...Собир, як тоҷики муқими шаҳри Маскав иқрор мекунанд, ки ӯ ҳашт сол пеш издивоҷи қалбакӣ карда буд ва то аз ин рӯ то ҳол боре ҳам бо кормандони полис мушкил надошт. “Мо дар як хона дар Маскав сабти ном шуда будем ва аз рӯи қонун бояд ҳар се моҳ ҳамроҳ бо соҳиби хона рафта, сабти номро давом медодем. Аслан худи соҳиби хона, ки зани кӯҳансол буд ва фақат як духтари мариз дошт, аз ман хост, ки бо духтараш издивоҷи қалбакӣ (фиктивный брак) кунам, зеро аз як сӯ, ҳарос дошт, ки шавҳари собиқи духтараш манзили зистро аз дасти онҳо кашида мегирад ва аз сӯи дигар мегуфт, ки тоби ҳар дафъа бо пойҳои дардманд барои тасдиқи сабти ном рафтанро надорад”.
Собир мегӯяд, ҷавонони тоҷики зиёдеро мешиносад, ки ба хотири гирифтани шиносномаи Русия издивоҷи қалбакӣ кардаанд. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, чанд сол пеш дар Русия қонуне ҷорӣ карданд, ки бар пояи он хориҷиён фақт баъд аз се соли ақди никоҳ бо шаҳрванди Русия метавонанд шаҳрвандиро дарёфт кунанд.
Каримҷон Ёров, раиси яке аз ҷамъиятҳои тоҷикон дар Русия, дар шарҳи гуфтаҳои муҳоҷири тоҷик афзуд, "барои афроде, ки муҳри ЗАГС дар шиноснома доранд, гирифтани иҷозаи иқомати муваққат бидуни квота аст, яъне онҳо ҳангоми кору зиндагӣ мушкиле нахоҳанд дошт. Шаш моҳ баъд аз гирифтани иҷозаи иқомати муваққат ин шаҳрвандони хориҷӣ метавонад ҳуҷҷатҳои худро барои дарёфти ҳаққи иқомати доимӣ ё “вид на жительство” супоранд ва бо гузашти ним соли дигар хостори дарёфти шаҳрвандии Русия шаванд. Таври маъмул, аризаи ин афрод тайи як моҳ қонеъ гардонида мешавад. Аксари онҳое, ки шиносномаи русӣ мегиранд, билофосила издивоҷи қалбакии худро бекор мекунанд, мегӯяд мусоҳиби мо.
“ҲАМСАРИ АЗИЗИ ...83-СОЛАИ МАН!”
Собир ҳам мегӯяд, ҳоло мақомоти Русия ҳам серталаб шудаанд ва аз хориҷие, ки хостори гирифтани иҷозаи иқомати муваққат мешаванд, бо санади ЗАГС қаноат намекунанд ва талаб мекунанд то ҳамроҳ бо ҳамсари русаш биёяд.“Ман як бачаи тоҷикро мешиносам, ки бо кампири 83-сола издивоҷ кардаанд... Онҳое, ки бо занони 50-у 60-сола, яъне аз худашон ду ё се баробар калонсолтар “фиктивный брак” кардаанд, хело зиёданд”.
Ба гуфтаи Собир, баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо вуҷуди никоҳи тақаллубӣ ин кампирҳоро нигоҳубин мекунанд ва баъд аз маргашон хонаву дарашонро соҳибӣ ҳам мекунанд.
Мусоҳиби мо меафзояд, ки на фақат мардҳо, балки занҳои тоҷик ҳам аз издивоҷи тақаллубӣ парҳез намекунанд. “Як зани тоҷикро медонам, ки аллакай бо шаш мӯйсафеди рус издивоҷ карда ва ҳоло соҳиби шаш хона дар вилояти Маскав аст...Ӯ бо хадамоти муҳоҷират ва ЗАГС-и ҳамон шаҳр забон як кардааст ва “ҳаққ”-и онҳоро медиҳад... Ба қарибӣ ба ман ду духтари тоҷик муроҷиат карданд, ки барои ҷои корашон ба муҳри ЗАГС зарурат доштанд. Онҳоро назди ҳамон зани тоҷик роҳӣ кардам. Ӯ аз онҳо барои мӯҳри ЗАГС 35 ҳазор рублӣ ва барои “прописка” 15 ҳазорӣ гирифту онҳоро никоҳи қалбакӣ кард. Акнун худатон ҳисоб кунед, барои як патент дар Маскав ва вилояти Маскав ҳар сол бояд 80-90 ҳазор рубл супорӣ, барои “фиктивный брак» чанд баробар камтар пул сарф мешавад”.
