Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб се давр пеш аз анҷоми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон ҳадди ақал кафолати гирифтани медалҳои нуқра ва ҳаққи ширкат дар Лигаи олиро дар мавсими соли 2021 ба даст овард.
Футболбозони шаҳри Кӯлоб 3-юми октябр дар даври нуздаҳуми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон дар майдони худ бар тими “Шоҳмансур”-и Душанбе бо ҳисоби бузурги 4:0 пирӯз шуданд. “Равшан”, ки дар 18 бозӣ 45 имтиёз гирифтааст, дар ҷадвали мусобиқа дар зинаи аввал ҷойгир шудааст.
“Эсхата”-и Хуҷанд бо 37 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад. Хуҷандиҳо дар бозии даври гузашта дар майдони худ аз “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрданд. “Панҷшер”, ки 35 имтиёз дорад, дар ҷадвали мусобиқа мақоми севумро касб намудааст.
Натоиҷи се бозии дигари даври нуздаҳум чунин аст: “Моҳир” (Ёвон) - “Ҳулбук” (Восеъ) - 2:0, “Барқчӣ” (Ҳисор) - «Ваҳдат» (Ваҳдат) – 3:1, “Саройкамар” (Панҷ) -– «Равшан» (Зафаробод) – 0:3.
Бозиҳои даври бистуми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон рӯзҳои 7-8-уми октябр баргузор мешаванд.
Мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 19-ум
«Моҳир» – «Ҳулбук» – 2:0
Голҳо: Наимҷон Почохонов, 33 (1:0). Баҳровар Ҳалимов, 76 (2:0).
Беҳтарин бозигари дидор: Манучеҳр Хидиров («Моҳир»).
«Барқчӣ» – «Ваҳдат» – 3:1
Голҳо: Муҳаммад Буризод, 9 (1:0). Шерзод Дадабоев, 45+1 – аз пеналтӣ (2:0). Самариддин Расулов, 54 (2:1). Ҳакимҷон Ҳасанов, 88 (3:1).
Беҳтарин бозигари дидор: Муҳаммад Буризод («Барқчӣ»).
«Равшан» (Кӯлоб) – «Шоҳмансур» – 4:0
Голҳо: Далер Чолов, 59 (1:0). Зокир Абдулхайров, 65 (2:0). Сафаралӣ Каримов, 67 (3:0). Умед Бадалов, 87 (4:0).
Беҳтарин бозигари дидор: Ҷамшед Буриев («Шоҳмансур»).
«Саройкамар» – «Равшан» (Зафаробод) – 0:3
Голҳо: Парвиз Деҳқонов, 37 (0:1). Зиёвуддин Фузайлов, 65 (0:2). Бахтиёр Зарипов, 78 (0:3).
Беҳтарин бозигари дидор: Аҳлиддин Ҳабибуллоев («Равшан» Зафаробод).
«Эсхата» – «Панҷшер» – 1:3
Голҳо: Нарзулло Раҷабов, 4 (1:0). Насим Маматқулов, 68 (1:1). Абдухалил Боронов, 77 (1:2). Насим Маматқулов, 89 (1:3).
Беҳтарин бозигари дидор: Абдулатиф Тоҷиаҳмадов («Панҷшер»).
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Равшан» (Кӯлоб) |
18 |
15 |
0 |
3 |
66-31 |
45 |
2 |
«Эсхата» (Хуҷанд) |
18 |
12 |
1 |
5 |
47-30 |
37 |
3 |
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) |
19 |
10 |
5 |
4 |
49-23 |
35 |
4 |
«Равшан» (Зафаробод) |
19 |
9 |
5 |
5 |
38-25 |
32 |
5 |
«Ҳулбук» (Восеъ) |
19 |
9 |
3 |
7 |
36-31 |
30 |
6 |
«Моҳир» (Ёвон) |
19 |
8 |
2 |
9 |
44-58 |
26 |
7 |
«Ваҳдат» (Ваҳдат) |
19 |
7 |
5 |
7 |
47-34 |
26 |
8 |
«Барқчӣ» (Ҳисор) |
19 |
8 |
1 |
10 |
36-37 |
25 |
9 |
«Саройкамар» (Панҷ) |
19 |
6 |
4 |
9 |
38-43 |
22 |
10 |
«Ҳосилот» (Фархор) |
18 |
6 |
3 |
9 |
28-35 |
21 |
11 |
«Исфара» (Исфара) |
18 |
6 |
1 |
11 |
28-43 |
19 |
12 |
«Шоҳмансур» (Душанбе) |
19 |
0 |
2 |
17 |
12-79 |
2 |
Нишонзанҳо: Аваз Камчинов («Ҳулбук») – 25 тӯб, Мубинҷон Муъминов («Эсхата»), Баҳровар Ҳалимов («Моҳир») – 18-тӯбӣ, Насим Маматқулов («Панҷшер») – 13 тӯб.
Даври 20-ум
7 октябр (чоршанбе)
Оғози бозиҳо – соати 15:30
«Шоҳмансур» – «Ҳосилот»
«Ваҳдат» – «Равшан» (Кӯлоб)
«Ҳулбук» – «Барқчӣ»
«Саройкамар» – «Моҳир»
8 октябр (панҷшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 15:30
«Равшан» (Зафаробод) – «Панҷшер»
«Исфара» – «Эсхата»