Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) мегӯяд, вазъияти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар соли 2019 аз гузашта "бадтар шудааст". Ба навиштаи созмон, мақомоти Тоҷикистон дар ин сол мисли солҳои гузашта ба саркӯби густардаи мунтақидон, озору азият ва боздошту зиндонӣ кардани мухолифон, рӯзноманигорон ва ҳатто корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ идома додаанд.
Ин созмон дар гузориши нави худ, ки рӯзи 15-уми январ нашр шуд, мегӯяд, озодии баён ва озодии дин дар Тоҷикистон башиддат маҳдуд аст ва мақомоти тоҷик ба сензураи густардаи интернет ва маҳдудияти фаъолияти ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ даст мезананд. Мақомоти Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2019 дар нишасти Варшава ва дар посух ба чунин танқидҳо гуфта буданд, ки "нисбат ба иҷрои тааҳудоти байналмилалии худ дар бораи ҳуқуқи инсон масъулона амал мекунанд".
Гузориши тозаи Дидбони Ҳуқуқи Башар, ки ба вазъияти ҳуқуқи башар аз охирҳои соли 2018 ва то охири соли 2019 мепардозад, мавридҳои нақзи ҳуқуқи башарро дар беш аз 100 кишвар ба баррасӣ гирифтааст. Дар ин гузориш беш аз ҳама аз таҳдиди Чин ба системи ҷаҳонии дифоъ аз ҳуқуқи башар ибрози нигаронӣ шудааст.
Тоҷикистон: шиканҷа ва саркӯби мухолифон
Дидбони Ҳуқуқи Башар бо ишора ба ду мавриди ошӯб дар зиндонҳо дар шаҳрҳои Хуҷанду Ваҳдат ва саркӯби зиндониён, ки дастикам 50 кушта барҷо гузошт, мақомоти Тоҷикистонро ба даст доштан дар шиканҷаи густарда, истифодаи номутаносиб аз нерӯҳои амниятӣ ва қатлу куштори зиндониён муттаҳам кардааст. Мақомоти Тоҷикистон ҳарду ошӯбро кори дасти ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ва созмонҳои дигари ифротгаро дониста, онҳоро ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум карданд. ДОИШ низ масъулиятро пазируфт, вале наздикони муттаҳамон ба ташкили ошӯб аз ҳукми додгоҳ норизо монданд.
Ҳанӯз ба ин ду ҳодиса баҳои ниҳоии ҳуқуқии додгоҳӣ дода нашудааст ва ҳамчунин гурӯҳ ё созмонҳои мустақил имкони таҳқиқи бетараф ва мустақили ин ҳодисаҳоро надоранд.
Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) ҳамчунин аз кушта шудани 14 зиндонӣ дар асари заҳролудшавӣ аз нон ҳангоми интиқол аз шимол ба ҷануби Тоҷикистон ёдовар шуда, шеваи бархӯрди мақомоти тоҷикро бо зиндониён мояи нигаронии ҷиддӣ донистааст. Наздикони се маҳбуси фавтида моҳи июли соли 2019 гуфта буданд, ки бовар надоранд, фарзанд ва хешонашон аз заҳролудшавӣ ба ҳалокат расидаанд.
Дар шарҳи расмии мақомоти зиндонҳои Тоҷикистон дар бораи марги маҳбусон гуфта шуд, ки ин афрод дар роҳ аз зиндонҳои Хуҷанду Истаравшан ба Душанбе аз истеъмоли нон (хлеб)-и “заҳролудшуда” ба ҳалокат расиданд. Вале нагуфтанд, ки чӣ гуна нони заҳролуд ба дасти маҳбусон расидааст.
Аз гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар чунин бармеояд, ки давлати Тоҷикистон бавижа нисбат ба мухолифони зиндонияш бадрафторӣ ва шиканҷаро раво медорад. Ин созмон аз ҷумла дар бораи Маҳмадалии Ҳайит, муовини зиндонии раҳбари ҳизби дар кишвар мамнуъшудаи наҳзати исломӣ, менависад: "Вай ба ҳамсараш Савриннисо Ҷӯрабекова захмҳоеро дар пешонӣ ва шикамаш нишон дода ва гуфта, ки инҳо осори шиканҷа аст. Мақомоти зиндон ӯро барои маҳкум накардани ҳамҳизбиёнаш аз тариқи видео ҷазо додаанд. Ба гуфтаи Ҷӯрабекова, шавҳараш гуфта, ки мақомот дору ва хадамоти пизишкиро аз ӯ дареғ медоранд ва бими маргаш дар зиндон вуҷуд дорад."
