Бино ба санаде, ки рӯзи 17-уми феврал ба дасти Радиои Озодӣ расид, президенти Тоҷикистон аз чаҳор ниҳоди қудратӣ хостааст, афроди ба гуфтаи ӯ “гумроҳшуда”-ро аз хориҷ ба ватан баргардонанд. Ин ҷузъе аз 65 банди амри раиси ҷумҳур аст, ки барои иҷро дар соли 2019 пешбинӣ шудааст.