Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон "бо назардошти менталитет ҳамҷинсгароёнро ба артиш намебарад"


Ҳайати Тоҷикистон дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ. Женева, моҳи ноябри соли 2012. Акс аз бойгонӣ
Ҳайати Тоҷикистон дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ. Женева, моҳи ноябри соли 2012. Акс аз бойгонӣ

Гурӯҳе аз мақомоти баландпояи Тоҷикистон, аз ҷумла Юсуф Раҳмон, додситони кулл зоҳиран маҷбур мешаванд, моҳи оянда ба суолҳои сахти даҳҳо намояндаи кишварҳои гуногун дар бораи озору азияти ҳамҷинсгароён ва истифодаи шиканҷа посух бидиҳанд.

Дар ин муддат мақомоти интизомӣ ҳеҷ шикояте аз афроди ин табақа дар бораи маҳдуд намудани ҳуқуқи онҳо нагирифтааст.

Аз мақомоти тоҷик чӣ мепурсанд?

Рӯзи 4-уми май нишасти Кумитаи Созмони Милал ба зидди шиканҷа баргузор мешавад ва дар он ҳайати расмӣ иборат аз намояндагони баландпояи дастгоҳи иҷроияи президент, Вазорати умури дохилӣ ва Вазорати адлия барои посух додан ширкат мекунанд.

Аз мақомоти Тоҷикистон хоҳанд пурсид, ки чаро дар кишвар маргу мири зиндониён зиёд аст. Бино ба омори расмӣ, танҳо дар зарфи ду сол, яъне солҳои 2015 - 2017 дар зиндонҳо 174 нафар фавтидаанд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, аз ин миён 163 нафар бар асари бемориҳои гуногун аз ҷумла сил ҷон додаанд ва чаҳор нафари дигар худкушӣ кардаанд. Ҳомиёни байналмилалии ҳуқуқ мегӯянд, бо назардошти гузоришҳои зиёд дар бораи истифодаи шиканҷа дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон, фавти зиндониён мояи нигаронии амиқ аст.

Ленур Каримов, намояндаи Бунёди Ҳуқуқи Инсони Ҳелсинки, қароргоҳаш дар Лаҳистон, ки гузориши алтернативие ба Кумитаи Созмони Милал ба зидди шиканҷа омода кардаанд, рӯзи 17-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, марги зиндониён аз чанд ҷиҳат мояи изтироб аст.

"Пеш аз ҳама ҳуқуқ ба зиндагӣ поймол мешавад. Дувум инки агар марг бар асари шиканҷа бошад, пас, ҳаққи эмин будан аз шиканҷаро нақз мекунанд. Марг дар зиндон як нақзи фоҳиши ҳуқуқи инсон аст, чун инсон вақте ба зиндон меафтад, бо ҳамон вазъи саломатие, ки дошт, бояд аз он берун ояд. Дар зиндон масъулияти ҳифзи саломатии инсон давлат аст”, – мегӯяд ӯ.

Намунаи фавти чанд нафар дар боздоштгоҳҳо

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, ба нишасти Кумитаи Созмони Милал ба зидди шиканҷа хоҳад рафт
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, ба нишасти Кумитаи Созмони Милал ба зидди шиканҷа хоҳад рафт

Дар гузориши созмон дар бораи истифодаи шиканҷа дар Тоҷикистон, фавти чанд нафарро намуна овардаанд, ки ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ дар боздоштгоҳҳо ва бо сабабҳои номаълуме ҷон додаанд. Дар ин гузориш, ки дар ихтиёри Радиои Озодӣ низ ҳаст, марги Саймурод Орзуев, сокини Нурободро мисол овардаанд, ки ӯро рӯзи 25-уми май баъди як садамаи нақлиётӣ ба шӯъбаи корҳои дохилӣ бурданд ва “баъди 5 рӯз ҷасадашро аз назди пул пайдо карданд”. Волидонаш мегӯянд, дар бадани писари 30-солаашон осори шиканҷа дида мешуд.

Алӣ Орзуев, падари Саймурод Орзуев
Алӣ Орзуев, падари Саймурод Орзуев

Намунаи дигар марги Шамсиддин Зайдуллоев, сокини шаҳри Душанбе аст, ки соли 2015 бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дастгир шуд ва дар боздоштгоҳи Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир даргузашт. Қарор аст, шикояти волидони Шамсиддин рӯзи душанбеи оянда дар додгоҳ баррасӣ шавад.

Ленур Каримов мегӯяд, марги муттаҳамон ба ҷиноят дар боздоштгоҳ қонуншиканиест, ки набояд таҳаммул шавад. Ӯ гуфт, “ин бисёр бад аст, ки инсон ҳангоми бозпурсӣ ҳалок мешавад ва то ба додгоҳ намерасад. Бояд бар зидди ин зуҳуроти бад мубориза бурд, ки мутаассифона дар Тоҷикистон чунин ҳолатҳо дида мешаванд.”

