Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исмоил Ҳания, раҳбари сиёсии "Ҳамос" дар Теҳрон кушта шуд


Исмоил Ҳания
Исмоил Ҳания

Исмоил Ҳания, раиси Дафтари сиёсии гурӯҳи фаластинии "Ҳамос", ки Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ медонанд, дар Теҳрон кушта шудааст.

Сипоҳи посдорони Эрон субҳи 31 июл дар хабарномае гуфт, ки маҳалли истиқомати Исмоил Ҳания дар Теҳрон мавриди ҳамла қарор гирифт ва дар пайи ин ҳодиса, ӯ ва як нафар аз муҳофизонаш кушта шуданд.

Ин хабарнома маълумоти бештаре дар бораи ин ҳодиса намедиҳад ва танҳо мегӯяд, ки дар бораи сабабҳо ва паҳлуҳои ҳодиса маълумот ироа хоҳад кард.

Исмоил Ҳания як рӯз қабл аз ин ҳодиса дар остонаи маросими савгандёдкунии Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон, бо ӯ ва Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломӣ, дар Теҳрон дидор карда буд.

"Ҳамос" низ дар хабарномае бо ишора ба ҳузури Исмоил Ҳания дар маросими савгандёдкунии Масъуд Пизишкиён гуфтааст, ки Исроил ӯро ҳадаф қарор додааст.

ИРНА -- хабаргузории расмии Ҷумҳурии исломии Эрон навишт, "Исмоил Ҳания пас аз ширкат дар маросими савгандёдкунии президенти нави Эрон бар асари юриши хоинона ба маҳалли сукунаташ дар Теҳрон кушта шуд".

Ҳамин расона дар гузориши дигаре ба нақл аз хабаргузории "Само"-и фаластинӣ изҳороти Мусо Абумарзуқ, узви дафтари сиёсии "Ҳамос"-ро бозтоб додааст, ки таъкид карда, террори Исмоил Ҳания бепосух нахоҳад монд. "Террори фармондеҳ Исмоил Ҳания амале буздилона аст ва бепосух нахоҳад монд",-афзудааст Мусо Абумарзуқ.

Ҳукумати Исроил ҳанӯз дар бораи ин ҳодиса ибрози назар накардааст, аммо Теҳрон дар гузашта ин кишварро ба террори чандин донишманди атомии Эрон муттаҳам кардааст.

Ба навиштаи CNN, артиши Исроил аз ибрози назар дар мавриди кушта шудани раиси Дафтари сиёсии гурӯҳи "Ҳамос" дар Теҳрон худдорӣ кардааст. Ин шабака ба нақл аз сухангӯи артиши Исроил гуфтааст, ки ба гузоришҳои расонаҳои хориҷӣ вокуниш нишон намедиҳанд.

Пас аз ҳамлаи рӯзи ҳафтуми октябри соли гузаштаи "Ҳамос" ба Исроил, Телавив гуфта буд, ки ин гурӯҳро аз байн мебарад. Дар даҳ моҳи ҷанг чандин шахсияти баландпояи "Ҳамос" зоҳиран аз тарафи Исроил кушта шуданд, аз ҷумла Солеҳ Ал-Орурӣ, муовини раҳбари сиёсии ин гурӯҳ ва Марвон Исо, яке аз фармондеҳони шохаи низомии он.

Чанд узви хонаводаи Исмоил Ҳания, аз ҷумла, се писар ва чаҳор наберааш ҳам дар ҳамлаи ҳавоии Исроил дар моҳи апрел дар Ғазза кушта шуданд.

Исмоил Ҳания, ки соли 2017 ба унвони раиси Дафтари сиёсии "Ҳамос" интихоб шуд, байни Туркия ва Қатар дар рафтуомад буд ва дур будани ӯ аз муҳосираи Ғазза имкони онро фароҳам меовард, ки битавонад дар музокироти оташбас ё гуфтугӯҳо бо ҳукумати Эрон ширкат кунад.

XS
SM
MD
LG