Духтари 17-сола бо фирор ба хонаи ошиқаш иҷозаи никоҳ гирифт

Акс аз бойгонӣ

Бо истифода аз истисно дар қонун додгоҳҳои Тоҷикистон дар нимаи аввали соли равон ба ҳудуди 370 ҷавондухтари то 17-сола, яъне ҳанӯз “ноболиғ”, иҷоза додаанд, ки шавҳар кунанд.

Дар Тоҷикистон издивоҷ аз 18-солагӣ мумкин аст ва агар касоне, ки мехоҳанд, духтару писарашонро зудтар аз ин оиладор кунанд ва барои ин баҳонаи “хуб” доранд, бояд иҷозаи расмии додгоҳро ба даст оранд. Вагарна, онҳоро муҷозот интизор аст.

Меҳрангез аз ҷумлаи духтаронест, ки чаҳор моҳ пеш бо иҷозаи Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар 17-солагияш ақди никоҳ баст. Агар дар бештари мавридҳо додгоҳ ба духтарони ятим ё нимятим чунин иҷозаро додааст, ки дар 17-солагӣ издивоҷ кунанд, ба Меҳрангез барои он иҷоза дода шуд, ки дар ҳамин син “ҷасорат” карда ва гурехта ба хонаи волидони дӯстписараш (ҳоло шавҳараш) рафтааст. Шавҳари ин духтар аз худаш панҷ сол бузургтар аст ва ӯ мегӯяд, аз замони дар синфи 9-ум хондани Меҳрангез онҳоро якдигарро дӯст медоштанд.

Муҳаббати Меҳрангезу дӯстдоштааш ҳарчанд боиси зудтар оила барпо кардани онҳо шуд, ӯро аз идомаи таҳсил дар мактаби миёна маҳрум кард. Ба нақли ҳамсӯҳбати мо, вақте волидони Меҳрангез огоҳ шудаанд, ки духтарашон аз дарсҳо гурехта, назди дӯстписараш меравад, барояш иҷозаи идомаи таҳсилро надоданд.

Волидони Меҳрангез дар Душанбе зиндагӣ мекунанд ва хонаводаи шавҳараш дар ноҳияи Восеъ. Падари Меҳрангез фарди низомист ва рутбаи подполковникӣ дораду модараш тоҷир аст. Шавҳари Меҳрангез донишгоҳро имсол хатм кард ва хонаводаи онҳо миёнаҳол аст.

Ба ин далел, волидони Меҳрангез намехостаанд, ки духтарашон арӯси ин оила шавад. “Додарам маро бо дӯстдоштаам дида, ба падарам хабар кашид. Падарам қасам хӯрд, ки маро ба ӯ намедиҳад ва маро бо писари рафиқаш хонадор мекунад. Барои ҳамин, ману дӯстдоштаам гурехта, ба Восеъ рафтем. Баъд аз ду рӯзаш падарам омад ва дигар илоҷи “не” гуфтанро наёфт,” – нақл кард Меҳрангез.

Ба қавли ҳамсӯҳбати мо, ҳарчанд падараш мехост, домоди ояндаашро ба додгоҳ кашад, хешу таборашон монеи ин кор шудаанд: “Вақте маро дубора ба хона оварданд, падарам гуфт, ки дӯстписарамро ба додгоҳ мекашад. Гӯиё маро дуздидааст. Аммо бибиям гуфт, ки ин кори ношуданист ва беҳтар аст аз додгоҳ иҷозат гирифта, ақди никоҳ бандем. Ҳоло зиндагиям хуб аст. Ҳарчанд дар кори хона азоб мекашам, лекин хушдоманам ёрӣ мекунад.”

Гулрухсор Шамсиддинова, модари Меҳрангез, нахост, ин қазияро зиёд шарҳ диҳад. Ӯ танҳо гуфт, аз хушбахт будани духтараш хушҳол аст. Аммо зиёд мехост, ки духтараш ба ин зудӣ шавҳар намекарду таҳсилашро ба поён мерасонд.

Ба фарқ аз Меҳрангез як сокини ноҳияи Рӯдакӣ -- Ҳусния Саидова дар ҳабдаҳсолагияш бидуни иҷозаи додгоҳ ба шавҳар баромада, ҳоло дар пайи тараддуди сабти ақди никоҳаш дар идораи сабти аҳволи шаҳрвандист. Ҳуснияро тағояш ба шавҳар додааст. Зеро модари ӯ ҳафт сол пеш вафот карда, падару ду бародараш чаҳор сол инҷониб дар Русияанд.

Ӯ мегӯяд, як сол пеш, ҳангоми тӯйи арӯсияш барои ақди никоҳ ба идораи сабти аҳволи шаҳрвандӣ ариза доданд, вале масъулони идора гуфтаанд, ки бидуни қарори додгоҳ никоҳи онҳоро сабт намекунанд. Ҳусния мегӯяд, барои гирифтани қарори додгоҳ камаш ду ҳафта зарур буд ва онҳо чунин имконро надоштанд. “Баъд, маҷбур шудем, ки бе ЗАГС оиладор шавем. Ҳоло дубора барои сабт кардан ариза додаем. Хусурам моро маҷбур кард, ки то таваллуди фарзандам бояд никоҳамонро сабт кунем. Набошад, фарзандам наметавонад, насаби падарашро гирад,” – афзуд ӯ.

Тавре мақомот мегӯянд, онҳое, ки дар синни 17-солагӣ оила бунёд кардаанд, ҳамагӣ духтар буда, миёнашон ягон ҷавонмард сабт нашудааст. Ҷӯрахон Ғозиев, сухангӯи Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Тоҷикистон, рӯзи 6 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси қарори додгоҳ мардҳо низ метавонанд дар 17-солагӣ оила бунёд кунанд.

Ғозиев афзуд, “духтарони 17-сола, ки падар ё модар надоранд, дар асоси қарори додгоҳ никоҳ карда мешаванд. Ё духтароне, ки падару модар доранду бо дӯстписарашон муносибати наздик карда, мушкиле пеш меояд. Дар ин маврид қонун бар пояи қарори суд иҷозаи ақди никоҳро медиҳад. Синну соли никоҳ аз ҷониби суд як сол кам карда мешавад. Албатта, агар духтар синнаш ба 17 расида бошад. Аммо агар 16 бошад, имкони кам кардани синни никоҳ аз байн меравад. Зеро духтари 16-сола ҳанӯз ноболиғ ҳисоб меёбад ва никоҳи ӯ ҷиноят аст.”

Бар пояи омори расмӣ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бештар аз 33 ҳазор ақди никоҳ баста шуда, ҳудуди 370 ҳолат ба ҷавондухтарони синни 17 рабт мегирад. 89 мавриди дигар бо шаҳрвандони хориҷӣ.