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки барои маҳви шиканҷаву бадрафторӣ дар боздоштгоҳу зиндонҳо чораҳои зиёд меандешанд. Додситонии кулл мегӯяд, соли 2017 21 шикоят дар бораи истифодаи шиканҷа гирифтааст ва ҳамаи онҳо дақиқ тафтиш мешаванд ва онҳое, ки қонунро зери по кардаанд, ҷазо хоҳанд гирифт.

Вале ба гуфтаи Ленур Каримов, давлати Тоҷикистон барои аз байн бурдани шиканҷа кори зиёдеро бояд анҷом бидиҳад. "Масъалаи шиканҷа дар Тоҷикистон масъалаи бузург аст. Барои маҳви он набояд фақат бо милиса кор кард. Инҷо масъалаи мустақилии додгоҳҳо низ ҳаст. Бояд додгоҳҳое бошанд, ки иҷоза надиҳанд, омилони шиканҷа беҷазо монанд ё эътирофи ҳосилшуда аз роҳи шиканҷаро ба инобат нагиранд. Агар додгоҳҳо ба инобат гирифтани эътирофоти таҳти шиканҷа ҳосилшударо ба инобат нагиранд, мубориза бо шиканҷа осон намешавад", - гуфт мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Гузориши дигар - дар бораи вазъи ҳамҷинсгароҳо

Дар шаҳри Женева дар баробари талошҳои Тоҷикистон барои решакан кардани шиканҷа, ҳамчунин масъалаи риояти ҳуқуқи ҳамҷинсгароён баррасӣ мешавад. Дар гузориши дигари Бунёди Ҳуқуқи Инсони Ҳелсинки дар бораи ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон омадааст, ки ҳуқуқи занону мардони ҳамҷинсгаро ва хуносоҳо “бераҳмона” поймол мешавад. Муносибат бо ин табақа бисёр бад ва манфӣ аст, ҳарчанд дар кишвар ҷазо барои ҳамҷинсгароиро соли 1998 аз байн бурданд.

Ба гуфтаи созмон решаҳои муносибати манфӣ ба ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон, “тарғиби зидди он дар замони Шӯравии собиқ, мазҳабишавӣ, таъсири Русия ва тамоюлҳои зиддиғарбӣ аст.”

Созмон мегӯяд, дар солҳои гузашта ниҳодҳои давлатӣ батакрор мегуфтанд, ки бояд ба ҳамҷинсгароӣ муқобила кард ва “феҳрасти ҳамҷинсгароён”-ро мисол овардааст, ки мақомоти интизомӣ таҳия ва ба он 367 духтар ва мардони ҳамҷинсгароро ворид кардаанд.

Намояндагони Кумитаи шиканҷаи Созмони Милал ба эҳтимоли ғолиб ин масъаларо ҳам бо мақомоти Тоҷикистон дар миён мегузоранд.

Посухи пешакии мақомоти Тоҷикистон

Аммо посухи мақомот зоҳиран маълум аст. Давлати Тоҷикистон ба ин суол пешакӣ ҷавоб дода ва гуфтааст, ки “дар Тоҷикистон миқёси бадбинии ҳамҷинсгароёну хуносоҳо бисёр маҳдуд аст. Дар ин муддат мақомоти интизомӣ ҳеҷ шикояте аз афроди ин табақа дар бораи маҳдуд намудани ҳуқуқи онҳо нагирифтааст. Айни замон Тоҷикистон бо назардошти қобили қабул набудан ва менталитети шарқии ҷомеа, издивоҷи ҳамҷинсгароён ё ба фарзандӣ хондани кӯдак аз тарафи онҳо, ҷалби ҳамҷинсгароён ба артишро иҷоза надодааст."

Аммо ба қавли Ленур Каримов, худи ин посух аломати табъизи давлатии ақаллиятҳои ҷинсӣ аст. "Барои истино кардани гурӯҳе аз (хидмат дар сафи артиш) бояд асосҳои мантиқӣ бошад. Масалан, ба нафаре, ки чашмонаш дуруст намебинанд, набояд гувоҳиномаи ронандагӣ дод, чунки дар роҳ хатар эҷод мекунад. Ҳамҷинсгароёнро бо кадом асос ба артиш ҷалб намекунанд. Дигар инки чӣ гуна маълум мекунанд, ки фарде ҳамҷинсгаро аст. Магар аз ӯ мустақим мепурсанд, ки ҳамҷинсгаро аст. Ва ҳатто агар чунин аст, пурсидани тамоюли ҷинсии худи инсон низ нақзи ҳуқуқ аст", - хулоса кард ӯ.

XS
SM
MD
LG