Бо дастури Идораи сабти ҳолати шаҳрвандии шаҳри Кӯлоб қабл аз издивоҷ 43 ҷуфти ҷавон аз ташхиси тиббӣ гузаштааст, ки дар натиҷа як ҷуфт пайвандии хешу таборӣ доштааст. Масъулони Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ё худ ЗАГС дар Кӯлоб мегӯянд, ба ин ҷуфт фаҳмонида шуд, ки оқибати никоҳи хешутаборӣ хуб нест ва бинобар ин аз тасмими худ даст кашанд.
Ҳамчунин, ин Идора 42 ҷуфт навхонадоронро барои гузаштан аз ташхиси тиббӣ қабл аз издивоҷ раҳнамоӣ кардааст. Ин кор дар ҳоле роҳандозӣ шудааст, ки соли 2015 дар паёми раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон “Соли оилаи солим» эълон шуда, аз никоҳҳои хешутаборӣ нигаронӣ сурат гирифта буд.
Ҳарчанд, дар мавриди аз ташхис гузаштан ё нагузаштани издивоҷкунандагон қонуне амал накунад, вале кормандони сабти ҳолати шаҳрвандӣ ё ЗАГС-и шаҳри Кӯлоб мутобиқи моддаи 15-и кодекси оила амал карда, сар аз 2 март издивоҷкунандагонро ба ташхиси тиббӣ дастур дода, дар ҳолати солим будан, онҳоро никоҳ мебанданд.
Ҷамила Рӯзиева, як масъули САҲШ-и шаҳри Кӯлоб рӯзи чоршанбеи 8 апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки муддати як моҳи ахир ташхиси тиббии 43 ҷуфти ҷавон, ки қасди издивоҷро доштанд, сурат гирифт ва дар натиҷа ба як ҷуфт иҷозаи издивоҷ дода нашуд. Ба гуфтаи хонум Розиқова, ин ҷуфти ҷавон пайвандии хешу таборӣ доштанд ва хунашон ба ҳам мувофиқ будааст ва ба ин далел ба онҳо иҷозаи издивоҷ дода нашуд.
Хонуми Рузиева афзуд: «Мутобиқи моддаи 15 кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як издивоҷкунанда барои бастани ақди никоҳ ҳуқуқ дорад аз ташхис гузарад. Бо ҳамин тартиб, мо аз 2 март дархост омода кардем, ки ҳар як ҷавони издивоҷкунанда ҳатман аз ташхис мегузарад ва хулосаи тиббиро оварда нишон дода, дар асоси ариза мо ақди никоҳи онҳоро ба расмият медарорем.»
Ташхиси тиббии қабл аз издивоҷ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳолест, ки иддае аз сокинон ба ин иқдоми идораи ЗАГС ва дигар ниҳодҳои марбута мухолифат нишон дода ва онро муғойир ба қонун хонданд. Аммо табибон мегӯянд, издивоҷҳои хешутаборӣ, пеш аз ҳама аз назари хатари таваллуди фарзанди ноқис хатар дорад.
Марворид Носирова, раиси комиссияи муоинаи тиббии шахсони издивоҷкунанда дар шаҳри Кӯлоб ба Озодӣ гуфт, ин иқдом ҳарчанд дар амал ройгон гуфта пешбинӣ шудааст, аммо дар баъзе ташхисгоҳҳо маблағ меситонанд ва аз ин рӯ ҷавонон ба ташхис намераванд. Ба гуфтаи хонум Носирова, сарпечии дигари ҷавонон дар он аст, ки аксари онҳо қалинг ва маблағи хонадоршавиро супурдаанд ва дигар роҳи бозгашт надоранд. Ӯ мегӯяд, агар ҷавонон пеш аз хостгорӣ ва супурдани пул омада ташхис кунанд ва баъд барои издивоҷ омодагӣ бинанд, шояд сарпечӣ миёни онҳо коҳиш ёбад..
