Ин рӯзномаи амрикоӣ бо ишора ба сафари Айман Ас-Сафдӣ, вазири корҳои хориҷии Урдун ба Теҳрон мегӯяд, мақомҳои эронӣ дар ин мулоқот ба дипломатҳои араб гуфтаанд, "барояшон муҳим нест, ки ҷанг бишавад".
Ин таъкиди мақомҳои Ҷумҳурии исломӣ дар посух ба дархостҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ барои коҳиши вокуниши Эрон ба кушта шудани Исмоил Ҳания матраҳ шудааст. Мақомҳои эронӣ аз қатъӣ ва ҳатмӣ будани посух ба Исроил сухан мегӯянд.
Посухи радди Эрон ба паёмҳо
Wall Street Journal ба нақл аз манбаъҳои огоҳ дар ин моҷаро навиштааст, ки Амрико аз кишварҳои аврупоӣ ва муттаҳидони худ хостааст, то аз Теҳрон бихоҳанд танишҳоро афзоиш надиҳад.
Дар ин паём Вашингтон ба Теҳрон ҳушдор додааст, ки ҳар ҳамлае аз сӯи Эрон бо посухи мутақобил рӯбарӯ хоҳад шуд. Ҳамчунин Амрико таъкид кардааст, хештандории Теҳрон метавонад умедҳо барои беҳбуди робитаҳо бо Ғарбро, ки аз шиорҳои интихоботии Масъуди Пизишкиён буд, афзоиш диҳад.
Иёлоти Муттаҳида ба унвони бахше аз паёмҳои худ ҳамчунин ба Теҳрон гуфтааст, ки Исроилро низ барои коҳиши таниш таҳти фишор қарор додааст.
Субҳи 31-уми июл Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии гурӯҳи "Ҳамос", ки барои иштирок дар маросими савгандёдкунии Масъуд Пизишкиён, президенти нави Эрон ба Теҳрон сафар карда буд, дар маҳали иқоматаш кушта шуд.
Дар ҳоле, ки расонаҳои амрикоӣ ба нақл аз манбаъҳои худ аз ҷобаҷойии бамб дар маҳали иқомати Ҳания хабар медиҳанд, мақомҳои Ҷумҳурии исломӣ мегӯянд, бархӯрди як партобшуда ба бино, боиси кушта шудани ин мақоми баландпояи "Ҳамос" шудааст.
Ҳарчанд мақомҳои эронӣ аз ҳатмӣ будани посух ба кушта шудани Ҳания гуфтаанд, аммо ҳанӯз мушаххас нест замон ва сатҳи ин посух чигуна хоҳад буд.
Моҳи апрели соли ҷорӣ, Эрон дар посух ба ҳамлаи мушакӣ ба консулгарии худ дар Димишқ, ки ба кушта шудани чанд фармондеҳи баландпояи Сипоҳи Посдорон анҷомид, наздик ба 300 паҳбод ва мушакро равонаи Исроил кард. Аммо Исроил бо кӯмаки муттаҳидони худ, аз ҷумла, Амрико ва Бритониё, бештари ин мушакҳо ва паҳбодҳоро раҳгирӣ ва сарнагун кард.
Дар он замон Урдун ҳам ба Исроил барои хунсо кардани ин ҳамлаҳо кӯмак карда буд. Айман Ас-Сафдӣ, вазири корҳои хориҷии Урдун, ҳафтаи гузашта дар хусуси эҳтимоли густариши ҷанги минтақаӣ гуфта буд, ки Урдун иҷозат нахоҳад дод ин кишвар ба майдони ҷанг табдил шавад.
Исроил омодаи посухгӯӣ
Дар муқобил, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил рӯзи якшанбе гуфта буд, ки ин кишвар омодагӣ дорад, "ба ҳар таҷовузе посух диҳад".
Бенямин Нетаняҳу ҳамчунин дар бахши дигаре аз суханрониаш дар кобинаи ҳукумати Исроил гуфт, "мо дар ҳоли ҳозир дар як ҷанги чандҷониба бо Эрон ва нерӯҳои мавриди пуштибонии он ҳастем ва барои ҳар сенарияе, чӣ дифоӣ ва чӣ таҳоҷумӣ омодагӣ дорем. Ман хитоби душманонро такрор мекунам: Ба ҳар таҷовузе аз ҳар арсае посух медиҳем ва ҳар кас бихоҳад ба Исроил зарба бизанад, баҳои бисёр сангине пардохт хоҳад кард".
Эрон ва "Ҳамос" Исроилро масъули кушта шудани Ҳания донистаанд, аммо Телавив тибқи сиёсати маъмули худ, дар ин робита изҳори назар накардааст.
Wall Street Journal ҳамчунин ба нақл аз афроде, ки бо ин моҷаро ошно ҳастанд, хабар додааст, ки чандин мақоми амниятӣ дар Эрон то кунун дар пайванд ба террори Ҳания бозҷӯӣ шудаанд.
Дар ҳамлаи моҳи апрели Эрон ба Исроил, мақомҳои Ҷумҳурии исломӣ соатҳо пеш аз анҷоми амалиёт бо фиристодани паёмҳое ба таври ғайримустақим, Исроил ва муттаҳидони ин кишварро аз анҷоми амалиёт огоҳ карда буд ва дар натиҷа бештари партобҳо пеш аз расидан ба Исроил сарнагун шуданд. Аммо ин бор Эрон аз ироаи ҳушдорҳои дақиқ, ки ба коҳиши таъсири ҳар гуна ҳамла кӯмак мекунад, худдорӣ кардааст.