Чанде аз ширкатҳо аз боздошта шудани парвози ҳавопаймоҳои худ ба Лубнон ва Исроил хабар доданд. Ширкати ҳавопаймоии Туркия баъзе аз парвозҳояшро ба Эрон ба таъхир гузоштааст.
Танишҳо дар минтақа дар моҳи октябри соли 2023, пас аз оғози ҷанги Исроил бо нерӯҳои "Ҳамос" (Амрико ва Иттиҳоди Аврупо террористӣ медонанд) дар Ғазза, шиддат гирифт ва ҳафтае пеш ба авҷи худ расид.
Рӯзи 30-юми июл Фуод Шукр, фармондеҳи баландпояи "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон, ки Амрико созмони террористӣ меномад, дар Бейрут ва 31-уми июл Исмоил Ҳания, раҳбари дафтари сиёсии “Ҳамос” дар Эрон кушта шуданд.
Исроил масъулияти куштани Фуод Шукрро ба дӯш гирифт, аммо дар мавриди қатли Исмоил Ҳания чизе нагуфт. Эрон ва "Ҳизбуллоҳ" гуфтаанд, ки аз Исроил интиқом мегиранд.
Дар ҳамин ҳол, талошҳои дипломатӣ барои одӣ кардани вазъ дар Ховари Миёна идома дорад. Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи сеюми август ибрози умед кард, ки Эрон аз иҷрои таҳдидҳои худ алайҳи Исроил сарфи назар мекунад.
Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, ки рӯзи шанбе бо мақомоти баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла Арабистони Саудӣ гуфтугӯ карда буд, бо ҳамтоёни худ дар Бритониё ва Фаронса низ дар мавриди пешгирӣ аз ташдиди таниш ва даст ёфтан ба созиши оташбас дар Ғазза гап задааст.
Иҷрокунандаи вазифаи вазири умури хориҷии Эрон эълом дошт, ки шоми шанбе ҳамтоёнаш аз Мисру Урдун ба ӯ занг зада, “дар бораи раванди таҳаввулоти минтақа” табодули назар кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, ин дуввумин гуфтугӯи телефонии вазирон дар 48 соати охир буд.
Торнамои “Axios” хабар дод, ки фармондеҳи Фармондеҳии марказии Амрико дар рӯзҳои наздик ба Урдун ва чанд кишвари минтақа сафар хоҳад кард. Пентагон ё Вазорати мудофиаи Амрико аз баъзе тағйирот дар ҳайати низомияш дар минтақа хабар дод ва эълом дошт, ки теъдоде аз киштиҳо ҷобаҷо шуда, ҷангандаҳои бештаре ба онҳо изофа хоҳанд шуд.
Ба навиштаи рӯзномаи "Вашингтон Пост", киштии ҳавопаймобари "Теодор Рузвелт" аз обҳои Эрон дур шуда, ба Исроил наздиктар шудааст.