Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Эсхата" баъди "Равшан" ба Лигаи олӣ роҳхат гирифт


Дастаи "Эсхата"-и Хуҷанд.
Дастаи "Эсхата"-и Хуҷанд.

Дастаи “Эсхата”-и Хуҷанд ду давр пеш аз анҷоми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон соҳиби роҳхати дуюм ба лигаи олӣ дар мавсими соли 2021 гардид. Қаблан дастаи "Равшан"-и Кӯлоб ба лигаи олӣ роҳхат гирифта буд.

“Эсхата” дар бозии мавқуфгузоштаи даври шонздаҳум дар майдони худ тими “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард. Голҳои Мубинҷон Муъминов, Боҳирҷон Сангинбоев ва Амирҷон Раҳимов ба «Эсхата» пирӯзӣ овард. Ҳамин тариқ, “Эсхата”, ки 43 имтиёз дорад ва дар ҷадвали мусобиқа мақоми дувумро касб намудааст, соҳиби роҳхат ба лигаи олӣ гардид.

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар 20 бозӣ 48 имтиёз гирифтааст, дар ҷадвали мусобиқа дар зинаи аввал ҷойгир шудааст. Тими “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ бо касби 35 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа мақоми севумро азони худ кардааст.

Ба ин тартиб, мубориза барои дар мусобиқаи имсолаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон ғолиб шудан дар ду даври охирин миёни ду дастаи пешсафи ҷадвал – “Равшан”-и Кӯлоб ва “Эсхата”-и Хуҷанд – авҷ хоҳад гирифт.

Бозиҳои даври 21-уми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон рӯзҳои 20-21-уми октябр баргузор мешаванд.

Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Бозии мавқуфгузоштаи даври 16-ум

«Эсхата» (Хуҷанд) – «Равшан» (Кӯлоб) – 3:0

Голҳо: Мубинҷон Муъминов, 66 (1:0). Боҳирҷон Сангинбоев, 68 (2:0). Амирҷон Раҳимов, 82 (3:0).

Огоҳӣ гирифтанд: Амирҷон Раҳимов («Эсхата»), Артур Шабрин («Равшан»-и Кӯлоб).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Боҳирҷон Сангинбоев («Эсхата»).

14-уми октябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак».

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Равшан» (Кӯлоб)

20

16

0

4

68-34

48

2

«Эсхата» (Хуҷанд)

20

14

1

5

54-31

43

3

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

20

10

5

5

49-26

35

4

«Равшан» (Зафаробод)

20

10

5

5

41-25

35

5

«Ҳулбук» (Восеъ)

20

10

3

7

37-31

33

6

«Ҳосилот» (Фархор)

20

8

3

9

35-36

27

7

«Моҳир» (Ёвон)

20

8

3

9

46-60

27

8

«Ваҳдат» (Ваҳдат)

20

7

5

8

47-36

26

9

«Барқчӣ» (Ҳисор)

20

8

1

11

36-38

25

10

«Саройкамар» (Панҷ)

20

6

5

9

40-45

23

11

«Исфара» (Исфара)

20

6

1

13

29-50

19

12

«Шоҳмансур» (Душанбе)

20

0

2

18

13-83

2

Нишонзанҳои беҳтарин: Аваз Камчинов («Ҳулбук») – 26 тӯб, Мубинҷон Муъминов («Эсхата») – 21 тӯб, Баҳровар Ҳалимов («Моҳир») – 18 тӯб.

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 21-ум

20 октябр (сешанбе)

Оғози бозиҳо – соати 14:30

«Барқчӣ» – «Саройкамар»

«Ҳосилот» – «Ваҳдат»

21 октябр (чоршанбе)

Оғози бозиҳо – соати 14:30

«Равшан» (Кӯлоб) – «Ҳулбук»

«Моҳир» – «Равшан» (Зафаробод)

«Эсхата» – «Шоҳмансур»

«Панҷшер» – «Исфара»

Даври 22-юм

25 октябр (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 14:30

«Равшан» (Зафаробод) – «Исфара»

«Шоҳмансур» – «Панҷшер»

«Ваҳдат» – «Эсхата»

«Ҳулбук» – «Ҳосилот»

«Саройкамар» – «Равшан» (Кӯлоб)

«Моҳир» – «Барқчӣ»

XS
SM
MD
LG