Шариф Қурбонзода, намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон, моҳи сентябри соли 2019 дар Варшава ва дар суҳбат бо Радиои Озодӣ, иддаоҳо дар бораи бадрафторӣ бо Маҳмадалӣ Ҳаитро рад карда буд. Ӯ гуфт: "Вобаста ба он ки гӯё Маҳмадалии Ҳайит дар муассисаи ислоҳӣ шиканҷа шудааст, кормандони Прокуратураи генералӣ санҷиш гузарониданд. Маҳкумшудагоне, ки дар ин муассиса адои ҷазо менамоянд, истифодаи шиканҷа нисбат ба Маҳмадалӣ Ҳайитро қатъиян инкор карданд."
Дидбони Ҳуқуқи Башар менависад, ки давлати Тоҷикистон дасти дарозе дар озору азияти мухолифонаш дар кишварҳои хориҷӣ ҳам дорад. Ин созмон мавридҳоеро аз бошдоштҳо ва истирдоди мухолифони давлати Тоҷикистон ба кумаки нерӯҳои интизомии Русия баршумурда, аз ҷумла ба боздошту истирдоди Шарофиддин Гадоев, фаъоли сиёсии мухолиф дар аввали соли 2019 ишора кардааст.
Гадоев дар моҳи феврали 2019 дар Маскав боздошт шуд. Баъд телевизионҳои Тоҷикистон видеоеро аз бозгашти "довталабона"-и ӯ ба кишвар пахш карданд, вале баъд аз як моҳ таҳти фишори байналмилалӣ ӯ озод шуд ва ба Ҳолланд баргашт.
Тибқи гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар, давлати Тоҷикистон барои фишор ба мухолифону мунтақидоне, ки дар табъид ба сар мебаранд, аъзои хонаводаҳои онҳо дар дохили кишварро мавриди озору азият қарор медиҳад. Аз ҷумла, маъмурони интизомии Тоҷикистон падари Ҳумайрои Бахтиёр, рӯзноманигори табъидиро, таҳти фишор қарор додаанд, то духтарашро водор кунад, ки ба Тоҷикистон баргардад.
"Занон роҳи фирор аз хушунат надоранд"
Аз дигар масоили умдаи марбут ба нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон саркӯби озодии баён аст. Ба навиштаи созмон, тайи солҳои ахир беш аз 25 рӯзноманигори тоҷик водор шудаанд кишварро тарк кунанд.
Озодии эътиқоди динӣ аз масоили дигарест, ки ҳамвора дар гузоришҳои гурӯҳҳои мудофеи ҳуқуқи башар барҷаста мешавад. Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз мардум борҳо хостааст, ки аз пӯшидани ҳиҷоб ва гузоштани риш худдорӣ кунанд ва дар натиҷа маъмурони амниятӣ ва пулис дастикам 13 ҳазор нафарро водор кардаанд, ки ришҳои худро тарошанд. Мақомоти Тоҷикистон ҳамвора маҳдудиятҳои озодии диниро рад кардаанд.
Аз мушкилоти дигари ҳуқуқи башар, ки давлати Тоҷикистон ҳамвора ба он чашм мепӯшад, хушунати хонаводагӣ аст, ки омилони он маъмулан беҷазо мемонанд. Ин созмон мегӯяд қонуни зидди хушунати хонаводагӣ, ки дар соли 2013 тасвиб шуда буд, аслан иҷро намешавад.
Дар гузориш омадааст: "Хушунати хонагӣ ва таҷовуз аз сӯи ҳамсар аслан ҷурм муқаррар нашудааст. Пулис маъмулан аз сабти шикоятҳои марбут ба хушунати хонагӣ худдорӣ мекунад, ҳеч таҳқиқе дар мавриди ин шикоятҳо анҷом намешавад ва осебдидагон аз ҳеч гуна пуштибонӣ ва дифоъ бархурдор нестанд. Хадамоте барои қурбониёни хушунати хонагӣ, аз ҷумла паноҳгоҳҳои муваққат вуҷуд надорад ва занон ҳеч роҳи фироре аз хушунат надоранд."
