Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Финали Ҷоми Тоҷикистон-2020: кадом даста ғолиб меояд - "Равшан" ё "Хатлон"?


Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 бо иштироки ду дастаи вилояти Хатлон - Равшан”-и Кӯлоб ваХатлон”-и Бохтар рӯзи якшанбе, 18-уми октябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад. Бозии ҳалкунанда, ки соати 14:00 оғоз меёбад, бе ҳузури тамошогарон доир мегардад.

Ёдовар мешавем, “Равшан” барои ба финал роҳ пайдо кардан бар тимҳои «Ҳулбук»-и Восеъ (3:2), «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ (3:2), «Истиқлол»-и Душанбе (4:2) ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода (1:0) ғолиб омад.

«Хатлон» бошад, барои ба финал баромадан бар дастаҳои «Файзканд»-и Восеъ (2:1), «Эсхата»-и Хуҷанд (1:0) ва «Истаравшан»-и Истаравшан (2:0) пирӯз шуд.

Қаблан «Равшан» (соли 2003 даста «Олимп-Ансол» ном дошт) се бор ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфта, танҳо як маротиба - соли 1994 – ғолиб шудааст. Футболбозони шаҳри Кӯлоб дар бозии ниҳоӣ бар дастаи «Шодмон»-и Ҳисор бо ҳисоби 2:1 ғалаба карданд.

«Хатлон» дар таърихи худ (пештар даста «Вахш» ном дошт) чаҳор маротиба ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ пайдо карда, ду бор – солҳои 1997 ва 2003 – баранда шудааст.

Бояд гуфт, ки 17 сол муқаддам – соли 2003 – дастаҳо бо ҳам дар финали Ҷоми Тоҷикистон рақобат кардаанд. Он замон бозӣ бо пирӯзии футболбозони шаҳри Қӯргонтеппа (ҳозира Бохтар) бо ҳисоби 3:1 анҷом пазируфта буд.

Бозиҳои Ҷоми Тоҷикистон-2020 дар варзишгоҳҳо бе ҳузури тамошогарон баргузор шуданд. Бояд гуфт, ки имсол андозаи мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон тағйир ёфт. Агар солҳои қаблӣ дар ҳар марҳила дастаҳо ду бозӣ (дар хона ва меҳмонӣ) анҷом медоданд, дар мавсими соли 2020 ҳар як марҳила аз як бозӣ иборат аст.

Агар замони асосии бозии ниҳоӣ бо ҳисоби мусовӣ ба поён расад, онгоҳ ду қисми 15-дақиқаӣ таъйин мегардад. Агар дар замони изофӣ ғолиб муайян нашавад, онгоҳ бар асоси дастури FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) ғолибро силсилаи пеналтӣ ё зарбаҳои 11-метрӣ маълум хоҳад кард.

Ҷоми Тоҷикистон-2020

Финал

18-уми октябр (якшанбе)

Оғози бозӣ соати 14:00

«РАВШАН» (КӮЛОБ) - «ХАТЛОН» (БОХТАР)

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон бори 28-ум баргузор шудааст. Ҳамагӣ даҳ даста барандаи Ҷом гардидааст. Аз ҳама бештар – ҳашт бор - “Истиқлол”-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода шаш бор, “Хуҷанд”-и Хуҷанд чаҳор бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа (ҳозира «Хатлон»-и Бохтар), “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

Натиҷаҳои ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон (1992 – 2019):

1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0

1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 5:3

1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1

1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2

1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0

1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1

1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1

1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ– 4:2

2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2

2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1

2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0

2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1

2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0

2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 3:1

2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1

2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима» (Душанбе) – 1:0

2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1

2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1

2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 5:6

2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5

2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ - 4:2.

XS
SM
MD
LG