НИКОҲ ТАҚАЛЛУБИСТ? ДОМОД БА ЗИНДОН!
Сергей Петкевич, вакили Маҷлиси қонунгузори вилояти Калуга ва яке аз муаллифони тарҳи муҷозот барои издивоҷи тақаллубӣ ҳам мегӯяд, ки “фиктивный брак» аз сӯи шаҳрвандони хориҷӣ асосан ба хотири дарёфти иҷозаи иқомати муваққат сурат мегирад. Тайи се соли ахир, ба гуфтаи ӯ, фақат дар вилояти Калуга бо талаби додситонӣ ақди никоҳи 32 муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон, Украина, Озарбойҷон ва Арманистон лағв карда шудааст, зеро ақиди никоҳ, аз як сӯ на ба хотири ташкили оила ва аз сӯи дигар бо пардохти маблағ баста шудааст. Ин мушкил, аз нигоҳи Сергей Петкевич, дар дигар манотиқи Русия ҳам мавҷуд аст – интернет моломол аз эълонҳоест аз қабили “Бо хонуми маҳаллӣ бидуни ишқу муҳаббат хонадор шавам” ва “Ба хориҷии серпул мӯҳри ЗАГС-ро дар шиносномааш “тӯҳфа” мекунам”.
Наталя Агафонова, узви Маҷлиси қонунгузори вилояти Калуга ва дигар аз муаллифони тарҳи қонун ва иловаи банди “Дарёфти ғайриқонунии иҷозаи иҷомати муваққат ва шаҳрвандии Русия” ба Кодекси ҷиноии кишвар Русия, ҳам дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳадаф – ҷилавгирӣ аз як падидаи номатлуб дар ҷомеъаи Русия аст. “Барои ман ҳамчун вакил ва пеш аз ҳама чун зан никоҳҳоҳи қалбакӣ хушоянд нестанд. Ман бо ин падида муросо кардан ё розӣ шудан бо он намехоҳам. Издивоҷи қалбакӣ ба хотири дарёфти манфиати молӣ аз ҳарду тараф аст. Ҳарчанд ба ин кор одамон аз ночорӣ даст мезананд, он барои ҷомеъаи иҷтимоӣ ва ҳуқуқбунёд бегона аст”. Мусоҳиби мо меафзояд, ки ин мавзӯъ хело ҷиддӣ аст ва Думаи давлатӣ ҳам бояд дар робита ба он бояд тасмимиҷиддӣ бигирад.
Муаллифони тарҳ пешниҳод кардаанд, ки барои издивоҷи тақаллубӣ аз 10 то 300 ҳазор рубл ҷарима, ё корҳои иҷборӣ барои се сол ё маҳрумият аз озодӣ барои се сол муқаррар шавад.
Ба навиштаи расонаҳои русӣ, қабл аз шурӯи баррасии тарҳи қонун дар палатаи поёнии парлумон Додгоҳи Олии кишвар ба он бархӯрди манфӣ кард. Айни ҳол дар палатаи поёнии парлумон чанд пешниҳоду тавсияи хилофи якдигар, яъне пешниҳоди рад кардани тарҳ ва тавсияи қабули кардани он мавҷуд аст. Оксана Дмитриева, вакили Думаи давлатӣ, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар дар бораи ин тарҳ иттилои пурра надорад ва аммо аз он изҳори ҳайрат кард, ки “чӣ гуна ва киҳо метавонанд тақаллубӣ будан ё набудани издивоҷро муқаррар кунанд?”.
Ҳалима Хушқадамова, таҳлилгари тоҷики муқими шаҳри Маскав ҳам мегӯяд, ки муқаррар намудани издивоҷи тақаллубӣ дар Русия кори осон нест, зеро бар пояи Кодекси оилаи Русия, ҳамзистии зану шавҳар - шарти ҳатмии никоҳ нест. Мақомоти Русия ҳаққи назорат аз болои рӯзгордорӣ ва рафтору кирдори зану шавҳарро надоранд, онҳоро, чун дар бархе аз кишварҳо, ба сӯҳбатҳои вижаи алоҳида даъват намекунанд. Аз сӯи дигар, ҳарду тарафи "муомила" ба ҳеҷ ваҷҳ қалбакӣ будани "иттифоқ"-и худро ошкор намекунанд.
