Дар ҳоле ки бархе аз сокинон аз заминларзаҳои пайиҳам дар кишвар нигаронӣ доранд, масъулони Академияи илмҳои Тоҷикистон чунин заминларзаҳоро хатарбор надонистанд. Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, 14 январ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки ин заминҷунбиҳо бо нерӯи камтар рух медиҳанд ва сокинон набояд ба воҳима афтанд.
Ӯ заминларзаи моҳҳои охирро ба "пайдо шудани ҳаракати қишрҳои зеризаминӣ дар минтақа" рабт дод ва дар идомаи суҳбаташ ба асари заминларзаҳо ба кӯли Сарез ҳам дахл кард. Фарҳод Раҳимов гуфт: "Сарез то кунун ҳеч осеб надидааст ва бо чунин нерӯе, ки замин дар Тоҷикистон меҷунбад, аслан зиён нахоҳад дид."
Ин изҳороти президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон дар ҳолест, ки танҳо дар ду рӯзи гузашта - 13 ва 14 январ - Тоҷикистон бар асари заминларзаҳо такон хӯрда ва бархе аз сокинони биноҳои баландошёнаи пойтахт мегӯянд, ки баъзан шабҳоро бо тарсу ваҳм ба поён мебаранд.
Заминларзаи шаби 13 январ бо нерӯи 4,4 дараҷаи Рихтер дар атрофи шаҳри Душанбе рух дода, тибқи иттилои Маркази зилзиласанҷии Аврупо, маркази ин заминларза дар 62-километрии шимолуғарби пойтахт ва 46-километрии ноҳияи Айнӣ будааст. Шаби гузашта низ як заминларзаи 5-дараҷаӣ шарқи Тоҷикистонро такон додааст. Маркази зилзиласанҷии Амрико мегӯяд, ки маркази заминларза дар 196-километрии Хоруғ будааст.
Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шудааст ва ҳар сол дар ин кишвар даҳҳо заминларзаи шиддаташон мухталиф сабт мешавад. Охирин заминларзаи шадид, ки Тоҷикистону Афғонистон ва Покистонро такон дод, шаби 25 ба 26 декабри соли гузашта рух дода буд. Он офати табиӣ, ки шиддаташ 6,2 бал баровард шуд, дар Тоҷикистон хисороте дар пай надошт, вале бино ба гузоришҳо, дар Бадахшони Афғонистон садҳо хонаро тахриб кард.
Аммо дар пайи заминларзаи шадиди рӯзи 7-уми декабр, ки низ Тоҷикистону кишварҳои ҳамсояаашро такон дод, садҳо манзил дар Бадахшони Тоҷикистон, бештар аз ҳама дар водии Бартанг тахриб шуд.
Дар маҷмӯъ, ба ҳисоби мақомоти маҳаллӣ, дар рустоҳои Ғудара, Нисур, Рухч, Дерхуд, Баррӯшон, Деррӯшон, Вамд ва маркази ноҳияи Рӯшон беш аз 200 манзил пурра ва 832 хонаи дигар қисман хароб шудаанд.
Видео аз бойгонӣ: Хисороти заминларза дар Душанбе ва...