Се узви як хонавода дар ноҳияи Кӯшониён бо эҳтимоли зиёд бар асари хориҷ шудани дуди ангишт дар хонаи худ ҳангоми хоб фавтидаанд.
Ҳодиса шаби рӯзи 10 ба 11-уми феврал рух додааст ва ҷасади падар Зокир Шокирови 49-сола, писараш Анас Шокирови 19-сола ва духтараш Мадина Шокироваи 18-соларо ҳамсояҳо субҳи рӯзи 11-уми феврал аз хонаи хобашон пайдо карданд. Ҷасади се узви хонаводаи Шокировҳо пас аз ташхис дар шифохонаи Қаряи Болои шаҳри Бохтар рӯзи 11-уми феврал ба хок супурда шуд.
Модари хонадон шаби фоҷеа дар хонаи хешовандонашон дар меҳмонӣ буда, баъди шунидани ин хабар дар бемористон бистарӣ шуд.
Азиза Бобоева, ҳамсояи Шокировҳо ва як сокини деҳаи Кирови ҷамоати Зарнисор рӯзи 12-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ҳодисаи рухдода ҳама шок шудааст. Ин зан, ки корманди як дорухонаи маҳаллӣ аст, дар ҳамсоягии оилаи Шокировҳо зиндагӣ мекунад ва бо онҳо рафтуомади наздик дошт. Бобоева мегӯяд, хонаводаи Шокировҳо дар назди ҳавлии худ як мағоза доштанд ва ҳар субҳи содиқ дари онро боз мекарданд.
Ба гуфтаи Бобоева, "ин субҳ дари мағоза баста буд. Чанд нафар харидорон омада рафтанд, боз ҳам дар маҳкам. Баъд як нафар барои харидории халтаи селофанӣ омад. Дарро тақ-тақ кардем, касе набаромад. Тирезаро ҳам сахт тақ-тақ кардем, то дараҷае, ки кушода шуд. Ҳамин лаҳза дидам, ки се нафар хобанд ва аз даҳони падари хонадон каф омадаст, рӯяшон каб-кабуд шуда буд",-гуфт Бобоева.
Ин ҳамсояи оилаи Шокировҳо гуфт, бо онҳо робитаи хеле наздики ҳамсоягӣ дошт ва фарзандони ин хонадонро ҳам мисли фарзандони худ дӯст медошт. Ҳоло ин ҳодиса ҳамаи ҳамсояву наздиконро ғамзада кардааст.
Ба гуфтаи Бобоева, ҳамсояҳову наздикон билофосила як нозири минтақавиро ба ҷои ҳодиса даъват карданд ва бо ёрии мардон ҳамаи ҷасадҳоро зуд ба беморхона интиқол доданд. Ба гуфтаи ӯ, умеди онҳо ба он, ки онҳо зинда ҳастанд, барбод рафт. Табибон хабар доданд, ки ин се нафар аллакай ҷон бохтаанд.
Модари хонадон шаби фоҷеа дар хонаи хешовандонашон дар меҳмонӣ буда, баъди шунидани ин хабар дар бемористон бистарӣ шуд.
Натиҷаи ташхис ҳоло эълон нашудааст, вале чанд нафар аз ҳамсояҳои оилаи Шокировҳо мегӯянд, онҳо дар утоқе ҳангоми хоб фавтиданд, ки бухорӣ (печка) дошт ва дар он ангишт месӯхт. Ба гуфтаи ҳамсояҳо, маҳз хориҷ шудани гази заҳролуди ангишт метавонист сабаби асосии марги ин хонавода бошад.
Сардиҳои зимистон боиси он мешавад, ки бинобар сарфаи сӯзишворӣ ва имкони гарм кардани як утоқ, аъзои хонавода дар як утоқ шабро рӯз кунанд.
Ҳодисаҳои фавти сокинон дар Тоҷикистон дар фасли зимистон бинобар хориҷ шудани дуди заҳрноки ангишт ҳангоми хоб қаблан ҳам рух дода буд. Январи соли 2017 дар ноҳияи Ҳисор бо ҳамин сабаб як ҷуфти 54 ва 55-сола фавтиданд.
Феврали он сол дар ноҳияи Панҷакент ҳам бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт чаҳор узви хонаводае заҳролуд шуда, писарбачаи нӯҳсолаашон ҷон дод. Табибон тавонистанд ҷони се узви дигари оиларо наҷот диҳанд.