Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 20 нафар дар Эрон дар доираи таҳқиқи қатли Ҳания


Исмоил Ҳания раҳбари сиёсии Ҳамос буд
Исмоил Ҳания раҳбари сиёсии Ҳамос буд

Дар Эрон дар чаҳорчӯби таҳқиқи парвандаи қатли Исмоил Ҳания, раҳбари сиёсии гурӯҳи Ҳамос, ки дар ИМА ва Иттиҳоди Аврупо террористӣ шинохта шудааст, 20 касро боздошт карданд.

Дар ин бора рӯзи 3 август нашрияи амрикоии The New York Times бо такя ба ду манбаи огоҳ аз тафтишот хабар додааст.

Дар миёни афроди боздоштшуда – афсарони аршади иктишофӣ ва мақомдорони низомӣ мебошанд, ки барои таъмини бехатарии шаҳри Теҳрон ва ҳам қароргоҳе, ки дар он Ҳания зиста буд, масъулият доштанд.

Муфаттишон ҳамаи дастгоҳҳои фаннии онҳоро мусодира кардаанд. Илова ба ин, тамоми дурбинҳои фурудгоҳҳои Теҳронро мавриди омӯзиш қарор додаанд, чун бовар меравад, ки қотилони раҳбари Ҳамос ҳанӯз дар қаламрави Эрон мебошанд.

Нашрия бо такя ба мақомдорон дар Ховари Миёна ва Эрон менависад, ки Ҳания рӯзи 30 июл аз таркиши бомба кушта шуд ва ин бомба ҳанӯз ду моҳ пеш аз баргузории маросими савгандёдкунии президент дар манзил гузошта шуда буд.

Аз ин пеш Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ин иддаоҳоро рад карда гуфт, ки Ҳания дар натиҷаи таркиши мушаки исроилӣ ба ҳалокат расид. Исроил, ки қаблан ваъда дода буд, ки раҳбарон ва иқтидори низомии Ҳамосро нобуд мекунад, масъулияти куштори Ҳанияро ба дӯш нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG