Як ҷавони тоҷик иддао дорад, ки ду ҳамкораш ӯро барои ҳамҷинсгаро будан задаанд. Вай талаб дорад, ки озордиҳандаҳо муҷозот шаванд ва барояш ҷуброни зарар бипардозанд. Мақомот гуфтанд, ки аз ҳодиса хабар доранд ва дар ин робита парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст.
Номи ҷавон ба мо маълум аст, аммо ба далели ахлоқӣ ва амниятӣ нашр намешавад. Ӯ донишҷӯйи яке аз донишгоҳҳои шаҳри Душанбест ва дар баробари таҳсил дар сартарошхонае кор мекард.
Пинҳон намедорад, ки ҳамҷинсгаро аст. Мегӯяд, баъди огоҳ шудан аз ин рафтораш, ҳамкорон ӯро латукӯб карданд. Дар ин ҳодиса ҷоғи ӯ шикаста ва майнаи сараш лат хӯрдааст.
"Гуфтам, ки нисбат ба ман бадрафторӣ накунед, аммо онҳо заданд. Аз ҳуш рафтам. Вақте ба худ омадам, боз заданд. Ташхис нишон дод, ки сахт маҷрӯҳ шудаам. Аз ин ҳисоб ҳам асабӣ шудаам ва ҳам фаромӯшхотир", -- нақл кард ӯ рӯзи 13-уми ноябр.
Вай гуфт, дар хурдсолӣ як ҷавони ҳамсоя ба номусаш таҷовуз карда буд ва ин ҳодиса баъдан зиндагии ӯро пурра тағйир дод. Мегӯяд, 23-сола аст ва ду моҳ боз бо бастаи ҳуҷҷатҳо дар ба дари мақомот мегардад.
Ҷавон барои расидагӣ ба қазияаш ба Додситонии кул ва дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон муроҷиат кардааст. Дар ҷавоб намояндагни Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтаанд, "дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии пойтахт парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, дар тафтиши пешакӣ қарор дорад." (Нусхаи нома дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст)
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар ҳоле ки бештари ҳамҷинсгароён аз тарси беобрӯ шудани худ ва хонавода дар баробари ҳама хушунату озорҳо хомӯш меистанд, ин ҷавон мегӯяд, барои ҷазо гирифтани омилони латукӯбаш кӯшиш дорад. Аммо айни замон мегӯяд, овозаи ҳамҷинсгаро будани ӯ дар миёни атрофиён бештар паҳн шудааст ва ҳарос дорад, ки мавриди шиканҷа ва таҳқири бештар қарор нагирад.
Ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон зиндагии пӯшида доранд. Аксаран намехоҳанд, ки атрофиён ва наздикон аз майли ҳамҷинсгароии онҳо огаҳӣ дошта бошанд ва худи онҳо низ тарафдори он нестанд, ки сиррашон фош шуда, ангуштнамои хосу ом гарданд.
Ба гуфтаи созмонҳои мудофеъ аз ҳуқуқи ҳамҷинсгароён, ҳамин омил боис шудааст, ки ҳамҷинсгароён мавриди бадрафторӣ ва "шантаж" қарор бигиранд. Се сол пеш се милисаи тоҷикро бо гумони "шантаж" ё талаби пул дар ивази хомӯшӣ аз як ҳамҷинсгаро боздошт карда буданд.
Як ҳомии ҳуқуқи ҳамҷинсгароён бе зикри номаш гуфт, дар бештари мавридҳо арзи ҳамҷинсгароён шунида намешавад. Бахусус, вақте шикоят аз он бошад, ки маҳз ба хотири ҳамҷинсгароӣ мавриди латукӯб ва таҳдиду дашному ҳақорат қарор гирифта бошанд.
Дар Тоҷикистон бештар созмонҳои ҷамъиятие, ки бо дарёфти грант фаъолият мекунанд, ба ин гурӯҳи одамон ёрии ҳуқуқиву равонӣ мерасонанд. Як ҳамсӯҳбати мо дар созмони ҷамъиятие, ки бо ин гурӯҳи одамон кор мекунад, гуфт, ҳоло дар Душанбе ҳудуди даҳ созмону ниҳодҳои мустақил ба ҳамҷинсгароҳо кумаки ҳуқуқӣ мерасонанд.
"Чунин созмонҳо дар вилояти Суғду Хатлон низ фаъоланд. Ҳамаи онҳо дар Вазорати адлия сабтином шудаанд. Дар сурати шикояти ҳамҷинсгароён аз бадрафторӣ бо онҳо, ин созмонҳо метавонанд ба онҳо кумак расонанд. Баъзе аз ин созмонҳо барои дарёфти паноҳандагии ҳамҷинсгароён низ мусоидат мекунанд", -- шарҳ дод ӯ.
Борҳо наворҳои латукӯби ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд. Баъзе аз мардум аз онҳо танқид мекунанд, бархеи дигар барои риояи ҳуқуқашон ҳамчун ақаллияти ҷинсӣ даъват мекунанд.
Бо ин ҳол, омори дақиқи ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон маълум нест. Бунёди глобалии мубориза бо СПИД соли 2015 мардону занони ҳамҷинсгароро дар Тоҷикистон наздик ба 30 ҳазор шумурда буд.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон соли 2017 феҳрасти беш аз 300 узви ҷомеаи ҳамҷинсгароҳоро тартиб дода гуфтанд, ки онҳо ба “гурӯҳи хатар” ё риск шомил ҳастанд. Баъд аз он ки феҳраст мавриди нигарониву маҳкумияти гурӯҳҳои ҳуқуқи башар қарор гирифт, мақомот гуфтанд, феҳрастро бо ҳадафи таъмини амнияти онҳо тартиб додаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
HRW: "Вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон бадтар шудааст"Тавсияҳои СММ барои риояти ҳуқуқи инсон дар ТоҷикистонТоҷикистон барои сайёҳони ҳамҷинсгаро "хатарнок" гуфта шудСММ ба Тоҷикистон: "Ташхиси бакоратро аз байн баред"Табибони тоҷик ҳамҷинсгароҳоро бемор мешуморанд. ВИДЕОТоҷикистон "бо назардошти менталитет ҳамҷинсгароёнро ба артиш намебарад"Боздошти се милиса барои “шантаж”-и як ҳамҷинсгаро дар Тоҷикистон