Амрико барои пешгӯии заминларзаҳо ба Тоҷикистон дастгоҳҳои муосир ваъда кардааст, ки эҳтимол то моҳи марти соли ҷорӣ дастрас шаванд. Ин ваъда дар ҳолест, ки 26-уми октябр дар Тоҷикистон заминларзаи харобиовар бо қувваи беш аз 5 ба вуқӯъ пайваст ва аз он замон то кунун ҳамарӯза бо дараҷаҳои гуногун дар кишвар замин меларзад.
Собит Неъматуллоев, раҳбари Хадамоти геофизикии назди Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, ин заминларзаҳо дар пайи тағйирот дар қишрҳои зеризаминии минтақа ба вуҷуд меояд. Ӯ мегӯяд, пас аз ҳар 10-12 сол чунин тағийрот дар қишрҳои зеризамин пайдо мешавад, ки боизи ларзидани замин мегардад.
Аммо Неъматуллоев мегӯяд, агар дасгоҳҳои муосирро дастрас кунанд, он гоҳ имкони пешгӯии заминларзаро пайдо мекунанд: “Замони Шӯравӣ Душанбе маркази пешгӯии заминҷунбӣ дар тамоми ин иттиҳод буд. Даҳ рӯз пеш мо аз ба вуқӯъ пайвастани заминҷунбӣ огоҳӣ пайдо мекардем, ду рӯз пеш дар куҷо шуданашро мефаҳмидем, аммо дар гуфтани қуввааш бо ҷадвали Рихтер хато мекардем. Боварӣ ҳаст, ки ҳамкориро сар кунем, пешгӯии заминларза барои мо осонтар мешавад.”
Ҳоло Хадамоти геофизикии назди Академияи илмҳои Тоҷикистон бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз аст, ки ҷунбидани замин дар тамоми сайёраро сабт мекунанд. Масъулонаш мегӯянд, ин Хадамот таркидани бомбаи ҳидрогенӣ дар Кореяи шимолиро фавран сабт кардааст. Собит Неъматуллоев мегӯяд: “Мо пас аз 9 дақиқаву 48 сония таркидани бомба дар Кореяи Шимолиро аниқ кардем. Дар пайи кафидани бомба замин ба дигар тариқ меҷунбад, ки аз заминҷунбии маъмулӣ фарқ дорад.”
Зӯҳро Нилабекова, мутахассиси Хадамоти геофизикии Тоҷикистон бо дастгоҳи хос маълумот аз макони заминҷунбиро ташхис мекунад. Замоне мо вориди утоқи кории ӯ шудем, маълумоти заминҷунбии шаби 14-уми январ дар Бадахшонро ташхис мекард.
Ӯ дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт: “Барои дақиқ намудани замони сар задани зилзила барои мо аз даҳ то 15 дақиқа вақт лозим аст. Баъдан, метавонем, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаро огоҳ кунем. Ин коре аст, ки мо дар мавриди аввал анҷом медиҳем ва баъдан ба дигар мақомоти дахлдор занг мезанем. Бубинед, ин харитаи маҳаллӣ зилзила аст, ки аз кули Сарез 70 километр дуртар ҷойгир аст. Шаби гузашта дар ҳудуди Бадахшон, дар Хоруғ заминларза сабт кардем, ки қувваш ба 3-4 бал аз рӯи ҷадвали рихтер мерасид. Ин соати 2 ю 37 ба вақти маҳаллӣ буд. Ин сабти коркарди мо аз ин заминҷунбӣ аст. Ин иттилоъ аз 6 дастгоҳ аз маҳалли заминларза расидааст.”
Видеогузориш аз Маркази зилзиланигориро инҷо бубинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар ҳоле ки бархе аз сокинон аз заминларзаҳои пайиҳам дар кишвар нигаронӣ доранд, масъулони Академияи илмҳои Тоҷикистон чунин заминларзаҳоро хатарбор намедонанд.
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, рӯзи 14 январ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки ин заминҷунбиҳо бо нерӯи камтар рух медиҳанд ва сокинон набояд ба воҳима афтанд. Ӯ гуфт, ин заминларзаҳо ҳеҷ осебе ба Сарез нарасонидаанд ва тамоми сару садоҳо дар мавриди ин кул бепоя ҳаст: "Сарез то кунун ҳеч осеб надидааст ва бо чунин нерӯе, ки замин дар Тоҷикистон меҷунбад, аслан зиён нахоҳад дид."
Ин изҳороти президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон дар ҳолест, ки танҳо дар ду рӯзи 13 ва 14 январ - Тоҷикистон бори дигар бар асари заминларзаҳо такон хӯрда ва бархе аз сокинони биноҳои баландошёнаи пойтахт мегӯянд, ки баъзан шабҳоро бо тарсу ваҳм ба поён мебаранд.
Заминларзаи шаби 13 январ бо нерӯи 4,4 дараҷаи ҷадвали Рихтер дар атрофи шаҳри Душанбе рух дода, тибқи иттилои Маркази зилзиласанҷии Аврупо, маркази ин заминларза дар 62-километрии шимолуғарби пойтахт ва 46-километрии ноҳияи Айнӣ будааст.
Шаби гузашта низ як заминларзаи 5-дараҷаӣ шарқи Тоҷикистонро такон додааст. Маркази зилзиласанҷии Амрико мегӯяд, ки маркази заминларза дар 196-километрии Хоруғ будааст.
Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шудааст ва ҳар сол дар ин кишвар даҳҳо заминларзаи шиддаташон мухталиф сабт мешавад. Охирин заминларзаи шадид, ки Тоҷикистону Афғонистон ва Покистонро такон дод, шаби 25 ба 26 декабри соли гузашта рух дода буд. Он офати табиӣ, ки шиддаташ 6,2 бал баровард шуд, дар Тоҷикистон хисороте дар пай надошт, вале бино ба гузоришҳо, дар Бадахшони Афғонистон садҳо хонаро тахриб кард.
Аммо дар пайи заминларзаи шадиди рӯзи 7-уми декабр, ки низ Тоҷикистону кишварҳои ҳамсояаашро такон дод, садҳо манзил дар Бадахшони Тоҷикистон, бештар аз ҳама дар водии Бартанг тахриб шуд.
Дар маҷмӯъ, ба ҳисоби мақомоти маҳаллӣ, дар рустоҳои Ғудара, Нисур, Рухч, Дерхуд, Баррӯшон, Деррӯшон, Вамд ва маркази ноҳияи Рӯшон беш аз 200 манзил пурра ва 832 хонаи дигар қисман хароб шудаанд.