Сафари ӯ дар авҷи танишҳо байни Ҷумҳурии Исломӣ ва Исроил сурат мегирад.
Сафадӣ дар ду рӯзи гузашта бо иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Эрон ду дафъа телефонӣ таҳаввулотро дар Ховари Миёна баррасӣ кардааст.
Вазъ дар минтақа пас аз кушта шудани Исмоил Ҳания, раҳбари дафтари сиёсии "Ҳамос" (Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ медонанд) рӯзи 31-уми июл дар Теҳрон бад шуд.
Ин сафари нахустини вазири корҳои хориҷии Урдун аз соли 2015 ба Эрон аст.