Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон тарҳи “Тартиби гузарондани муоинаҳои тиббӣ пеш аз издивоҷ”-ро таҳия карда ва барои муҳокима ба дигар вазоратҳои дахлдор фиристодааст. Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ рӯзи 22 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин санад, ки баъдан бояд барои тасвиб ба ҳукумат ирсол шавад, дар баробари ташхиси ирсият (генетикӣ) зарурати ҳатмӣ гардондани ташхиси тарафҳои издивоҷкунанда – ҳам арӯс ва ҳам домод – аз бемориҳои ҷинсӣ, ба мисли реаксияи Вассерман (сифилис ё оташак), вируси ВИЧ – ангезандаи бемории СПИД (вируси норасоии масунияти бадан), гепатити В ва флюрография (ташхиси рентгенӣ) пешниҳод шудааст: “Мо барои анҷоми ин ташхисҳо шароит дорем. Танҳо масъалаи ташхиси ирсият, аз ҷумла гирифторӣ ба бемориҳои рӯҳӣ буд, ки он ҳам ҳал шуд ва мо то поёни сол соҳиби як Маркази муосири ташхиси генетикӣ мешавем. Ин ҳама муоинаҳои маъмулиест, ки бояд анҷом шаванд ва ҳарду тараф қабл аз издивоҷ бидонанд.”
Аммо оқои Ҷаъфаров гуфт, бар хилофи хабарҳои нашршуда, касе гирифторони вируси ВИЧ ва СПИД-ро дар Тоҷикистон аз ҳаққи издивоҷ маҳрум намекунад: “Онҳо ҳам шаҳрвандони комилҳуқуқи кишвар ҳастанд. Онҳо ҳам ҳаққи издивоҷ доранд ва бархе аз ин ҳаққи худ истифода ҳам кардаанд. Мо аллакай ҳатто 400 -500 кӯдаке дорем, ки аз падару модари гирифтори вируси норасоии масунияти бадан ба дунё омадаанд. Мо набояд ин мардумро аз ҷомеа хат бизанем. Вале аз тарафи дигар, набояд гирифтори ВИЧ бидуни огоҳии ҷониби дигар имкони издивоҷ пайдо кунад. Бояд ҳарду тараф қабл аз никоҳ дар бораи якдигар, аз ҷумла дар бораи вазъи саломатии ҳамдигар маълумоти комил дошта бошанд.”
Қонунгузории кунунии Тоҷикистон ба афроди гирифтори вируси ВИЧ ҳақ медиҳад, ки ин бемории худро махфӣ нигоҳ бидоранд. Табибон низ ҳаққи ифшои маълумот дар бораи чунин беморонро надоранд, зеро дар қонунгузорӣ барои ин муҷозоти ҷиноӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла банди дуюми моддаи 145-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (ошкор намудани сирри тиббӣ) барои фош кардани маълумот дар бораи афроди гирифтор ба ВИЧ то 2 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад.
Наврӯз Ҷаъфаров мегӯяд, “Тартиби гузарондани муоинаҳои тиббӣ пеш аз издивоҷ” низ сирри ташхисро нигоҳ медорад, вале “ин дигар ба худи тарафҳои издивоҷкунанда вобаста аст, ки бо натиҷаҳои ташхис чӣ хоҳанд кард. Агар, барои мисол, тарафи домод аз худашу саломатиаш дилпур бошад, аз натиҷаҳои ташхисаш тарафи арӯсро ихтиёран огоҳ мекунад. Аммо сирри маълумот аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ ҳифз мешавад.”
Масъалаи ҳатмӣ гардондани муоинаи тиббии арӯсу домод қабл аз никоҳ чанд сол боз дар ҷомиаи Тоҷикистон баҳс мешуд. Дар моҳи январи соли равон ин мавзӯъ ҳатто ба матни паёми солонаи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон роҳ ёфт, ки таваллуди беш аз 18 000 кӯдаки маъюб аз волидони носолим, бахусус аз никоҳҳои хешутабориро таҳдид ба “ояндаи генофонди миллат” номид ва аз пешниҳоди ҳатмӣ шудани муоинаи қабл аз никоҳи арӯсу домод пуштибонӣ кард.
Аммо дар ҳоли ҳозир, дар моддаи 15-уми Кодекси оилаи Тоҷикистон чанд намунаи ташхисҳои тиббии пеш аз издивоҷ зикр шудааст. Аввал аз ҳама, ин ташхис бояд “ройгон( бепул) ва танҳо бо ризоияти шахсони издивоҷкунанда анҷом дода шавад.” Тибқи банди дуюми ин модда, “натиҷаҳои муоина сирри тиббӣ буда, ба шахси дигари издивоҷкунанда танҳо бо ризоияти шахси муоинашуда маълум гардонида шуданаш мумкин аст.” Аммо банди сеюм мегӯяд, “агар яке аз издивоҷкунандагон аз дигаре ба бемории венерикӣ ва ё "вируси норасоии масунияти одам ва бемории муҳассали норасоии масуният" мубтало будани худро пинҳон дорад, шахси дигар (охирин) метавонад ба суд муроҷиат карда, беэътибор донистани никоҳро талаб намояд.”
Ин дар ҳолест ки беморони гирифтори ВИЧ/СПИД дар Тоҷикистон аз он шикоят мекунанд, ки дар як ҳоли наздик ба “раддимаърака” ба сар мебаранд. Бархеи онҳо аз табибон ҳам шиква мекунанд, ки бо фаҳмидани натиҷаи ташхис аз чунин беморон ҳадалимкон ҳазар мекунанд ва ҳатто аз идомаи табобаташон даст мекашанд.
Аммо гилаи гирифторони ВИЧ бештар аз наздикони худи онҳост, ки низ бо шунидани ин хабар аз чунин беморон фосила мегиранд. Дар моҳи гузашта ҷомиаро хабари ба сари падарарӯси гирифтори вируси ВИЧ-аш корд кашидани домоде дар вилояти Хатлон такон дод. Ин домод, вақте падарарӯсаш аз Русия бо вируси ВИЧ бармегардад, зану кӯдаконашро аз рафтан ба дидорбинии ӯ манъ мекунад, ки боиси ҷанҷоли лафзии байни домоду падарарӯс шуд ва дар ниҳоят ба кордкашӣ миёни онҳо кашонд. Ин домод, ки ҳамаро аз ҳар навъ муошират бо хусураш манъ мекард, ҳатто намедонист, ки ВИЧ/СПИД аз тариқи дидору саломуалейк ваё бо нафас ба касе сироят намекунад.