700 корманди корхонаи истихроҷи тиллои “Апрелевка” дар шимоли Тоҷикистон мегӯянд, 3 моҳ боз маош нагирифтаанд. "Апрелевка" ширкати муштараки Тоҷикистону Канада аст ва дар мавзеи Консойи шаҳри Гулистони вилояти Суғд тилло истихроҷ мекунад.
Субҳи рӯзи 15-уми феврал ҳадди ақал 4 корманди ширкат бо Радиои Озодӣ дар тамос шуда гуфтанд, ки аз моҳи ноябр инҷониб маош нагирифтаанд.
Яке аз кормандон, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт “масъулони ширкат ҳар рӯз ваъдаи маош мекунанд, аммо ҳеҷ не ки музди корро бидиҳанд. Аксар кормандон аз бонкҳо қарздор шудаанд чун барои харҷи ниёзҳои рузмараи рӯзгор аз ҷумла хариди хӯрок аз бонкҳо қарз гирифтанд."
Ҳамсуҳбати мо гуфт, борҳо бо ҳамкоронаш дар назди идораи марказии корхона ҷамъ омада талаби пардохти маош ва шарҳ додани сабаби таъхир дар пардохти онро карданд.
Аммо ба гуфтаи ӯ дар посух ба онҳо таҳдид кардаанд, ки агар намехоҳанд, корро тарк кунанд, "чун коргар бисёр аст."
“Маош талаб кунем ба мо мегӯянд, ба касе маъқул нест, аз кор равад коргар бисёр” - нақл кард, ҳамсуҳбати мо. Айни чунин шикоятро се кормандони дигари корхонаи истихроҷи тилло ба Радиои Озодӣ баён карданд.
Ба гуфтаи кормандон посбонҳову фаррошон дар корхона 400-500 сомонӣ ва ронандагони мошинҳои боркаш тақрибан 1500 сомонӣ маош мегиранд.
Мушкилӣ пеш омад, муздашонро мепардозем
Мудири шӯъбаи умумии корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада “Апрелевка” ки худро Шаҳло муаррифӣ кард, рӯзи 15-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Бинобар сабаби пеш омадани баъзе мушкилот бо Вазорати молия дар пардохти маош мушкил пеш омад. Аммо ҳама чиз ҳал мешавад. Мо имрӯз ба кормандон маоши моҳи ноябрро пардохт мекунем”.
Ин масъули корхонаи “Апрелевка” нагуфт, ки манзур аз мушкили пешомада бо Вазорати молия чист, аммо таъкид кард, ки то ду се ҳафтаи дигар мудирияти корхона талош мекунад, маоши моҳи декабри кормандонро пардохт кунад.
Мушкили саривақт напардохтани маош танҳо хоси ин ширкати истихроҷи тилло нест. Дар гузашта кормандони кони дигари тилло дар корхонаи муштараки Тоҷикистону Чини “Зарафшон” дар ноҳияи Панҷакент низ борҳо аз пардохт нашудани музд шикоят карданд.
Бинобар омори тозаи Оҷонси омори Тоҷикистон, қарзи маош дар корхонаҳо то моҳи августи соли 2018 ба 23 миллион сомонӣ, муодили 2,5 миллион доллари амрикоӣ мерасид.
Зимнан беш аз ҳама маҳз корхонаҳои истихроҷи маъдан дар пардохти маоши кормандони худ таъъир мекардаанд. Чунин корхонаҳо аз кормандони хеш наздик ба 10 миллион доллар (944 ҳазор доллар) қарздор будаанд.
Дар Тоҷикистон аксар вақт коргарон ба хотири аз даст надодани ҷойи кор, намехоҳанд, мушкили сари вақт пардохт наушдани маошро бо мақомоти дигар дар миён бигзоранд.
Аз ҷумла кормандони “Апрелевка” низ то гузашти се моҳ аз пардохт нашудани маош ба ҷое шикояти расмӣ набурдаанд.
Нерӯи зиёди корӣ ва тарс аз талаби ҳаққи худ
Ҷамшед Қуддусов роҳбари созмони “Сотсервис”, ки вазъи бозори корро дар Тоҷикистон пажӯҳиш кардааст, мегӯяд, зиёд будани нерӯи корӣ дар кишвар нархи онро поён бурдааст ва аз ин рӯ кордиҳанда дар мавқеи болотар қарор гирифтааст.
“Қувваи зиёди корӣ дар бозори меҳнат албатта ба пастшавии арзиши он оварда мерасонад. Мо инро дар Тоҷикистон мушоҳида мекунем. Аммо инҷо айби худи коргарон низ ҳаст, ки чаро сари вақт ба Хадамоти назорат дар соҳаи меҳнат муроҷиат накардаанд” - гуфт ӯ.
Ҷамшед Қуддусов афзуд, дар қонунгузории Тоҷикистон ҳама кафолатҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқи коргар ҳифз шудаанд ва коргаронро танҳо зарур аст, баҳри дифоъ аз ҳуқуқи худ талош кунанд.
Ширкати «Апрелевка» соли 1996 якҷоя бо Ширкати «ГАЛФ Интернейшнл Лтд»- и Канада ташкил карда шудааст. Манбаи ашёи хоми корхона конҳои Апрелевка, Қизил-Чеку, Бургунда ва конҳои хурди дигар мебошанд. Маҳсулоти асосӣ – хўлаи тиллою нуқраи «Доре» мебошад, ки баъдан то тиллои аз ҷиҳати химиявт тозаи иёраш олитарин (999,9) расонда мешавад.