«Рости ин ташхисро ройгон гуфтаанд, вале дар супурдани хун аз онҳо пул талаб карда мешавад. Аз ин ҳолат баъзеҳо сарпечӣ мекунанд. Бештар сарпечии ҷавон дар аз он аст, ки барои тӯйи онҳо як ҳафта ё ду се рӯз мондааст, ки вориди бемористон шуда, талаби ташхис мекунанд. Ин кори як рӯза нест, зеро ҳастанд нафароне, ки хунашон мутобиқат намекунад, ҳастанрд издивоҷкунандагоне, ки бо ҳамдигар хешутаборӣ доранд. Дар ин миён чанд нафари дигар низ буд, ки омада дархостро дар назди мо монда, дигар барнагаштанд»,-гуфт мусоҳиби мо.
Ҳоло ин тадобирро баъзе аз шоҳписарон қабул доранд ва хостори он низ ҳастанд, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ ҳолати солимии ҳам худ ва арӯсшавандаашро бисанҷанд. Аминҷон Ёқубов, яке аз ҷавонон дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, ин кор барои ӯ писанд омад. Ӯ мегӯяд, агар ин корро мефаҳмид, пеш аз супурдани пул ё қалинг, аз ташхис мегузашт. Аммо Ҷамшед, яке аз издивоҷкунандагони дигар мухолифи ин гуна ташхис аст. Ӯ мегӯяд, вақте ба идораи ЗАГС-и Кӯлоб рафтааст, ӯро гуфтаанд, то аз ташхис нагузарад, ақди никоҳашро намебанданд.
Ӯ гуфт: «Онҳо ҳақ надоранд. Вақте ҳамон қоғазро ба ман доданд, хондам, ки маҷбурӣ нест, вале онҳо гуфтанд, ки рав, аз ташхис гузар. Ман гуфтам, намегузарам, зеро солим будам. Дар ҷавоб гуфтанд, то аз ташхис нагузарӣ, мо туро никоҳӣ давлатӣ намекунем. Хулоса, бо як даъво аз ташхис нагузаштам ва фаҳмондам, ки шумо дар дастурамалатон маҷбурӣ нест гуфта, навиштаед, вале онҳо мегӯянд, ки ин ҳатмӣ аст.»
Қонундонҳо бар ин назаранд, ки ҳар шахс дар бастани никоҳ озод аст. Раҷаб Раҳмоналӣ, як ҳуқуқдони маҳаллӣ мегӯяд, дар сурате, ки барои аз ташхис гузаштан иҷборан сурат гирад, ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ поймол мешавад. Аммо масъулини сабти ҳолати шаҳрванди бар инанд, ки ин ба фоидаи издивоҷкунанда сурат мегирад. Онҳо мегӯяднд, то онҳоро тарс надиҳанд, ҳеҷ гоҳ ҷавонон ташхисро ба дӯш намегиранд.
Ҳоло ба ин тартиб, масъулони ЗАГС-и шаҳри Кӯлоб мегӯянд, минбаъд низ ташхиси қабл аз издивоҷ миёни ҷавононе, ки мехоҳанд оила бунёд кунанд, сурат мегирад ва "умед аст, ки сокинон ва худи ҷавонон ин амрро дуруст дарк хоҳанд кард."
Баҳси манъи никоҳи хешу таборӣ ва ҳатто таҳияи тарҳи қонун дар ин замина ду сол қабл аз ҷониби Саодат Амиршоева, вакили вақти парлумони Тоҷикистон ба миён омада буд. Ин кор дар Кӯлоб замоне роҳандозӣ шуд, ки бар пояи пажӯҳиши чанд соли пеш дар вилояти Суғд, то 80 дарсади кӯдакони маъюб дар хонаводаҳое ба дунё меоянд, ки издивоҷи хешутаборӣ доранд. Ва 15 дарсади хурдсолоне, ки аз бемориҳои мухталиф ҷон медиҳанд, низ аз никоҳҳои хешутаборӣ зода мешаванд. Бештари мавориди никоҳи хешутаборӣ, бино бар ин таҳқиқот, дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ, Исфара ва Истаравшан ба мушоҳида расидааст.