Бархе аз пизишкони тоҷик ҳамҷинсгароиро як навъ бемории рӯҳӣ донистанд, ки ба иддаои онҳо муолиҷаашон имконпазир ҳаст. Аммо пизишкон мегӯянд, ки табобат бояд ихтиёрӣ бошад, вагарна натиҷа нахоҳад дод.
Мақомоти интизомӣ соли 2017 феҳристи беш аз 300 узви ҷомеаи ҳамҷинсгароҳоро тартиб дода гуфтанд, ки ин афрод ба “гурӯҳи хатар” ё риск шомил ҳастанд.
Хуршед Қунғуротов, раиси Маркази бемориҳои руҳӣ дар Тоҷикистон, рӯзи 19-уми октябр гуфт, «ҳар касе хоҳиш дорад, аз рӯи имконият кумак мерасонем. Аввал суҳбат мекунем, ки аз куҷо ва чӣ тавр ин бемориаш шурӯъ шуд. Баъдан табобат мекунем. Мо муолиҷаро кафолат медиҳем.»
Бино ба маълумоти Бунёди глобалии мубориза бо СПИД, ки соли 2015 нашр шуд, дар Тоҷикистон наздик ба 30 ҳазор марду зани ҳамҷинсгаро ба сар мебаранд. Теъдоди бештари ҳамҷинсгароён кӯшиш мекунанд, ки худро ошкор нанамоянд ё аз кишвар берун раванд.
Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:
Яке аз ҳамҷинсгароёни тоҷик гуфт, мехоҳад, ба кишваре бикӯчад, ки дар онҷо бидуни тарсу ҳарос зиндагӣ намояд. Ӯ танҳо бо шарти ифшо нашудани ном ва нишон надодани чеҳра розӣ шуд, ки бо мо суҳбат кунад.
«Агар дар бораи мақомат ба онҳо бигӯӣ ва ошкор кунӣ, ки ҳамҷинсгаро ҳастӣ, дарҳол фикр мекунанд, пур аз гуноҳӣ. Тамасхур мекунанд, худашонро дур мегиранд. Волидон аз хона меронанд», - мегӯяд ин ҷавон.
Ин сокини пойтахт афзуд, кор ба ҷое расидааст, ки афроди ҳамҷинсгаро ҳатто аз муроҷиат кардан ба табибон метарсанд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки мақомашонро аз пизишкон пинҳон намоянд. Дар акси ҳол бо онҳо ҳамчун ба шахсони дувумдараҷа муносибат мекунанд.
Ҳамсуҳбати мо иддао кард, ки «табъиз дар муассисаҳои тиббӣ ва аз тарафи пизишкон хеле зиёд аст. Вақте ба назди табибони пӯст ваё бемориҳои аъзои таносул меравӣ, наметавонӣ рӯшод бигӯӣ, ки ҳамҷинсгаро ҳастӣ ва маро табобат кунед.»
Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон муносибат нисбат ба ҳамҷинсгароён ва наздикони онҳо манфӣ аст. Натиҷаи як назарпурсии ғайрирасмии кӯтоҳ дар маркази шаҳри Душанбе чунин буд:
- "Табиат инсонро ҷуфт офаридааст, яъне мард ва зан. Инро набояд тағийр дод"
- "Одамон гуногунанд. Ҳар кас ба интихоб ҳақ дорад. Барои ман фарқ надорад. Фикр намекунам, ки онҳоро бояд табобат кард"
- "Ин бемории равонист, бояд табобат намуд"
Омори дақиқи ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон маълум нест.
Мақомоти интизомӣ соли 2017 феҳристи беш аз 300 узви ҷомеаи ҳамҷинсгароҳоро тартиб дода гуфтанд, ки ин афрод ба “гурӯҳи хатар” ё риск шомил ҳастанд. Баъди онки ин феҳрист мавриди нигарониву маҳкумияти гурӯҳҳои ҳуқуқи башар қарор гирифт, мақомот гуфтанд, феҳристро бо ҳадафи таъмини амнияти онҳо тартиб додаанд.