Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба "Равшан" барои бозгашт ба Лигаи олӣ як қадам монд


Дастаи "Равшан"-и Кӯлоб. Акс аз бойгонӣ.
Дастаи "Равшан"-и Кӯлоб. Акс аз бойгонӣ.

Ба дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар даври ҳаждаҳуми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон дар меҳмонӣ бар тими “Исфара”-и шаҳри Исфара бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд, барои ба Лигаи олӣ баромадан як қадам мондааст. “Равшан”, ки дар 17 бозӣ 42 имтиёз гирифтааст, дар ҷадвали мусобиқа дар зинаи аввал ҷойгир шудааст.

Футболбозони шаҳри Кӯлоб рӯзи шанбе, 3-юми октябр, дар даври нуздаҳум дар майдони худ бо дастаи “Шоҳмансур”-и Душанбе рақобат мекунанд. Дар сурати пирӯзӣ “Равшан” пешакӣ ғолиби мусобиқаи Лигаи аввал ва соҳиби роҳхат ба Лигаи олӣ мешавад.

“Эсхата”-и Хуҷанд бо 37 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад. Хуҷандиҳо дар бозии даври гузашта дар меҳмонӣ бар «Равшан»-и Зафаробод бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуданд.

“Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ, ки 32 имтиёз дорад, дар ҷадвали мусобиқа мақоми севумро касб намудааст. “Панҷшер” дар бозии даври ҳаждаҳум бар дастаи меҳмон - “Ҳосилот”-и Фархор - бо ҳисоби бузурги 5:1 ғолиб омад.

Натоиҷи ду бозии дигари даври ҳаждаҳум чунин аст: “Ҳулбук” (Восеъ) – “Саройкамар” (Панҷ) - 3:2, «Ваҳдат» (Ваҳдат) – “Моҳир” (Ёвон) - 6:1.

Бозиҳои даври нуздаҳуми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон рӯзҳои 3-4-уми октябр баргузор мешаванд.

Мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 18-ум

«Ваҳдат» – «Моҳир» – 6:1

Голҳо: Фаридун Нарзуллоев, 6 (1:0). Фирдавс Файззода, 18 – аз пеналтӣ (2:0). Фирдавс Файззода, 64 (3:0). Далер Ризоев, 67 (4:0). Самариддин Расулов, 86 (5:0). Баҳровар Ҳалимов, 88 (5:1). Самариддин Расулов, 90+2 – аз пеналтӣ (6:1).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Фирдавс Файззода («Ваҳдат»).

«Ҳулбук» – «Саройкамар» – 3:2

Голҳо: Соҳибҷон Ваҳобов, 8 (0:1). Акмалҷон Авазов, 12 (0:2). Аваз Камчинов, 48 (1:2). Аваз Камчинов, 58 – аз пеналтӣ (2:2). Аваз Камчинов, 66 (3:2).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Аваз Камчинов («Ҳулбук»).

«Равшан» (Зафаробод) – «Эсхата» – 2:3

Голҳо: Хурсандмурод Ҷумъаев, 18 (1:0). Рустам Сабуров, 26 (1:1). Мубинҷон Муъминов, 46 (1:2). Рустам Сабуров, 57 (1:3). Зиёвуддин Фузайлов, 72 (2:3).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Рустам Сабуров («Эсхата»).

«Панҷшер» – «Ҳосилот» – 5:1

Голҳо: Гурез Аслонов, 7 (1:0). Насим Маматқулов, 19 (2:0). Насим Маматқулов, 31 (3:0). Абдухалил Боронов, 42 (4:0). Гурез Аслонов, 48 (5:0). Эмомалӣ Алиҷон, 85 (5:1).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Шоҳин Ҷалилов («Панҷшер»).

«Исфара» – «Равшан» (Кӯлоб) – 2:3

Голҳо: Хушбахт Назиров, 9 (1:0). Идрис Мамадов, 31 – ба дарвозаи худ (1:1). Ҳадис Қодиров, 38 (2:1). Умедҷон Бадалов, 88 (2:2). Фирдавс Мусоев, 90+4 – ба дарвозаи худ (2:3).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Ҳасан Рустамов («Равшан» Кӯлоб).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Равшан» (Кӯлоб)

17

14

0

3

62-31

42

2

«Эсхата» (Хуҷанд)

17

12

1

4

46-27

37

3

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

18

9

5

4

46-22

32

4

«Ҳулбук» (Восеъ)

18

9

3

6

36-29

30

5

«Равшан» (Зафаробод)

18

8

5

5

35-25

29

6

«Ваҳдат» (Ваҳдат)

18

7

5

6

46-31

26

7

«Моҳир» (Ёвон)

18

7

2

9

42-58

23

8

«Саройкамар» (Панҷ)

18

6

4

8

38-40

22

9

«Ҳосилот» (Фархор)

18

6

3

9

28-35

21

10

«Барқчӣ» (Ҳисор)

17

6

1

10

30-36

19

11

«Исфара» (Исфара)

18

6

1

11

28-43

19

12

«Шоҳмансур» (Душанбе)

17

0

2

15

12-72

2

Нишонзанҳо: Аваз Камчинов («Ҳулбук») – 25 тӯб, Мубинҷон Муъминов («Эсхата») – 18 тӯб, Баҳровар Ҳалимов («Моҳир») – 17 тӯб.

Даври 19-ум

3 октябр (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 15:30

«Моҳир» – «Ҳулбук»

«Барқчӣ» – «Ваҳдат»

«Равшан» (Кӯлоб) – «Шоҳмансур»

4 октябр (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 15:30

«Саройкамар» – «Равшан» (Зафаробод)

«Ҳосилот» – «Исфара»

«Эсхата» – «Панҷшер»

XS
SM
MD
LG