Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 100 вагон бори Тоҷикистон дар Туркманистон дармондааст


Мошинҳои борбари Тоҷикистон аз ин қабл низ дар марзи Туркманистон банд монда буданд. Акс аз бойгонӣ.
Мошинҳои борбари Тоҷикистон аз ин қабл низ дар марзи Туркманистон банд монда буданд. Акс аз бойгонӣ.

Дар пайи роҳбандони Туркманистон, беш аз 100 вагон молу колоҳои Тоҷикистон дар истгоҳҳои роҳи оҳани ин кишвар ва ҳам Узбекистон банд мондааст.

Бино ба санаде, ки рӯзи 12-уми феврал дастраси Радиои Озодӣ шуд, то 8-уми феврал бинобар қабул накардани идораи Роҳи оҳани Туркманиcтон дар ҳафт истгоҳ 108 вагони боркаши Тоҷикистон дармондааст.

Дар ин санад гуфта мешавад, вагонҳо дар истгоҳҳои роҳи оҳани Туркменбошӣ, Сарахс, Мари, Талимарҷон, Амударё ва Келиф истодаанд. Дар дохили вагонҳо молу маҳсулоти гуногуни ниёзи Тоҷикистон, аз ҷумла равғани пахта, қиёми шир, маводи сӯзишворӣ ва санги мармару кокс - як ашёи хоми зарурии ширкати алюминиюми Тоҷикистон "Талко" будааст.

Бори аввал нест, ки Туркманистон бе ягон шарҳи расмӣ гузаштани мошинҳои боркаши Тоҷикистонро аз қаламраваш манъ мекунад.

Аз 108 вагони дармонда 29 вагон дар дохилаш кокс дорад, ки бояд ба Тоҷикистон расад. Ин танҳо шумораи вагонҳоест, ки то санаи 8-уми феврал бинобар роҳбандони Туркманистон дармондаанд ва шумораи онҳо ҳар рӯз бештар мешавад.

Дар идораи идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ бо тасдиқи хабар гуфтанд, то ба ҳол аз ҳамтоёни туркмани худ дар мавриди чуну чарои роҳбандон посухи мушаххас нагирифтанд.

Аммо Ҷамшед Нуров, намояндаи бахши мусофиркашонии идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон дар Русия гуфт, то кунун аз ҷониби Туркманистон нисбат ба қаторҳои мусофирбар монеае эҷод нашудааст. Сироҷиддини Мӯҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, низ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ дар ин робита гуфт, Тоҷикистону Туркманистон созишномаи шарикии стратегиро имзо кардаанд ва набояд барои якдигар монеа эҷод кунанд.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон.

Ӯ гуфт, "дар бораи сабабҳои банд мондани мошинҳои боркашони Тоҷикистон дар Туркманистон то ба ҳол ягон ҷавоби расмӣ нагирифтем. Ҳарчанд дар сатҳҳои гуногун мо инро хоҳиш кардем. Чунин мушкилот набояд дар байни кишварҳои дӯсту бародар вуҷуд дошта бошад. Моҳи октябри соли 2017 раҳбарони ду кишвар аҳднома дар бораи шарикии стратегиро имзо кардем. Аз рӯи ин аҳднома мо вазифадор ҳастем, ки ягон мушкилот нисбат ба якдигар насозем. Дигар созишномаҳои дуҷониба низ ҳастанд, ки мувофиқи он мо бояд ба кумаки ҳамдигар шитобем, на ин ки эҷоди мушкилот".

Ишораҳои Душанбеи расмӣ дар мавриди "эҷод накардани монеа нисбат ба якдигар", то ҳанӯз акси садоеро аз Ашқобод ба бор наовардааст.

Роҳбандони Ашқобод танҳо бо қаторҳои боркашони Тоҷикистон маҳдуд намешавад. Балки мошинҳои боркашҳои худи Тоҷикистон ҳамчунон иҷозаи убур аз қаламрави Туркманистонро надоранд. Мақомоти туркман аз рӯзи 4-уми феврали имсол ба ин тараф иҷоза надодаанд, ки мошинҳои борбари Тоҷикистон ба қаламрави ин кишвар ворид шаванд. Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, то ҳанӯз ҳеч посухи расмӣ аз мақомоти Туркманистон дарёфт накардаанд.

