Бозии ниҳоӣ миёни дастаҳои “Равшан” ва “Хатлон” рӯзи якшанбе, 18-уми октябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бе ҳузури тамошогарон доир гардид. Голи ягонаро ҳимоятгар Далер Шомуродов дар дақиқаи 67-ум аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метрӣ ба ҳадаф расонд.
Дар маросими мукофотсупорӣ, ки баъди анҷоми бозии ниҳоӣ баргузор шуд, ба дастаи ғолиб – “Равшан” - ба ҷуз аз Ҷоми Тоҷикистон ва медалҳои тилло ҷоизаи молӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ ва ба финалист – «Хатлон» - медалҳои нуқра ва 15 ҳазор сомонӣ супурда шуд.
Ғайр аз ин, ба нимҳимоятгари “Равшан” Абдураҳмон Нозимов, ки дар финал бозигари беҳтарин дониста шуд, мукофоти пулӣ ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.
Ғайраталӣ Мираҳмадов, сармураббии дастаи “Равшан”, аз пирӯзии дастааш дар Ҷоми Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ карда, гуфт, “имсол дар назди мо танҳо як вазифа - ба даст овардани роҳхат ба лигаи олии Тоҷикистон гузошта шуда буд. Мо аз ӯҳдаи иҷрои ин вазифа баромадем. Дар мавриди Ҷоми кишвар бошад, роҳ ба финал душвор буд. Бачаҳо хуб мефаҳмиданд, ки танҳо як қадам мондааст, қадами душвортарин. Ҳамаи футболбозон бозии ниҳоиро бесаброна интизор буданд. Онҳо бо руҳияи баланд ба майдон ворид шуда, маҳорати хуб нишон дода, пирӯз гаштанд. Аз он хурсандем, ки мо тавонистем Ҷомро болои сари худ баланд бардорем.”
Ёдовар мешавем, “Равшан” барои ба финал роҳ пайдо кардан бар тимҳои «Ҳулбук»-и Восеъ (3:2), «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ (3:2), «Истиқлол»-и Душанбе (4:2) ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода (1:0) ғолиб омада буд.
Қаблан «Равшан» (соли 2003 даста «Олимп-Ансол» ном дошт) се бор ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфта, танҳо як маротиба - соли 1994 – ғолиб шуда буд. Футболбозони шаҳри Кӯлоб дар бозии ниҳоӣ бар дастаи «Шодмон»-и Ҳисор бо ҳисоби 2:1 ғалаба карданд.
«Хатлон» бошад, дар таърихи худ (пештар даста «Вахш» ном дошт) чаҳор маротиба ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ пайдо карда, ду бор – солҳои 1997 ва 2003 – баранда шудааст.
Бояд гуфт, ки ба иллати пандемияи коронавирус бозиҳои Ҷоми Тоҷикистон-2020 дар варзишгоҳҳо бе ҳузури тамошогарон баргузор шуданд. Андозаи мусобиқа имсол тағйир ёфт. Агар солҳои қаблӣ дар ҳар марҳила дастаҳо ду бозӣ (дар хона ва меҳмонӣ) анҷом медоданд, дар мавсими соли 2020 ҳар як марҳила аз як бозӣ иборат буд.
Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон бори 28-ум баргузор шуд. Ҳамагӣ даҳ даста барандаи Ҷом гардидааст. Аз ҳама бештар – ҳашт бор - “Истиқлол”-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода шаш бор, “Хуҷанд”-и Хуҷанд чаҳор бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе, “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров ва “Равшан”-и Кӯлоб дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.
Ҷоми Тоҷикистон-2020
Финал
18-уми октябр (якшанбе)
«Равшан» - «Хатлон» - 1:0
Гол: Далер Шомуродов, 67 – аз пеналтӣ.
«Равшан» (Кӯлоб): Рустам Ризоев, Ҳасан Рустамов, Далер Шомуродов, Сайидамири Сайидаҳмад, Музаффар Назаров (Довуд Розиқов, 69), Сафаралӣ Каримов, Абдураҳмон Нозимов, Далер Чолов, Саидхони Амрохон (Шодӣ Муродов, 46), Наврӯз Рустамов (Умед Бадалов, 90+3), Зокир Абдулхайров (Амирҷони Фаррухзод, 46).
«Хатлон» (Бохтар): Куайе Годсон, Муҳаммад Насков, Равшан Азизов, Ҳусейн Нурматов, Тони Бикатал (Фирдавс Алиназаров, 89), Сорбон Авғонов, Умарҷон Шарипов, Худойдод Узоқов (Саидшо Бозоров, 61), Парвиз Боқӣ-Охунов, Суннатулло Исмоилов (Мфуапон Аласса, 70), Жан Гатен НД.
Огоҳӣ гирифтвнд: Сафаралӣ Каримов, Далер Чолов, Ҳасан Рустамов («Равшан»), Жан Гатен НД, Тони Бикатал («Хатлон»).
Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Абдураҳмон Нозимов («Равшан»).
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
18-уми октябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ.
Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон (1992 – 2020):
1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0
1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 5:3
1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1
1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2
1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0
1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1
1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1
1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ– 4:2
2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2
2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1
2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0
2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1
2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0
2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 3:1
2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1
2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима» (Душанбе) – 1:0
2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1
2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1
2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0
2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1
2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 5:6
2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0
2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5
2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2
2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2
2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ - 4:2.
2020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Хатлон» (Бохтар) – 1:0.