Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон барои сайёҳони ҳамҷинсгаро "хатарнок" гуфта шуд


Сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.
Сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.

Як созмони байналмилалӣ Тоҷикистонро барои сайёҳони ҳамҷинсгаро "хатарнок" унвон кардааст. Созмони Spartacus.gayguide кишварҳои ҷаҳонро аз назари амният барои ҷаҳонгардони ҳамҷинсгаро азрёбӣ карда, гуфтааст, "Тоҷикистон барои чунин сайёҳон макони амне нест".

  • Ин созмон дар раддабандии хеш - Gay Travel Index кишварҳоро аз нигоҳи амният барои сайёҳони ҳамҷинсгаро баҳо додааст ва Тоҷикистон дар ин раддабандӣ мақоми 110-умро касб карда, як зина поинтар аз Сурия қарор гирифтааст. Ҳамагӣ дар ин раддабандӣ 179 кишвари дунё арзёбӣ шудаанд
Дар ҷомеаи мо натанҳо бӯсу канор ва оғӯш гирифтани ду мард ва ё ду зан имконпазир нест, балки назари атрофиён ба наздикиии писару духтар низ манфӣ аст.

Мураттибони ин раддабандӣ аз рӯи 14 нишондод, аз ҷумла вуҷуд доштани қонунҳои зидди ҳамҷинсгароӣ, таҳаммулнопазирии сокинони маҳаллӣ ва нуфузи дин дар ҷомеа, ба ҳар кишвар баҳо гузоштаанд. Дар ин раддабандӣ аз миёнаи кишварҳои Осиёи Миёна Узбекистон бо мақоми 159-ум ва Туркманистон бо ҷойи 174-ум аз Тоҷикистон дар мавқеи поинтар ҷо гирифтанд.

Қирғизистон дар ин раддабандӣ дар мавқеи 95-ум қарор дорад. Аз миёни кишварҳои пасошӯравии Осиёи Миёна Қазоқистон беш аз ҳама дар қиболи ҳамҷинсгароён таҳаммулпазир эътироф шудааст. Ин кишвар аз нигоҳи амният барои сайёҳони ҳамҷинсгаро дар байн қарор дорад ва бо ранги зард ишора шудааст.

Канада, Швейтсария ва Австрия кишварҳои амн барои сайёҳони ҳамҷинсгаро будаанд ва ин кишварҳо бо ранги сабз сабт шудаанд. Чеченистон, Эрон ва Арабистони Саудӣ бо ранги сурх ишора шудаанд, чун дар ин кишварҳо ба ҳамҷинсгароён ҳукми қатл ва ё эъдом таҳдид мекунад.

Сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.
Сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.

Ҳарчанд дар Тоҷикистон мувофиқи қонун ҳамҷинсгароӣ ҷурм эътироф нашудааст, "бинобар муносибати сахтгиронаи ҷомеа, таъқиби додгоҳӣ ва боло будани нуфузи дин", мурартибон исми кишварро бо ранги сурх ишора кардаанд. Ин ба он маъност, ки кишвар барои саёҳат ба ҳамҷинсгароён тавсия дода намешавад ва "хатарнок" эътироф шудааст.

Нашри ин раддабандӣ дар ҳолест, ки Тоҷикистон се соли минбаъдаро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кардааст ва талош дорад шумори бештари сайёҳонро ҷалб кунад. Масъулони Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон гуфтанд, назари худро дар робита ба ин масъала пас аз ошноии пурра бо раддабандӣ, баён хоҳанд дошт.

Як масъули бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, "бинобар сабаби муносибатҳои ахлоқӣ ва урфу одатҳои миллӣ чунин муносибатҳо қобили қабул нест."

"Метавонанд раванд, агар ҳувияташонро ошкор накунанд"

Блогери тоҷик "Саша Массква", ки барои бозхонии таронаҳои овозхонҳои зан дар Маскав мавриди таъқиби муҳоҷирони дигар қарор гирифтааст, мегӯяд, саёҳати ҳамҷинсгароён ба Тоҷикистон танҳо дар ҳолате метавонад бехатар бошад, ки онҳо ҳувияти худро ошкор накунанд.

Блогери тоҷик "Саша Массква".
Блогери тоҷик "Саша Массква".

"Дар ҷомеаи мо натанҳо бӯсу канор ва оғӯш гирифтани ду мард ва ё ду зан имконпазир нест, балки назари атрофиён ба наздикиии писару духтар низ манфӣ аст. Аз ин рӯ, дар Тоҷикистон ҳатто ошиқон ҳам кӯшиш мекунанд, дар маҳзари ом аз дасти якдигар нагиранд. Дар Тоҷикистон баҳр ва "пляж" нест, сайёҳон бештар барои дидани кӯҳсор меоянд."

Ин блогери тоҷик мегӯяд, ҳатто дар Маскав бинобар таъқиби муҳоҷирон дар нақлиёту метро айнак мегирад, то чеҳрааш ошкор нашавад.

Назари манфӣ ба ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон

Бо вуҷуди аз сӯи қонун таъқиб нашудани ҳамҷинсгароён дар ҷомеаи суннатӣ ва муҳофизакори Тоҷикистон, назари бештари сокинон ба ҳаминсгароён ва ақаллиятҳои ҷинсӣ манфӣ аст.

Ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон умдатан ҳувияти худро ошкор намекунанд. Чун дар сурати ошкор шудани ҳувияташон, эҳтимоли лату кӯб ва мавриди қазовати худсаронаи ҷомеа (самосуд) қарор гирифтанашон зиёд аст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ то ба ҳол чандин видео нашр шудааст, ки дар он дида мешавад ҷавононе, ки атрофиён онҳоро ба ҳамҷинсгароӣ ва "рафтори ғайри мардона" айбдор мекунанд, латту кӯб мешаванд. То ба ҳол танҳо аз як ҳолати қатли ҷавон бинобар ҳамҷинсгароиш дар Тоҷикистон расман гузориш шудааст.

Шарифҷони Зокир, як сокини шаҳри Бохтар дар моҳи августи соли 2016 як сокини деҳаи Элтии ноҳияи Кӯшониёнро (собиқ ноҳияи Бохтар) ба хотири ҳамҷинсгароиаш қатл карда буд. Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2017 ӯро ба хотири ин ва ҳамчунон узвият ба ДИИШ ва ташкили як таркиш дар шаҳри Бохтар, ба ҳукми абад маҳкум кард.

"Тоҷикистон наметавонад тавсияҳои СММ-ро қабул кунад"

Ахиран идораи Омбудсмен дар Тоҷикистон гуфт, тавсияҳои Шӯрои ҳуқуқи башари СММ-ро дар мавриди ба расмият шинохтани никоҳи ҳамҷинсгароён бинобар мулоҳизоти ахлоқӣ ва урфу одатҳои миллӣ наметавонад қабул кунад.

Дар ҳамин ҳол, дар солҳои охир созмонҳои байналмилалӣ аз шиканҷа ва таъқиб шудани баъзе ҳамҷинсгароҳо дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардаанд. Як кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид соли гузашта дар як гузориш ҳамҷинсгароёнро "қурбонии шиканҷа, бадрафторӣ ва шантаж" номид.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон соли 2017 феҳристи беш аз 367 узви ақаллиятҳои ҷинсиро тартиб дода ва гуфта буданд, ки ин афрод ба "гурӯҳи хатар" ё риск шомил ҳастанд.

XS
SM
MD
LG