Роҳбандӣ бори аввал нест

Бори аввал нест, ки Туркманистон бе ягон шарҳи расмӣ гузаштани мошинҳои боркаши Тоҷикистонро аз қаламраваш манъ мекунад. Аз ҷумла, мақомоти Туркманистон аз охири моҳи августи соли гузашта ба мошинҳои Тоҷикистон иҷоза надод, аз қаламрави Эрон вориди кишварашон шаванд.

Мошинҳои борбари Тоҷикистон дар марзи Туркманистон. Акс аз бойгонӣ.
Мошинҳои борбари Тоҷикистон дар марзи Туркманистон. Акс аз бойгонӣ.

Гурӯҳе аз ронандагон он вақт гуфта буданд, ки дар марзи Туркманистон ва Эрон дармондаанд ва намедонанд, сабаби роҳ надодани онҳо ба қаламрави Туркманистон чӣ ҳаст.

Ин роҳбандии мақомоти туркман дар роҳи мошинҳои боркаши Тоҷикистон бештар аз як моҳ идома кард. Дар ин муддат мақомоти Ашқобод ҳеҷ шарҳи возеҳе дар бораи манъи вуруди мошинҳо ва қаторҳои Тоҷикистон ба қаламраваш надод.

Чаро Туркманистон роҳро мебандад?

Фаррух Юсуфӣ, роҳбари бахши туркмании Радиои Озодӣ, гуфт, чунин рафтори Туркманистон ғайримунтазира нест ва сабаби ранҷиши Ашқобод низ метавонад гуногун бошад. Юсуфӣ мегӯяд, дар рафтори Туркманистон намешавад, ягон мантиқ ҷустуҷӯ кард, чунки мантиқ надорад.

Ӯ гуфт, "танҳо мешавад ҳадс зад, Туркманистон айни ҳол ҳар чӣ бештар дар инзиво қарор мегирад. Ахиран Иттиҳодияи Аврупо парвози ҳавопаймоҳои ширкати давлатии ин кишварро ба қаламраваш манъ кард. Бинобар ин, кишвар зери фишор аст ва ба сохтмони роҳи оҳани Афғонистон Тоҷикистон умеди зиёде дошт. Қисмати роҳро низ сохт, вале Тоҷикистон дар сохтмони ин роҳ ҳоло чандон майл нишон намедиҳад, чун бо Узбекистон муносибаташ хуб шуд. Эҳтимол сабаби ранҷиши Ашқобод ин аст".

Туркманистон вазъро шарҳ намедиҳад

Бо гузашти як ҳафта аз роҳбандон Туркманистон ахиран ба мошинҳои борбаре, ки аз кишварҳои дигар, аз ҷумла Туркия, ба Тоҷикистон бор меоранд, иҷозаи убур аз марзи худро додааст. Вале бо гузашти ҳудуди даҳ рӯз ва бо вуҷуди талошҳои мақомоти тоҷик, ҷониби Туркманистон сабабу омилҳои бастани марз ба рӯи мошинҳои борбари тоҷикро шарҳ надодааст.

Аз сафорати Тоҷикистон дар Ашқобод ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мақомоти Туркманистон вазъияти ба амаломадаро то ҳол расман шарҳ надодаанд ва бидуни огоҳии расмӣ роҳи убури мошинҳои Тоҷикистонро бастаанд.

Намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Ашқобод ба Радиои Озодӣ гуфтанд, бо ронандагоне, ки дар нимароҳ мондаанд, дар тамос мебошанд ва ба онҳо вазъро шарҳ додаанд. Ба гуфтаи ин намояндаи сафорат, аз тарафи Фароби Узбекистон ҳудуди 8 мошин дармондаанд, вале дақиқ намедонанд, ки дар Эрон чанд мошини борбари Тоҷикистон банд мондаанд.

Тоҷикистону Туркманистон аз ҷумлаи ду кишвари Осиёи Марказӣ ҳастанд, ки соли гузашта дар равобиташон сардӣ эҳсос мешуд. Ин ду кишвар ҳарчанд барои якдигар шарики стратегӣ ба ҳисоб мераванд, вале ҳаҷми тиҷораташон ночиз аст.

XS
SM
MD
LG