Андози соҳаи сохтмон дар Тоҷикистон то ба 18 дар сад боло бардошта шуд. То ин дам мизони андоз аз арзиши изофашуда (НДС) дар соҳаи сохтмон 5 дар сад буд.
- Дар раёсати сиёсати андози Вазорати молияи Тоҷикистон рӯзи 5-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, то кунун дар қонунгузории андоз барои соҳаи сохтмон имтиёз муқаррар шуда буд ва аз ин рӯ, онҳо 5 дарсад НДС пардохт мекарданд.
Боло рафтани андози соҳаи сохтмон ба гуфтаи моликони ширкатҳои сохтмонӣ, ҳатман ба нархи ниҳоии манзилҳо - хусусан бисёрошёнаҳо таъсир мекунад.
"Ин имтиёз то 31-уми декабри соли 2018 муқаррар шуда буд. Мӯҳлати он ба анҷом расид ва аз ин рӯ аз моҳи январ соҳаи сохтмон бояд 18 дар сад андоз супоранд",-гуфтанд ҳамсӯҳбатони мо дар ин раёсат.
Ба қавли масъулони ин раёсати Вазорати молия, дар пайи баррасиҳо, қарор шуд, ки мӯҳлати имтиёз ба муассисаҳои хусусии таълимӣ боз ҳам дароз карда шавад ва ин муассисаҳо мисли пешин НДС-ро дар сатҳи 5 дар сад пардохт хоҳанд кард.
Андози мактабҳои хусусӣ баррасӣ мешавад
Вале, ба гуфтаи масъулон, ҳоло онҳо машғули омӯзиши таҷрибаҳои давлатҳои дигар дар ин робита ҳастанд ва пас аз ҳосил шудани як хулосаи ниҳоӣ, андози соҳаи мактабҳои хусусиро дубора баррасӣ мекунанд.
Боло рафтани андози соҳаи сохтмон ба гуфтаи моликони ширкатҳои сохтмонӣ, ҳатман ба нархи ниҳоии манзилҳо - хусусан бисёрошёна таъсир мекунад. Бино ба гуфтаи чанде аз ҳамсӯҳбатон аз ширкатҳои сохтмонӣ, бо боло рафтани андоз нархи ҳар метри мураббаъ манзил аз 10 то 15 дарсад метавонад гарон шавад.
Абдурауф Самиев, муҳандиси ширкати сохтмонии "Анис-2010", мегӯяд, то ба ҳол ба нархи ниҳоии сохтмони биноҳои баландошёна бештар гароншавии нархи "арматура" таъсир мегузошт. Чун ин маводи сохтмонӣ аз хориҷа ворид мешавад ва бо гарон шудани доллар нархи ниҳоии он ҳам дар Тоҷикистон меафзояд.
"Аммо боло рафтани андоз ба хароҷоти сохтмон бетаъсир намемонад ва ширкат ба ғайр аз гаронтар кардани нарх дигар чора надоранд", - гуфт ин муҳандиси тоҷик.
Нархи манзили зист дубора гарон мешавад
Нархи манзил дар Душанбе зери таъсири бӯҳроне, ки аз рукуди иқтисоди Русия ба Тоҷикистон асар кард, аз соли 2014 ба ин тараф арзон мешуд. Нархи як метри мураббаъ дар баландошёнаҳои Душанбе аз 600-700 доллари қаблӣ то ба 400-500 доллар поин омад.
Дар канораҳои шаҳри Душанбе хонаҳои навсохти якҳуҷраӣ (бетаъмир) бо 12-13 ҳазор доллар ба фурӯш мерафтанд. Аммо аз моҳҳои аввали соли сипаришуда нархи манзил дубора рӯ афзоиш овард.
Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, агар дар оғози соли гузашта нархи як метри мураббаъ манзил дар шаҳри Душанбе аз 350 то 600 доллар арзиш дошт, ҳоло бинобар ҳисобҳои ин кумита, нархи як метри мураббаъ манзил дар баладношёнаҳои навсохти Душанбе 626 доллар нарх дорад.
То ин замон мақомдорони тоҷик бо вуҷуди гаронии нархи манзил мегуфтанд, он нисбат ба ҳамсоякишварҳо аз ҳама арзон аст. Аммо ин бор Аҳмадзода эътироф кард, ки нархи манзил дар шаҳри Душанбе баробар бо нархҳои ҳамсоякишвари Узбекистон ва Қирғизистон аст.
Ҳарчанд мувофиқи омори расмӣ мизони аз ҳама пасти маоши миёна дар ҳавзаи кишварҳои пасошӯравӣ дар Тоҷикистон аст, ки муодили 1265 сомонӣ, баробар ба 134 доллар аст. Зимнан, дар Тоҷикистон дар соли гузашта беш аз 1 миллион метри мураббаъ манзил сохта ба истифода дода шудааст, ки дар солҳои охир рекорди навбатӣ мебошад.
Аммо муҳандиси тоҷик Абдурауф Самиев мегӯяд, бо афзоиши андоз ва эҳтимоли ҷорӣ шудани пардохтҳои давлатӣ барои гирифтани замин ва иҷозати сохтмон дар шаҳри Душанбе, ба гумон аст, сохтмон дар кишвар он ҷӯшу хурӯше, ки ҳоло дорад, дошта бошад.