Як намояндаи ҳайати расмии Тоҷикистон дар машварати солонаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Варшава моҳи сентябри соли гузашта дар ин бора гуфт, "тибқи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноии Тоҷикистон таҷовуз ба номус нисбат ба хешовандони наздик ҳолати вазнинкунанда дониста мешавад. Ва барои содир намудани ин ҷиноят ҷавобгарии бевосита пешбинӣ шудааст."
Нопадид шуданҳои иҷборӣ
Дидбони Ҳуқуқи Башар ба чанд мавриди боздиди намояндагони Созмони Милали Муттаҳид аз Тоҷикистон ишора кардааст. Аз ҷумла, дар моҳи июл гурӯҳи кории СММ дар умури нопадид шуданҳои иҷборӣ ба Тоҷикистон сафар карда ва аз бетаваҷҷуҳии мақомот ба гӯрҳои зиёди дастҷамъӣ, ки аз замони ҷанги дохилӣ боқӣ мондаанд, ибрози нигаронӣ кардааст.
Ин гурӯҳ аз давлати Тоҷикистон хостааст, ки тадобиреро барои "ифшои ҳақиқат, иҷрои адолат, пардохти ғаромат ва ҳифзи хотираи" афроде, ки дар ин гӯрҳо хуфтаанд, ба иҷро гузорад.
Дар гузориш омадааст: "Ин гурӯҳи корӣ ҳамчунин ба "мавориди тоза ва қаблии афрод ё мухолифони сиёсие, ки дар хориҷ мезистанд ва иҷборан ба Тоҷикистон баргардонда шудаанд, ишора кардааст. Дар мавориде, ин афрод баъд аз нопадид шудани кӯтоҳ аз боздоштгоҳҳои Тоҷикистон баровардаанд, вале дар мавридҳои андаки дигаре макони буду боши онҳо ҳанӯз ҳам маълум нест."
Гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар ба номаи гурӯҳи кории СММ дар бораи боздошти ғайриқонунии Бузургмеҳр Ёров, вакили зиндонии тоҷик, ҳам ишора кардааст. Ин созмон иттиҳомоти алайҳи Ёров ва Зайд Саидов, тоҷири зиндониро, бепоя хонда ва мақомоти тоҷик хоста буд, ки фавран ин афродро озод кунанд, вале давлати Тоҷикистон ҳанӯз ин дастурро иҷро накардааст.
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, тобистони соли 2019 дар ҷаласаи Кумитаи ҳуқуқи башари СММ гуфт, "ин афрод наметавонанд озод шаванд, чун ҷиноятҳои махсусан вазнин кардаанд ва дар доираи муҷозоти пешбиникардаи қонуни Тоҷикистон бояд ҷавоб гӯянд. На бар асоси қадом қонунҳои дигар".
Бар асоси қонуни афв, ки моҳи ноябри соли 2019 ба иҷро даромад, аз ҳукми Бузургмеҳр Ёров шаш сол кам карда шуд. Ёров моҳи сентябри соли 2017 бо ҷурми сохтакорӣ, тақаллуб ва таҳқири президент ба 28 соли зиндон маҳкум шуда буд. Ӯ ва тарафдоронаш ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.
Дар моҳи июли соли 2019 Кумитаи ҳуқуқи башари СММ мушоҳидаҳои худро дар бораи вазъияти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон нашр кард. Дар он санад аз мавридҳои густардаи нақзи ҳуқуқи башар, монанди боздоштҳо бо ангезаҳои сиёсӣ, шиканҷаи зиндониён, маҳдудият дар кори вакилони мудофеъ, фишор ба созмонҳои иҷтимоӣ, хушунати хонагӣ, гузоришҳои марбут ба шиносоӣ ва рӯйхати ҳамҷинсгароён тавассути пулис ва мавридҳои дигари нақзи ҳуқуқи башар дар ин кишвар интиқод шудааст.