллӣ муроҷиат кард. То замони нашри ин матлаб посухҳои Бонки миллӣ ба саволҳои Радиои Озодӣ дастрас нашуданд.