Мусоҳибони мо мегӯяд, ки дигар кишварҳо солҳо боз бо қаллобӣ ҳангоми издивоҷ мубориза мебаранд. Дар Олмон барои никоҳи тақаллубӣ ба хотири дарёфти ҳаққи иқомат ва имтиёзҳои иҷтимоӣ се соли маҳбас ва ҷаримаи бузург муқаррар шудааст. Афроде, ки дар ИМА ба ин кор даст мезананд, метавонанд ба панҷ соли зиндон ва пардохти 250 ҳазор доллар маҳкум шаванд. Зимнан, дар Амрико ин ҷазо ҳам барои шаҳрвандони кишвар ва ҳам барои хориҷиҳо муқаррар шудааст. Аммо дар тарҳе, ки баррасияш дар Думаи давлатӣ ҷараён дорад, ба гуфтаи муаллифон, фақат шаҳрвандони хориҷӣ ё афроди бидуни шаҳрвандӣ, ки мехоҳанд аз роҳи тақаллуб соҳиби шиносномаи Русия шаванд, мавриди муҷозот қарор мегиранд.
"ЗАН МЕГИРӢ, ХОНА БИХАР!"
Вакили дифоъ Виктория Пашкова дар сӯҳбат бо нашрияи “Российская газета” бо такя ба иттилои Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия гуфтааст, ки “80 дар сади аризаҳои хориҷиҳо барои дарёфти иҷозаи иқомати муваққат дар кишвар бар пояи мақоми оилавии онҳо ироа мешавад ва мутахассисон мегӯянд, ки ҳадди аққал 15 дар сади ин “мақоми оилавӣ” тақаллубист. Аммо ҷомеъашиносони рус мутмаинанд, ки ҳар як издивоҷи панҷум дар кишвар тақаллубист”.
Дар фарқ бо Русия бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ барои никоҳи хориҷиён бо сокинони маҳаллӣ монеъаҳо гузоштаанд. Бар пояи тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Тоҷикистон, хориҷиҳое, ки бо духтар ё ҷавони тоҷик оила барпо карданианд, бояд ҳадди аққал як сол дар кишвар ба сар баранд. Имзои “қарордоди никоҳ” барои навхонадорон ҳатмист. Ҳамчунин шаҳрванди хориҷӣ барои зан ё шавҳари тоҷики худ бояд ҳатман манзил бихарад. Дар Туркманистон хориҷиҳое, ки бо духтари туркман хонадор шудан мехоҳанд, бояд ба ҳисоби махсус 40 ҳазор доллар гузаронанд. Гурӯҳҳои миллатгаро дар Қирғизистон ҳам барои он пойфишорӣ доранд, ки ҳукумат расман никоҳ бо афроди хориҷиро маҳдуд кунад. Аммо бархе аз сиёсатмадорон, аз ҷумла, раиси ҳизби "Ота-Макон" Омурбек Текебоев пешниҳод кардааст, дарёфти шаҳрвандии Қирғизистон барои хориҷиёне, ки бо ҷавонону духтарони қирғиз оила барпо кардаанд, осонтар шавад.
Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи хабаргузориҳо, моҳҳои ахир таваҷҷуҳи духтарони украинӣ ба “никоҳи тақаллубӣ” ба карат боло рафтааст. Мардҳои Молдавия, Руминия ва ҳатто Украина омодаанд, ки ба ивази ду-се ҳазор доллар бо занҳо аз Украина “издивоҷ” кунанд. Никоҳи тақаллубӣ, ба гуфтаи онҳо, ба бонувони украинӣ имкон медиҳад, ки ҳаққи иқомат ва кори хуб пайдо кунанд. Инна Полупан, раҳбари як оҷонси издивоҷ дар шаҳри Харков гуфтааст, ки духтарон омодааанд, ки кишварро тарк кунанд, зеро ё аз ҷанг ҳарос доранд ё кори хубе наметавонанд пайдо кунанд”. Дар шабакаи “ВКонтакте” ҳатто гурӯҳи вижае бо номи “Никоҳи тақаллубӣ” пайдо шудааст, ки дар он шаҳрвандони кишварҳои аврупоии наздик ба Украина хело фаъоланд. Мардон аз Лаҳистону Словакия ба духтарони украинӣ ба ивази 5 ҳазор евро, сокинони Литва, Латвия ва Эстония 7-8 ҳазор евро, кишварҳои Аврупои Ғарбӣ аз 15 то 20 ҳазор евро никоҳи қалбакиро пешниҳод мекунанд. Аммо мутахассисони украинӣ ба духтарони маҳаллӣ тавсия медиҳанд, ки ба хотири ба доми қаллобон наафтодан ҳадди аққал қавонини шаҳрвандии он кишварҳоро биомӯзанд...